Бахшҳо
07 авг 2014 12:53Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Эрони ташналаб мехоҳад аз Тоҷикистон об бубарад

Хушксолиҳои охир таваҷҷуҳи Эронро дубора ба манобеи обии Тоҷикистон ҷалб кардааст.

Муҳаммадризо Муҳсинии Сонӣ, раиси маҷмаи намояндагони Хуросони Разавии Эрон гуфтааст, онҳо тарҳеро дар мавриди интиқоли об аз Тоҷикистон ба ин минтақаи кишварашро баррасӣ доранд. Ӯ дар суҳбат бо хабаргузории “Форс” изҳор доштааст, “хушксолиҳои ахир дар минтақаи Хуросон сабаби ба шиддат аз байн рафтани манобеи обӣ шуда, ҳоло барои таъмини сокинон бо об тарҳе ироа шудааст, ки бар асоси он метавонем, аз манобеи бойи обии Тоҷикистон баҳра барем.”

Ба гуфтаи оқои Сонӣ, ҳоло баррасии лоиҳаи интиқоли оби Тоҷикистон то ба Эрон анҷом шуда ва пудратчиёни моҳир низ ҷалб шудаанд: "Дар ҳоли ҳозир дар марҳалаи танзими қарордод бо пудратчиён ҳастем, то онҳо бар асоси мутолеоти анҷомшуда битавонанд аз ҳар роҳе, ки камхарҷ ҳаст, ин лоиҳаро иҷро кунанд ва обро аз Тоҷикистон ба минтақаи Хуросони Разавӣ ва шарқи кишвар расонанд."

Раиси маҷмаи намояндагони Хуросони Разавӣ бо таъкид бар ин ки манобеи оби Эрон дар вазъияти буҳронӣ қарор гирифтааст, гуфт: "Хушк шудани дарёчаҳо монанди Ҳомун ва Урумия занги хатари муҳиме барои ин кишвар аст".

Ин ҳарфҳои раиси маҷмаи намояндагони Хуросони Разавӣ дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, манобеи оби Эрон дар вазъияти бӯҳронӣ қарор дораду агар ҳамаи обҳои зерсатҳӣ ва қобили баҳрабардории ин кишварро ҷамъоварӣ кунанд, мушкил бартараф нахоҳад шуд. Ӯ мегӯяд, Эронро бо ин мушкил баҳрабардории нодурусти манобеи обӣ дар чандсоли охир рӯбарӯ кардааст.
Мӯҳр
Мусаффо
Нуши чон шавад. Бахра баред аз чашмахои меросию ачдоди. Аммо, асрхост, ки курнамакони мугултабор аз саргахи Хуросони Бузург об менушанд, вале хотираро пос намедоранд.

порсо
хукумати точикистон хатман ба бародарони ИРОНИ кумак кунад ва обхойи мусаффойи точикистонро бехтараш ба хамзабононамон ироа биквунад дар урфият гуфтаанд дуст он бошад ки гирад дастидуст да парешонхоливу дарм ондаги.

saud
пеш аз лулакаши хамин узбака як ду се то бомба зан мархамат омада бигир оба газ ай хотир наравад барои мо

Точ..
Хамсояи сунни (э, хуб), бех аз хеши шиа (э, бахшиш хеши дур).
Хамаи фитнахои сари мардуми точикистон аз соли навадум омада сабаби асосиаш хамзабонон будаанд. Инхо об намебаранд, мазхабу дини инсона мебаранд ва харобазорро мегузоранд. Масъулини амнияти ва мушовирину мухаккикон ин масъаларо нагузоред об барин гузарад. Ояндаи ин миллатро андеша кунед. Масъулияти шумо дар пеши таърих вазнин аст.

Таслимшуда
Манфиатхои ва арзишхои милли мо Точикон, бояд аз хама чараёнхо ва мазхабхои сохтакоронае, ки дини Исломро таксим ва байни умматхо тафрикандози мекунад, болотар истад.

илтимос хамон оби накби истиклола гирифта баран хамин иронихо факат боэхтиеткорона ки тамоми Точикистон затоп нашавад

Хукумат чем ба иронихо об додан ба мардуми дехоташ обро таъмин кунад дар 70% дехоти Точикистон мардум аз оби нушоки танкиси мекашанд...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)