Бахшҳо
12 авг 2014 14:55Тоҷикистон / Тема дня

Барканории Абдусалим Ҷӯраев барои тоза накардани 'мусор'-ҳо

Абдусалим Ҷӯраев, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе, аз мақомаш сабукдӯш гардидааст. Дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе мегӯяд, далели барканории оқои Ҷӯраев “таъмин накардани назорати дахлдор оид ба барориши саривақтии партовҳои сахти маишӣ аз ҳудуди шаҳр” будааст.

Барканории Абдусалим Ҷӯраев дар ҳоле иттифоқ уфтодааст, ки дар фасли гармои имсола бештари сокинон аз ҷамъ шудани партовҳо дар назди манозилашон интиқод карда, аксҳои зиёде ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида буд. Ҳоло шаҳрдорӣ нагуфтааст, ба ҷои Ҷӯраев киро сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти пойтахт таъин кардаанд.

Вале Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе дар ҷаласаи ихтисосие, ки рӯзи нуҳуми августи соли ҷорӣ баргузор шуд, дар робита ба масъалаи ободӣ ва зебоии пойтахт изҳори норозигӣ карда, аз тамоми раҳбарони ноҳияҳо ва маҳаллаву корхонаҳо хостааст, фаъолияташонро бознигарӣ намоянд. Ӯ талаб кардааст, онҳо ҳамарӯза соати 18:30 нисбат ба корҳои анҷомдодаашон ба раиси шаҳри гузориш бидиҳанд.

Роҳбарони 16 меҳмонхонаи давлатию хусусӣ ва кулли бозорҳои шаҳр муваззаф гардидаанд, ҳолати санитарию экологиро ба низом дароварда, дар остонаи ҷашни истиқлол, ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шнгҳой ва 90-солагии пойтахт барои қабули меҳмонон омода бошанд.

Дар ин ҷаласа Рустам Баротов раҳбари нави корхонаи воҳиди давлатии “Истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия” ва Давлатманд Саидов директори нави “Бозори Саховат” таъин гардидаанд.
Мӯҳр
.
Уро набояд просто сабукдуш мекарданд. Бояд ба дасташ як лапотка медоданд то тамоми он чойхоро тоза кунад.

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологиро чаро ҷазо надодаанд?

барои он ки партовгоххо тоза бошанд чунин бояд кард: ба мардуми аз нохияу музофотомада соатхои фахмондадихи гузаронанд то коидахои шахрро риоя бикунанд.

Барои набаровардани партовхо Раёсати хифзи мухити зисти шахр вобастааст?????? ё квд партовкашонхои нохияхо ва Раисони нохияхо Чураев Абдусалим на барои баровардани Партовхо балки ............. аз ва вазифа сабук душ гардид. Раисони нохияхо Бояд хулоса бароранд,ки Масъули тоза намудни нохияхои шахр ки асту назоратчи кииииииииииииииииии

макомонтхои нохияхо маблаги партовбарори надорем гуфта хамаруза пушти кабинети Чураевро мегиранду зора мекунанд ки чаримаи кардагии нозиронатонро бахшед Аммо имруз Чураев гунахкору раисони нохияхо тиллллллллои.

Барои ободони шахр дили мо сузад! На бахс балки ба оилаву фарзандон ва хамсояхо фахмонем ки шахрдор чи корхои ободони кардаанду инро кадрдони намоем ба дасти кудакхои дируза партовхоро медихем ки бурда парто дар кучр ва чихелашро намегуем барои ки худи мо зеби шахрнишини надорем. Аммо Раисони нохияхои шахр ва корхонахои партовкашон танхо пули мусурро дихед гуфта шахрвандонро руз намедиханд Чураев Абдусалим нею хамаи бефархангу бе ухдабарохоро аз шахр пеш кардан даркор.

Точикбача аз Душанбе
Бачои сардор мошинхои мусоркаширо иваз мекарданд фоидаовар мебуд.

Чураев Абдусалим як хизматчии давлатии бо тачрибаи калони рохбари кунанда мебошад. Баровардани мусор вазифаи на танхо у мебошад. Вазифаи асосии у назорат бурдани рафти тоза намудани мусор дар худуди шахр мебошад. Лекин хама айбро танхо ба сари у бор кардан ин адолатро нишон намедихад. Мебоист дигар ташкилоту идорахое, ки вазифаи асосиашон тоза ва баровардани мусор мебошад чазо мегирифтан.

юнони
Абдусалим Чураев одами босаводаст.ба кдруш расдан лозим.ЗИК НАШа БА ТУ ВАЗИФА МЕТЯН.

koro4i hay nashid i zindagiyay

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)