Бахшҳо

Изҳороти Нурии хурдӣ: "Иншоаллоҳ, Роғунро месозем!"

Бо вуҷуди он ки Рустам Абдуллоев, академики узбакистонӣ, рӯзи 7 август бо пахши баёнияе даъвати бомбаборони нерӯгоҳи Роғун аз сӯи ӯро рад кард, ҳанӯз мавҷи вокунишҳо нисбат ба ин пешниҳод ва шахсияташ кам нагардидааст. Муҳаммадҷони Нурӣ, фарзанди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, бунёдгузори Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, низ гуфтааст, Маҷлиси Намояндагонро зарур аст, ин мавзӯъро ҷиддӣ гирифта, академики узбакро “персона нон грата” эълон кунад.

Нурии хурдӣ аз вокунишҳои расонаҳо, чеҳраҳои шинохта ва ҷомеаи мадании Тоҷикистон дар баробари пешниҳоди бомбаборони Роғун истиқбол кард. “Ҳарфҳое, ки аз номи академики узбак гуфта шуданд, нишон дод, ки мардуми Тоҷикистон муттаҳиданд. Ҳар сухан ё амале, ки истиқлолият, мустақилияти марзӣ ва манофеи миллии моро ба хатар мувоҷеҳ мекунад, сабаби иттиҳоди мо мегардад”,-афзуд ӯ.

Ҷаноби Нурӣ дар идома гуфт, ин ҳарфҳо бояд моро ба бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳарчи бештар ҷалб намояд: “Ҳадафи мо бунёди ин нерӯгоҳ аст ва, иншоаллоҳ, онро хоҳем сохт”.

Пешниҳоди Муҳаммадҷони Нурӣ дар ҳолест, ки ахиран Рустам Абдуллоев тааллуқ доштани матлаби “Сетразия.ру” дар мавриди бомбаборон кардани нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-и Тоҷикистон ба қалами ӯро рад карда, онро иғвои гуруҳҳои манфиатдор хонд. Ӯ бо нашри баёнияи кӯтоҳе гуфтааст, “ҳаргиз пешниҳоди бомбаборон кардани Роғунро накардаам ва намекунам. Намедонам, ин кори дасти кӣ аст, аммо медонам, мехоҳанд иғво ангезанд. Ман ягон вақт зидди мардуми Тоҷикистон ва манфиатҳои он чизе нагуфтаам”.
Мӯҳр
Сино
Мухочир
Офарин ба Шумо Мухамадчони Нури кошке мисли шумо дар ЧТ як 1000 нафар мебуд Рогуни мо 2 сол пештар обод мешуд

Муаллим
Рустам Абдуллоев, саҳар қатӣ ин суханҳоро гуфтагӣ, вале баъди пешин ҳушаш ба сараш омада инкор кардааст!

shahid
khudo rahmat kunad padari buzurgvoratro.

Ахсанд! суханхои бехтарин! сирф химоякунандаи манфиатхои милли ва якдигарфахмии ахли чомеа. Маълумаст ки суханхояш аз тахти дил буда, аз чавони ояндадор ва чонфидои ватан буданаш дарак медихад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)