Лионел Месси ба ҳимояи кӯдакони Ғаза даъват кард
Лионел Месси, варзишгари маъруф дар шабакаи иҷтимоии Facebook навиштааст: “Кӯдакон дар ин қазия баҳои сангинтаринро мепардозанд”.
“Вақте аксҳоро аз маҳалли низоъи Исроил ва Фаластин мебинам, зиёд таасуф мехӯрам. Хушунат дар ин минтақаҳо теъдоди зиёди кӯдаконро ба ком кашид”,-навиштааст футболбоз. Месси ба “қатъи хушунати бемаънӣ” ва ҳимояи кӯдакони дар минтақаҳои низоъбуда даъват кардааст, хабар медиҳад “Аль-Арабия”.
Ҳимояи Месси аз кӯдакони манотиқи даргир дар ҳолест, ки қаблан бархе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ӯ аз амалиётҳои артиши Исроил пуштибонӣ мекунад. Иддаое ки бо далелҳо тасдиқ нашуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
| « Октябр 2026 » |
|---|
| Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
|---|
| | 1 | 2 | 3 | 4 |
| 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
| 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
| 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
| 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |