Бахшҳо
11 авг 2014 11:36Тоҷикистон / Сиёсат

Зиндон ё эъдом? Донишманди шиа дар интизори ҳукм

Додгоҳи шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ рӯзи 12 август ҳукми худ алайҳи шайх Намр Боқир Аннамр – донишманди шиамазҳаби боздоштшудаи ин кишварро эълон хоҳад кард.

Мақомоти Саудӣ Аннамро дар барангехтани фитна ва таҳрики пайравони мазҳаби шиа дар ин кишвар ба хотири ҷудоӣ аз ҳукумати марказӣ муттаҳам менамоянд. Ӯ шоми 8 июли соли 2012 дар наздикии хонааш дар минтақаи ба ном “Қатиф”-и Арабистони Саудӣ аз сӯи кормандони амниятии ин кишвар боздошт шудааст.

Мақомоти амниятии Арабистони Саудӣ баъд аз боздошт, шайхро дар ҳамла ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар айбдор карда, гуфтанд, гӯиё алайҳи кормандони амниятӣ аз силоҳ истифода карда, оташ кушодааст. Ба гуфтаи онҳо, ҳангоми боздошти шайх миёни ҳамроҳони ӯ ва ва кормандони амниятии Арабистони Саудӣ задухӯрди мусаллаҳона ба миён омада, дар натиҷа худи шайх аз пояш захм бардоштааст.

Эълони ҳукми додгоҳи Аннамр дар ҳолест, ки айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи ахир маҳкум ба эъдом шудани ӯро хостааст. Ин донишманди шиамазҳаби Арабистони Саудӣ дар гузашта низ ду бор, аз ҷумла моҳи августи соли 2008 аз сӯи маъмурони амниятии ин кишвар боздошт шуда буд. Он замон мақомоти Саудӣ далели боздошти ӯро низ барангехтани фитна ва таҳрики шиамазҳабони минтақаи шарқии ин кишвар гуфта буданд.

Шайх Намр Боқир Аннамр 46 сол дошта, зодаи ноҳияи Қатифи Арабистони Саудӣ мебошад. Таълимоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифтаасту соли 1989 барои ошноӣ бо Инқилоби исломӣ ва таҳсилоти ҳавзаӣ ба Эрон ҳиҷрат мекунад. Ӯ баъд аз 10 соли таҳсил дар ҳавзаи илмии ба номи Қоими Эрон озими Сурия шуда, таҳсили худро дар ҳавзаи илмии ба ном Зайнаби ин кишвар идома медиҳад. Баъд аз чанд соли таҳсил дар марказҳои мазҳабии аҳли ташайюъ ба ватан баргашта, маркази мазҳабиеро бо номи “ал-Имом ал-қоим” дар маҳаллаи маъруф ба номи “Авомия” дар Арабистони Саудӣ таъсис медиҳад.
Мӯҳр
Мичурин
Аз Ватан ки берун шуданд, пас омада Шайх мешан, баъд Шох меган мешаи, ахиран шоху карахт мешаи.. Чунки аз тану шоху барги миллат дур рафтанд.

Тачриба нишон медихад, ки дар кишвари Эрон хангоми боздошти пайравони ахли суннат ва чамоат аксари онхо эъдом ва ё ба дор овехта мешаванд. Барои мукобила ба мисл онхое, ки дар ноором сохтани мамлакати Арабистони Сауди сахм мегузоранд, аз тачрибаи бойи ин кишвар - яъне Эрон дар баробари шиахо истифод шавад!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)