Бахшҳо

Тоҷикистон, таппак, Бонки Ҷаҳонӣ ва "намедонам, бигирям ё бихандам"

Ҳумайрои БАХТИЁР

Бонки Ҷаҳонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додааст, истеҳсоли саргин ё таппакро ба роҳ бимонад. Муҳаққиқони ин бонк дар гузориши ахири худ навиштаанд, 70 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар фасли тирамоҳу зимистон аз камбуди нерӯи барқ азият мекашанду захираи таппак ва ангишту ғӯзапоя барои гарм кардани манзилу таҳияи ғизоашон бисёр муҳим аст.

“... ин таҳқир аст”

Аммо дар асри фанновариҳо ин тавсияи Бонки Ҷаҳониро Исмоил Талбаков, вакили парлумони Тоҷикистон, таҳқире беш намедонад. “Вақте дигар кишварҳо аз боду офтоб барқ истеҳсол мекунанд, пешниҳоди истифодаи саргин таҳқир аст. Бонки Ҷаҳонӣ аз вазъияти кишвари мо огоҳ аст. Медонад, ки мо мунтазири посухи онҳо дар мавриди бунёди Роғун ҳастем. Аз ин хотир ба ҷойи пешниҳоди ин гуна тавсияҳо беҳтар мебуд, то хулосаи худро ба мо бидиҳад.”

Шукронаи ТАППАК! Интихоби дигар ҳам дорем?

Ин вакили парлумон ва муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар идомаи суҳбаташ афзуд, бидуни тавсияи Бонки Ҷаҳонӣ ҳам Тоҷикистон медонад, чӣ гуна дар фасли сармо аз саргин истифода кунад. “Инро бе тавсияи Бонки Ҷаҳонӣ ҳам медонем ва самаранок аз ин биосӯзишворӣ истифода мекунем.”

“...ин сатҳи мо аст”

Табаралӣ Ғаниев, профессор ва доктори илмҳои иқтисодӣ, мегӯяд, гузориши Бонки Ҷаҳонӣ бозгӯи воқеияти кишвар буда, аз сатҳи пасти зиндагии мардум дарак медиҳад. Оқои Ғаниев ба ин назар аст, ки аксар аҳолии рустои Тоҷикистон дар фасли сармо имкони молии харидории ҳезум ва ангиштро надоранд.

“Бонки Ҷаҳонӣ, яъне ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври нарм ба мо гуфт, то бидонем кӣ ҳастем ва сатҳи худро “эътироф” бикунем”,-таъкид дошт профессор. Табаралӣ Ғаниев гуфт, Бонки Ҷаҳонӣ аз захираҳои табиии Тоҷикистон огоҳӣ дорад ва бо ин тавсияи худ барои мо исбот карданист, ҷуз истифодаи ин чора надорем. Номбурда бар ин назар аст, ки ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, то ҳарчи зудтар барномаҳои худ доир ба рушди иқтисод ва фароҳам овардани ҷойҳои кориро роҳандозӣ намояд.

“...ин ақибмондагист”

Исмоил Раҳматов
, коршиноси масоили иқтисодӣ, ин пешниҳоди Бонки Ҷаҳониро хандаовар арзёбӣ намуд. Номбурда гуфт, агар Бонки Ҷаҳонӣ дар ҳақиқат чунин пешниҳод кардааст, пас, маънои онро дорад, ки Тоҷикистонро ақибмондатарин давлати ҷаҳон муаррифӣ карданд: “Дар тааҷҷубам. Мақомот даст бар сина мезанад ва мегӯяд, мо ориёӣ ҳастем. Ҳоло мехоҳам бубинам, ки мақомот ин пешниҳодро дар асри фанновариҳо чӣ гуна қабул мекунад ва ё посух мегӯяд?”

Раҳматов ба унвони як коршинос ва шаҳрванди Тоҷикистон ин пешниҳоди Бонки Ҷаҳониро аз як сӯ маҳкум мекунад ва аз сӯи дигар мегӯяд, айби худи тоҷикон аст, ба ин ҳол афтодаанд. “Тоҷикистон захираҳои табиӣ дорад. Аммо мушкил ва айб дар мост, ки онро истифода карда наметавонем”,-афзуд ӯ.

Тавре аз андешаи коршиносон бармеояд, ин даъвати Бонки Ҷаҳонӣ як навъ таҳқири давлати Тоҷикистон аст ва роҳбарони кишварро бояд сари номус орад. Ростӣ, аз ин тавсияи Бонки Ҷаҳонӣ шарми кас меояд. Ба масъулини тоҷик ҳам таъсир мекарда бошад?
Мӯҳр
ХЕЗУМКАШ
ОН ЧИЗ КИ АЁН АСТ ХОЧАТ БА БАЁН НЕС БАРОИ ЧИ МЕХАНДИ БОЯД ЗОР ЗОР ГИРЯ КУНИ МАРДУМИ МОРО АХВОЛАШ ХАМИН БОЯД БАХРИ ТАЪМИНИ ИСТИКЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКИ ЧОРАХОИ ЗАРУРИ КАТЪИ АНДЕШИД ТОКИ МАРДУМИ МО АЗ ИН ХОРИЮ ЗОРИ БАРОЯНД ХАМИН ТАПАКУ САРРГИНИ ГОВО НАБОШАД МАРДУМИ ДЕХОТ КАЙХО АЗ БЕСВЕТИ ДАР ХУНУКИ БА САД ДАРД ГИРИФТОР ШУДА БУДАНД.

Ромиз
Солиёни дароз модар,ва хохарони мо таппак карданд ин хам як василаи эхтиёчоти рузгор аст. Шояд барои ту номус бошад,аммо барои модари Каюмарс ва Хилватшох беномуси нест онхо хам борхои гуи гов шуридаанд ва таппак кашидаанд. Озодагон аз таппак фоича натарошед.

Тапокэнерчи
Точике дар Чопон тарзи истифодабарии тапокро хамчун манбаи гармдихи ва сузишвори, ба оилае аз Префектураи Иокагама омузонд ва аз ин ихтироот вайхо дар хайрат мондаанд. Шояд вакти он расидааст, ки чопонхо аз Стансияи Атомии Фукушими даст кашанд ва ба истифода ва истехсоли васеъи ТАПОК икдом гиранд.

Анушервон
Ба ин пешниход эрод нагиред. Охир ин аклу фаросати намояндагони Бонки Чахони дар хамин сатх карор дорад.

Ба ин пешниход эрод нагиред. Охир ин аклу фаросати намояндагони Бонки Чахони дар хамин сатх карор дорад.

инро ман барои худам ва миллатамон раво намебинам

Абдулло
Дурустаст, ки замои 23-умин солгарди истиклолиятро чашн мегирем аммо то кунун БАРК надорем! ва ин гуфтахои Бонки Чахони шояд барои мансабдорони хешутабордороне бошад, ки милиардхоро дар бонкхои шветсарияв нагузоранду неругохоро саривакт созанд ба мардуми бечора куваи барк диханд. Аз як ру ин шармандагист.

вафо
Бонки чахони хам дахони узбаконро нигарду ба Точикистон тавсия дихад . Бояд дар ин маврид аз хатман сохт шудани Рогун харф мезад, на аз таппак ин акибмондагии иктисоди точик бошад, дарачаи пасти мафкураи коршиноси бонки чахони низ хаст, ки бояд дар сатхи Хукумат ба он чавоб гуфт

.
Ин Талбаков ин кадар фукашро чухт мегирад, гуе ки аз осмон омадааст.. Равад ба кишлокхо ахволи мардумро бинад. Худо гуед ки аз хамон таппак хам намонем.

ЧИ ТОЧИКОНРО ОДАМ ХИСОБ НАМЕКУНАНД БО ИН КАДАР ТАЪРИХИ НОМДОРАШОН, МАГАР МО ОРИЕИ НЕСТЕМ ?

ва
Талбаков мегуяд ки Бонки чахони тахкир кардааст. 80 сомони пенсия ки Хукумат таъин кардааст, дар холе ки нархи як тонна ангишт 1000 сомони аст, магар тахкири мардум нест?

парвиз
ЯК ЧАХОН ТАШАККУР........

agar in hukumatdoron zarrae nomus doshtaboshand digar sarashona bolo girifta nametavonand dar yak davlate ki inkadar zakhirai obi dorad dar az ziyod budani obash dar haros astki kulhoi obash kanda nashavandu hamaro vayron nakunand ba misli kuli sarezu digaron bozham dar 23 sol mardumashro ba bark tamin karda natavonistaast in sharmandagi ast ammo mardumashon be bark ast hatto yak korkhona nasokhtaand yak kas dahon kushoyad darrav meguyand shukrona kuned shukronai chi? dar asri 20 ham obi garm ham sveti doimi ham gaz az hamai chiz pur budem kambudi nadoshtem shumo chi obodi karded? kujoe yak korkhona bud hammaashro ohanpora karda furukhted yak parcham orostedu megued obod ast o parcham ba ki darkor vakte dar khonaam svet nes gaz nest obi garm nest parchama dar saram zanam? hamin kuchahoe ki rangu bor kardaed hamagi yak milion dolar sarf nakardaed ika alaf koshtaedu darakht shinondaed bo hamin yak gap dahoni marduma bastaed shukrona kuned tamom baroi chi sarvaziri turkiya ardugon dar davomi 11 soli sari kudrat budanash turkiyaro az yak davlati kashok ba peshraftatarin davlati dunyo tabdil dod ammo ba mardumash minnat namekunad ki shukrona kuned mardumash baromada etiroz mekunand onhoro namekushad dar holeki davlati turkiya dar iktisod dar jahon takriban dar joi 115 um bud ardugon onro dar 11 sol dar joi 16 davlati tarakai kardai dunyo ovard tamomi chizro istehsol mekunad zavodi samolyotu raketu tankavu hamachi sokht ammo ba mardumash minnat namekunad ki shukrona kuned charo? chunki medonad ki in hammai obodihoi kardagiash az bujai davlat ast puli hamon mardum ast. magar obodihoe ki hukumatdoroni mo mekunand magar az kissai khudashon mekunand ki ba mo minnat mekunand ki shukrona kuned az puli khudamon az bujai davlati khudamon yakchizro mesozandu meguyand shukrona kuned man namedonam in hukumatdoroni mo chiguna mefahmand davlatdoriro gumon mekunand hamai onchiki dar tojikiston ast moli onhost va kase hak nadorad ba kori onho dakholat kunad okhir eeyy janobon harchikadar hakku hukuke ki shumo dar in davlatu bujai davlat dored moham dorem on pul tanho puli shumo nest ki yakchi sozedu darrav minnat kuned yak sportzal mesozandu dar televizor yak moh reklama mekunand ki mo in sokhtemu on sokhtem dar tuli 23 sol kani yak korkhona nishon dihed ki shumo az nol sokhtaboshedu hazor duhazor odam dar onjo kor kunand? bar aks korkhonahoeki 2 3 hazor odam kor mekardand hozir ba 800 nafar rasonded charo aybi khudro hatto yakbor dar televizor nishon namedihed? koraton fakat siyoh kardani mullohovu takibi mukholifoni siyosivu digaru digar guyo dar mo mushkil vujud nadorad hamma ba kor tamin hama sadfoiz gashtaand okhir sathi zindagii marduma khub kuned mukholifon khudashon gum shuda meravand digar namedonam chi guyam

Хайрият, ки Бонки чахони ин навъи сузишвориро ба ёди мардуми Точикистон расонид. Вагарна, имсол дар фасли сармо мардуми точик чи кор мекарданд. Мардуми точик холо намедонанд, ки саргинро хамчун сузишвори истифода бурдан мумкин аст. Аз ин хотир, хуб мешуд, агар Бонки чахони мутахассисони сохаи саргинро мефиристод, то тарзи таёр кардани саргинро (хамчун сузишвори бо номи таппак) нишон медоданд. "Офарин!" Чи пешниходи "оли!"
Аз ин "пешниход"-и Бонки чахони буйи бебаркии томи мардуми Точикистон меояд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)