Бахшҳо

99 дарсад гуфтаанд, ки хабарҳоро аз ТВ мегиранд

Маркази тадқиқотии “Зеркало” бо баргузории як нишаст аз натиҷаи назарсанҷии дусолааш дар бораи расонаҳои электронӣ дар Тоҷикистон хабар дод.

Қаҳрамон Бақозода, раҳбари ин марказ, мегӯяд, назарсанҷии онҳо миёни 2 ҳазору 500 нафар дар манотиқи гуногуни кишвар гузаронда шуда, аз ду марҳила иборат будааст. “Марҳилаи аввал аз 15 сентябр то 25 октябри соли 2012 ва марҳилаи дуюм аз 10 июн то 15 июли соли 2013-ро дарбар мегирад”,-афзуд ӯ.

Номбурда қайд кард, дар пайи ин назарсанҷӣ маълум гардидааст, дар Тоҷикистон 99%-и аҳолӣ аз телевизионҳо ҳамчун манбаи хабарӣ истифода мекардаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар баробари телевизион 26% пурсидашудагон гуфтаанд, аз радио ва танҳо 10% аз тариқи интернет хабардор мешудаанд.

Назарсанҷии мазкур нишон додааст, мардҳо 3 баробар зиёдтар нисбат ба занҳо аз интернет истифода мебурдаанд. Яъне, 15% мардҳо ва 5% занҳо посух додаанд, ки барои гирифтани ахбор рӯ ба интренет меоранд.

Дар шумораи умумии пурсидашудагон 61% посух додаанд, ки аз интернети хона ва 54% гуфтаанд аз телефонҳояшон истифода мебаранд. Бештар занҳо аз интернети хона ва мардҳо аз интернет-кафе, аз ҷои кор ва аз телефонҳояшон истифода мебурдаанд.

Ин пурсиш нишон додааст, ки 79,6% ба хотири истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ, 73,3% барои саргармӣ, 69,1% барои дӯст пайдо кардан, 66% ба хотири хабар, 27,7 барои кору фаъолияташон вориди интернет мешаванд. Маркази тадқиқотии “Зеркало” мегӯяд, пурсиш дар мавриди истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ нишон додааст, аз ҳама зиёд, яъне 51 дарсад аз “Одноклассники” ва баъдан аз “Майл ру”, “Скайп”, “Мой мир”, “Гугл”, “Яндекс” ва дар рейтинги охирин 1,4% аз “Фейсбук” истифода мекардаанд.
Мӯҳр
кунчков
ман нафахмидам ин назарсанчиро, чихел дар як хисоб хам 79% мешудааст хам 73% хам 69% чамъи инхо чи кадар мешавад ва баъд 99% дуруги махз аст ин бечорахо худашонро фиреб мекунанд

Соиб
"Зеркало" Оина дар ин маврид пушти худро ба руйи мардум медорад. Кахрамон бояд як бор худ байни кормандону пурсандахояш дар минтакахо пурсище гузаронад. Кихо пурсишномахои "Зеркало"-ро пур мекунанд. Кадом руз барномахои иттилоотиро хам дар даруни дискхои филмхои турки сабт мекунанд то мардум лоакл фаромуш накунанд ки Ахбор гуфтани барномае аст. Кахрамон бошад хотири ким чи худро хандахариш мекунад

аа
Зеркало худро ба хукумат ширин кардааст. 99% ин дуруги махз аст

wezir
40% ахоли ТВ тамощо намекунад - ин статистика хатост"

tojik
Рости мардум дар вокеъ аз тв давлати итлоот ба даст меоранд аммо ончи ки мухим аст бовари ва чандон боварие надоранд бар ин иттлоъе ки аз тв ва радио мегиран мегуянд ки тамоми итилоът фармоиши мебошад ягона мамбаъи бовари ин интернет аст барояшон чун даричо мардум озодона харф мезананд
Аз ин лихоз хар хабаре ки аз тв ва радио ба даст меоранд мунтазир мешаванд е чустучу мекунанд ки дар интернет тайд ва е рад шавад баъдан бовар мекунанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)