Таҳрими “McDonald’s” барои ҳимоят аз Исроил дар ҷанг алайҳи Ғазза
Созмонҳои ғайриҳукуматии Малайзия бо роҳандозии иқдоме аз мардум даъват кардаанд, се ширкати бузурги Амрико ва Бритониёро барои пуштибонӣ карданашон аз ҷанги Исроил дар навори Ғазза бойкот намоянд.
“Мо намехоҳем, иштирокдорони ин иқдом ба вандализм даст бизананд ё ба эҳсоси одамон бозӣ кунанд. Набояд корҳое кард, ки баъдан дигарон ба иқдоматон биханданд”,-гуфтааст Абдулло Заик Абдураҳмон, раҳбари гуруҳи пуштибон аз Фаластин - Aman Palestin.
Бино ба иттилои OnIslam.net, иқдоми мазкур “Як моҳи хашми умматон” ном дошта, аз он созмонҳои зиёди ғайриҳукуматии Малайзия пуштибонӣ кардаанд. Гуфта мешавад, ин таҳримҳо асосан зидди “McDonald’s”, Starbucks ва бонки HSBC равона шудааст. Ҳамчунин, ташаббускорон ба худдорӣ аз харидории маҳсулоти Coca-Cola ва Nestlé даъват кардаанд. Фаъолони ин иқдом ҳар пораи картошкаи McDonald’s-ро ба тирҳои Исроил ва ҳар қатраи Coca-Cola-ро ба хуни фаластиниҳо монанд кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |