Бахшҳо

Куҳнаварди тоҷик гуфт, Кумитаи ҷавонон дигар пул намедиҳад (АКС)

Фарҳод Мӯъминов, куҳнаварди тоҷик, ки барои бори панҷум парчами Тоҷикистонро дар қуллаи баландтарини Аврупо -- Элбрус гузошт, иддао дорад, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар аз ҳимояти молии ӯ даст кашидааст. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ин варзишгар, барои пуштибонӣ аз Муъминов шахсан раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст.

Ӯ мегӯяд, “то ҳол он 2 ҳазору 500 долларе, ки дар замони роҳбарии Маликшоҳ Неъматов барои экпедитсияҳои соли 2014 ҷудо шуда буд, гирифта наметавонам. Ман барои гирифтани ин миқдор пул даъватномаҳоям барои иштирок дар экспедитсияҳоро пешниҳод карда будам. Бо раиси нави Кумита чанд бор вохӯрӣ кардам, фаҳмондам, аммо бефоида”.

Куҳнаварди тоҷик мегӯяд, дар ҳоли ҳозир афроди дигар ӯро сарпарастӣ доранд ва маълум нест, ин ҳимояти онҳо то кай идома хоҳад дошт. “Обрӯи ширкаташон барои ин афрод муҳим аст ва онҳо омодаанд барои бардоштани парчами ширкати худ дар қуллаҳои балантарини Аврупо маблағгузорӣ намоянд. Аммо аз ҷониби Тоҷикистон чунин амалро намебинам. Аз сабаби набудани дастгирии молӣ маҷбур шудам аз иштирок дар бисёр экспедитсияҳо даст кашам”,-афзуд Муъминов.

Дар ҳамин ҳол, Қиёмиддин Миралиев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мегӯяд, Кумита аз ироаи кумак барои Фарҳод Муъминов даст накашидааст. “Вақте дар соли 2013 Фарҳод Муъминов ҳуҷҷатҳо пешниҳод карда буд, ҳудуди 17,5 ҳазор сомонӣ дастгирӣ ёфтааст. Фарҳод ба Кумита ду лоиҳа пешниҳод кардааст, ки онҳо мавриди баррасӣ қарор доранд, вале ҳардуяш камбуд доранд. Аз сабаби он ки ҳуҷҷатгузории молиявиаш камбудҳо дорад, онро дастгирӣ кардан ғайри имкон аст. Ба ӯ аз кумита чандин бор муроҷиат карданд, ки ҳуҷҷатҳояш камбуд дорад, омада ислоҳ кунад, аммо ӯ наомад. Мо на танҳо Фарҳод Муъминов, балки тамоми ҷавонони кишварамонро дастгирӣ мекунем, барои ин барномаҳои соҳавӣ дорем”,-мегӯяд Миралиев.

Моҳи январи соли ҷорӣ Фарҳод Муъминов бо пуштибонии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мусобиқаи ҷаҳонии кӯҳнавардӣ дар давлатҳои Туркия, Африқо, Танзания ва Кения иштирок намуда буд. Инчунин, ӯ соли гузашта дар муддати якуним моҳ ба қуллаи баландтарини Аврупо бо номи Элбрус, ки баландияш 5 ҳазору 642 метр аст ва ҳамчунин ба яке аз қуллаҳои баландтарин дар ҷаҳон, қуллаи Ленин, ки ҳоло номи Абуалӣ Синоро гирифта 7 ҳазору 134 метр баландӣ дорад, баромадааст.


Куҳнаварди тоҷик гуфт, Кумитаи ҷавонон дигар пул намедиҳад (АКС)

Куҳнаварди тоҷик гуфт, Кумитаи ҷавонон дигар пул намедиҳад (АКС)

Куҳнаварди тоҷик гуфт, Кумитаи ҷавонон дигар пул намедиҳад (АКС)

Куҳнаварди тоҷик гуфт, Кумитаи ҷавонон дигар пул намедиҳад (АКС)

Куҳнаварди тоҷик гуфт, Кумитаи ҷавонон дигар пул намедиҳад (АКС)

Куҳнаварди тоҷик гуфт, Кумитаи ҷавонон дигар пул намедиҳад (АКС)

Куҳнаварди тоҷик гуфт, Кумитаи ҷавонон дигар пул намедиҳад (АКС)

Куҳнаварди тоҷик гуфт, Кумитаи ҷавонон дигар пул намедиҳад (АКС)
Мӯҳр
Води
Бародар, бхамб биё, дига чо мени болои хаму кухои пасти бегонода.
Мо 93 % фоизи миллат дар болои куххои сар ба фалак руз гузарондесем. Агар хамаи инхо маблаг талаб кунанд Кумита банкрот мешавад.

Э ИН ТОЧИКХО ЯГОН КАДР ВА ЯГОН СОХАРО ДАСТГИРИ НАМЕКУНАНД ФАКАТ ДАР ГАП ЗУРАН ВОЙ ВОЙ

Бетамизихои мардум аз сухан пайдо шавад .
Пистаи бе магз агар лаб во кунад расво шавад
Бародар Шумо аввал акалан як маротиба номи миллатро парчами миллатро баланд бардоред баъд чунин сухан гуед меарзад дар акси холл ин суханони навиштаи шумо аз пастии маърифататон нишона аст. Кахрамонони миллат ки бахри ба чахониен шинос намудани номи точику Точикистон хаёти худро дарег намедоранд ангуштшуморанд,, аз ин ру онхоро танхо дастгири намудан лозимасту халос. Дигар ин ки чаро дар креслохои баланду хучрахои бархаво нишаста танхо барои бе фоида сарф намудани вакти худ баъзехо маблагхои муфту бе дарди миён мегиранду натичаи корашон нол бояд дастгири ёбанду чавононе ки ба тамоми душворихо назар накарда номи халку миллатро баланд мебардоранд сари вакт дастгири намеёбанд? Чаро Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ба ивази дастгири намудани чунин чавонони ангуштшумору ворисони халки бузургу точдор худро бо «Ёфтани камбудихои чавонон» сафед мекунанд? Ин хуб аст ки хатогии чавононро ёфтаанд аммо онро ислох намудан лозим на ин ки ба тарзи масхара барои пушида намудани камбудихои худ истифода баранд. Чаро дар вакти раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон будани Маликшох Неъматов чунин душворихо набуданду имруз пайдо гаштанд? Бо чунин рафтор мо пеш намеравем. Барои ба авч расидану меваи ширин ба бор овардани нихол богбон захматхои шабонарузи мекашад. Миллати мо нихолхои худруе дорад ки бо иродаи Худовад ба воя мерасанду номбардори Ватанашон мегарданд. Ба онхо танхо каме дастгири лозим. Танхо дастгири!!

Эй айбаеее ба Худо касам айб аст! Наход як нафар ба чахониён нишон медихад, ки мо хастем дастгири карда натонед ин айб аст! Агар хамин бародадр раваду аз номи дигар давлат барояд вой бар холи мо!! Бовари дорам казоку Урус инхел нафароя кофта мегардад!!!

барои кухнавардхо пул чудо намекунанд вале барои сохтмонхо биноашон чудо мекунанд. Аксхо хеле зебоанд, манзарахои зебо, ташаккур ба шумо.

Води,
Ба фикрам кумита барвакт банкрот шудагию раисон намедонанд хонахои бархавояшонро чи хел пинхон кунанд барои ба касрашон дарвозаи нав часпондан маблаг лозимаз ин ру дар хар кори чавонони кахрамон хатоги мечуянд то харч камтар шаваду дарвоза сохта шавад. алле набояд фаромуш кунанд ки "Офтобро бо домонашон пушонда наметавонанд ". Фарход русхо мегуянд "Когда Бог с тобой какая разница кто против" Худованд туро дуст медорад!!!

Худи ман Фарход Муминов хастам. Ман хостам бо тамоми бародарону хамватан сипоси беандозаи худро расонидан нисбати оне,ки хади акал Шумо манро бо суханхоятон ва лутфи покатон бисёр хам минатдор,дастгири ва рухан барои давом додани ин намуду илм ва варзише,ки бо табиат сару кор дорад давом дихам. Бо Шумо хамватанони азиз ваъда медихам,ки дар оянда боз хам байраки Точикистони Азизамонро боз балантар ва ифтихор аз он мекунам дар рафти иштирок дар мусобикахову экпедисияхои Чахони.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)