Бахшҳо

Нуриддин Саидов мухолифи сиёсӣ кардани Ислом ва пешниҳодаш дар бораи идеологияи миллӣ

Нуриддин Саид (Саидов), вазири маориф ва илми Тоҷикистон, бо нашри матлабе мафкураи миллиро роҳи наҷот аз ҳар гуна гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои динии сиёсӣ донистааст. Ӯ дар шарҳи пешниҳодаш, гуфтааст, “мафкураи миллӣ ифодаи субъективии манфиати танҳо миллати тоҷик набуда, он бояд манофеи тамоми халқҳои маскуни кишварро новобаста аз мансубияти динӣ, мазҳабӣ, синнусолӣ, равонӣ, этникӣ, касбӣ ва ғайра фарогир бошад”.

Матлаби Нуриддин Саид дар “Ҷумҳурият”, нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон, ба табъ расида, “Мақоми мафкураи миллӣ дар ҷомеа” унвон дорад. Вазири маориф ва илм мегӯяд, “миллати тоҷик аз ифротгароии мафкуравии коммунистӣ раҳо наёфта, мубталои ифротгароии динӣ-сиёсӣ гашт. Зиёиёне, ки солиёни зиёд зери таъсири мафкураи коммунистӣ зиндагиву фаъолият мекарданд ва рӯҳияи миллӣ надоштанд, аз лиҳози маънавӣ мавқеъ ва ҷойгоҳи андешаи миллиро дар мафкураи давлатӣ холӣ гузоштанд. Ба ин васила, фазо ва зарфияти маънавии холиеро, ки ба иллати оҷизии мафкуравии зиёиён ва донишмандон дар ҷомеа ба миён омад, рӯҳониёни қудратхоҳ ва исломиёни сиёсӣ бо арзишҳои фаромиллии динӣ ва бегонапарастӣ босуръат фаро гирифтанд ва пур карданд. Бо чунин дигаргун шудани фазои мафкуравӣ дар ҷомеа ташаннуҷи сиёсӣ-ҷамъиятӣ ба вуҷуд омад”.

Дар натиҷа, ба таъкиди Нуриддин Саид, дар ҳаёти ҷомеа ҷараёни сиёсисозии исломӣ шиддат гирифтааст. “Хусусан, дар забон, илм, фарҳанг, тарзи ҳаёт, сарулибос, рафтор, кирдор, гуфтор, симои зоҳирии одамон ва ғайра хусусияту тобишҳои динӣ-мафкуравӣ намоён гаштанд. Ҷараёни сиёсисозии исломӣ чунон тезу тунд гашт, ки дар бисёр ҳолатҳо пайравони тундрави он табиат, моҳият ва таъйиноти ахлоқии умумиинсонии дини мубини исломро тағйир доданд”.

Нуриддин Саид дар идома сиёсисозии исломро як шакли нави мафкуравии ифротӣ донистааст, ки ба бовари ӯ “боиси пайдоиши даҳҳо равияҳои тундрави динӣ, ба истилоҳ «Таҳрир», «Таблиғ», «ал-Қоида», «Аҳмадия», «Салафия» ва ғайраҳо гардид ва ин пасомади нохуш дорад”.

“Вале, агар масъала дар сари пойдории асосҳои анъанавии ҷомеа, хоса ҳифзи амнияти мафкуравӣ ва бақои сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона равад, дар робита ба масъалаи мавриди назар саволе ба миён меояд, чӣ бояд кард? Кадом мафкураро метавон ба ҷараёни сиёсисозии дин ва теократисозии ҷомеа муқобил гузошт, то пеши роҳи чунин равандҳои ифротӣ гирифта шавад ва дар баробари ин ҳисси бегонапарастиро, ки дар ҷомеа тавассути мафкураи динӣ ба вуҷуд омадааст, аз байн бурда шавад. Ба фикри мо танҳо рушду нумӯи мафкураи миллӣ метавонад пеши роҳи ҳар гуна гароишоти тундравии динӣ-сиёсиро дар ҷомеа гирад. Гузашта аз ин, дар сохтори ин мафкура бояд ҷойгоҳи Ватану миллат ҷиҳати хидмат ба давлатдории навини тоҷикон ба хотири хунсо гардонидани ғаразҳои бегонапарастонаи ҳокимиятхоҳии онҳо муайян гардад ва рисолати маънавию ахлоқии ин дини муқаддас барқарор шавад. Ёдовар мешавем, ки дини мубини Ислом ҳамчун дини ҷавонтарин дорои ҷавҳари бузурги фарҳангии умумиинсонӣ аст. Дини мубини Ислом дар миёни динҳои ҷаҳонӣ ягона дине аст, ки дар пояи инсонмеҳварӣ рисолати абадӣ дорад”,-омадааст дар матлаби вазири маориф ва илми Тоҷикистон.
Мӯҳр
Кайковус
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бояд барномахои иловагиро зидди мафкурахои ифротгаро, ба хотири хифзи амнияти мафкураи милли, тахрези намояд.

Фарзанди Миллат
Ман аввалан мехохам ин банду мушкилиро барои ман кушода дихед, агар метавонед, ки гуфтед "мафкураи миллӣ ифодаи субъективии манфиати танҳо миллати тоҷик набуда" пас агар дигар миллатхоро хам дарбар гирад, милли гуфтанаш чи хочат? Агар дуруст фахмида бошам манфиатхои хама миллатхо бояд дар кишвар ба инобат гирифта шаванд, пас чаро гайри точик ба мансаби рахбарият наметавонад расад? Яъне маънои милли гуфтани шумо гумон мекунам факат миллати точик метавонад рахбар бошадро ифода мекунад. Умуман ин гирехе аст, ки равшантар мекардед бехтар мебуд, яъне хамаи пахлухои ин масъаларо мекушодед то фарханги худро дуруст фахмем.
Дигар ин ки мехохед мафкулаи милли дар чомеа хукмфармо бошад ва мафкураи дини сиёси набояд чунин маком дошта бошад. (Кайд карданиам, ки ин равияхоро дар Ватани худ, ки мо мазхаби ханафи дорем, ман хам кабул надорам: "ШИА" (чаро зикр нашуд???) «Таҳрир», «Таблиғ», «ал-Қоида», «Аҳмадия», «Салафия»). Аслам сарчашмахои хардуро бояд баинобат гирифт, сарчашмаи мафкураи милли ва сарчашмаи мафкураи дини. Албатта агар ба сарчашмахои инхо назар андозем яке аз акли башари аст дигаре аз чониби Худованд. Пас дар мардум кадоми инхо таъсирир бештари худро вокеона метавонад гузорад?
Пешниход: Агар мо мехохем миллатамонро начот дихем бояд хама чизе, ки барои он арзишро дорад онро ба инобат гирем, вагар миллати моро дигарон истифода мебаранд ва аз фарзандони худамон дарди сари худамон месозанд. Дини Ислом барои миллати мо аз мухимтарин арзишхо башумор меравад, ки хато дар давраи комунисти комунисти точик бе никох оиладор нашудааст, бе чаноза гуронида нашудааст. Яъне бо вучуди ваъда бо комунизм додан онро мешикастанд вале ваъдаи бо Худо додаро намешикастанд. Барои хамин бояд ба ин масъала сарсари сухбат карда нашавад ва бояд ин масъаларо мутахассисони варзида ва дилсузи ватан бахсу барраси намоянд. Зеро мархилаи нозук аст, ватанро боз ба як гап ба кафо напартоем. Кореро, ки соли 2009 Раиси Чумхур барои имоми Аъзам карданд махбубияти мардумро барояш касб кард, вале душманони миллат ва Рахбари кишвар ин дастовардро нахостанд бубинанд, ки мардум чигуна Президенти худро дуст медорад ва онро кабул дорад. Ин равандро даррав дигар карданд ва хар хатои худро ба номи хукумат часпонданд.

Дониш
Максад аз мафкураи милли чи бошад шояд максади вазир идеологияи милли бошад, чунки мафкураи милли ибораи чандон ба чо нест. Шояд тарчумаи тахтуллафзи аз руси бошад

“мафкураи миллӣ ифодаи субъективии манфиати танҳо миллати тоҷик набуда, он бояд манофеи тамоми халқҳои маскуни кишварро новобаста аз мансубияти динӣ, мазҳабӣ, синнусолӣ, равонӣ, этникӣ, касбӣ ва ғайра фарогир бошад”.
Tamoman gaphoi podar havo. Bovar kuned agar vaziri maorif hamixeli fikru andesha kunad voi bar holi mardumi noxonda...

Махмуд
Мафкураи миллиро аз Рахмонови ректори донишгохи омузгори пурсед. чи хел имруз хоричу пагох баркарор мекунад. Ба ин масъалахо камтар ахамият дихед мухтарам вазир.

Чомеъ-ул.Хикоёт
Мафкураи миллии гуфтаи Вазир хамоанги Идеология миллист. Аз хама мухимаш пушти пиода намудан ва ташаккул ин акида шудан даркор.

Бародари азиз, фалсафафуруширо бас карда, аз руи гуфтах,оятон амал кунед,мардум дар атрофатон новобаста аз дину ч,ах,онбиниашон мутах,ид мешаванд,ки чанде бгуй!Шумо, ки худро мусалмон мегиреду ягон арконашро ич,ро намекунед,асли ноч,урих,оро дар дин мекобед.

Чаббор
Инки барои точикистон як идеологияи милли лозим АСТ ки хал ки Точикистон барои миллату давлату чугрофиеи хозирааш бояд тамоми ормону зиндагиашро бо фархангу арзишхои деринаву муосираш танзим намояд хеч чои шакку шубха нест! Вале оне ки чунин андешахои болоро бо тарчумаи кадом адабиетхое ба мардум мерасонаду дар асл худ барои идеал шудан е будан хеч муваффак нест чои нигарони АСТ!!! Акои вазир агар коре мекардед ки як рохбари муассисахои илми е таълими бе пораву тагаги рохбар таъин мешуданд он вакт бовари мардум ба суханхои хар чанд нимилмиатон бештар мешуд! Сони хешу таборбозиро хам камтар кардан даркор ва хисси баланди хештаншиносиву миллатдустиро бо шикастанафси нишон додан даркор!! Ин корхоро аз барои худо ва Хамин миллат накунед!

ТОчикистон давлати Демократи бошад, бигузор халк чихеле мехохад зиндаги кунад. Чаро як бор намегуед ки мардум ба тарзи зиндагии давлатхои гарб таклид карда истоданд?

99
Вазири маорифаш, ки ҳамин қадар "мафкураи миллӣ" дошта бошад, аз дигарон чи гила!?

Далер
Кабл аз тавлид мафкураи миллию дигару дигар бояд дониш дошт, вазири мухтарам. Бо дониши хеч маорифи набуда мафкураи миллиро тавлид кардан бемантикист.

Рахматулло
аз маколаи ба чоп расондааш маълум мешавад, ки дар калбаш мафкураи комунисти то хол мондааст ва дар холи рушд аст. Уро зарур аст бисёртар мутолиъа карда чашмонашро васеътар кушода ба чахон нигарад.

Точвар
Барои мо зарур аст,ки мактабхои дунявиямонро таквият бахшем Бояд хар як омузгори дехоти ва шахри аз 1000 доллар камтар нагирад.Ман шахсан зидди ба литсею гимназияхо ва мактабхои шахси чудо кардани маориф хаст.Ин аъмол мисли империализм,ки имруз муайян гашт,ки он аз як даррандаи хунхуре беш набудааст нобаробари ва бадбинии насли наврасро аз хурди ба вучуд меоварад ва дар холе,ки мардум ва худи насли наврас медонад,ки дар литсейю гимназияхо хакки мардумхурон ва муфтхурони бесавод фарзандонашон кисми кулро ташкил медиханд.Агар мехохед,ки Точикистон пешрав шавад танхо ва танхо тарзи таълими СССР-ро рохандози кунед!Финландия бузургтарин кишвар ва яке аз лидерони кишвархои бо номи"осудахоли дунё" соли 1994 программаи тарзи таълими шуравиро кабул кард.Бубинед дар 20 сол чи гуна чаххиш кард!Дар чои 1-ум дар Аврупо ва дар чои 1-ум дар чахон!Ё худ тарзи таълим ва тармини варзишро ба ёд оваред!Хадамоти чосусии Руссия бо амри Путин сирри муваффакиятхои бузурги Чинро дар спорт ошкор кардани шуданд.Чун хитоихо дарак ёфтанд,иброз доштанд,ки сирре надорем,мо модели таълими спорт дар СССР-ро гирифтаем.Олигиархияи моливии русхо баъди шунидани ин суханхо шарманда шуд.(алам мекунад онхоро ва гунохи худро аз бархам додани шурави назди халки рус нагз хис мекунанд).Вакте,ки програмаи Абдулло Гулени пантуркистро маорифи кишвар таргиб мекунад хандаам меояд.Ой бародарон ба худ оед,таълими физика,химия,алалхусус таълими математикаи чахонии шурави оламгир ва пур аз мукофоти нобели буданд,кадом турк мукофоти нобел шудааст.Ба умеди чор танга пули фонди Гулен нашавед!

Мухтарам вазир, инсони "мафкураи милли дошта" хеч гох чомеаро ба кишри "динни-сиёси" ва секулор (бедин) чудо намекунад. Аз маколаатон маълум аст ки кушиш кардед ба гурухе хеле маъкул шавед. Дилам бароятон месузад

Чаро мухтарам вазир равияи шиаро зикр накардед, аз хама равияи тундрав он аст Чаноби вазир

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)