Диски ‘Mirror Without Reflection’-и Носир Саидов ба фурӯш баромад
Филми “Оинаи беҷило” (Mirror Without Reflection)-и Носир Саидов, коргардони маъруфи тоҷик ва раҳбари “Тоҷикфилм” дар нуқтаҳои дискфурӯшии кишвар ба фурӯш баромад.
Фурӯши филми “Оинаи беҷило” аз сӯи Шуъбаи литсензиядиҳии корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиккино” ба роҳ монда шуда, нархи он аз 3,5 то 4 сомонӣ муайян шудааст. Дар ҳоле ки нархи як диски филм дар нуқтаҳои фитафурӯшии Тоҷикистон аз 2,5 то 3 сомонӣ арзиш дорад.
Филми "Оинаи беҷило" соли гузашта аз сӯи Носир Саидов сабт гардид, ки нақши асосии онро ҳунарманд Муҳаммадалӣ Маҳмадов бозидааст. Дар ин филм, инчунин, Моҳпайкар Ёрова, Аловиддин Абдуллоев ва Мастура Ортиқова нақш офаридаанд.
"Оинаи беҷило" баъд аз “Қиёми рӯз” филми дувуми Носир Саидов мебошад, ки дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ иштирок ва баҳои баланд гирифтаанд. Ин филми Саидов дар ҷашнвораи 32-юми “Фаҷр” дар Эрон ва дар ҷашнвораи Куриёи Ҷанубӣ низ ишитрок карда, баҳои баланд ва соҳиби ҷоиза шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |