Бахшҳо
13 авг 2014 08:19Тоҷикистон / Сиёсат

Хавфи вазир аз вуруди ҷангиён аз Сурияву Африқои Шимолӣ ба Тоҷикистону Русия

Владимир Колоколсев, вазири умури дохилии Русия, хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистону талоши вуруди ҷангиён аз Сурия ва Африқои Шимолиро таҳдид ба амнияти Русияву Тоҷикистон унвон кардааст. Колоколсев ин нуктаро дар шаҳри Қайроққум, шимоли Тоҷикистон, ҳангоми ширкат дар ҷаласаи коллегияи вазоратҳои умури дохилии Русияву Тоҷикистон изҳор доштааст.

“Бо хуруҷи қисмати асосии нерӯҳои байналмилалии таъмини амният аз Афғонистон таъсири манфие пешбинӣ мешавад. Ҳамчунин, талоши ба Русия ва Тоҷикистон ворид шудани ҷангиёне, ки таҷрибаи террористиро дар Африқои Шимолӣ, Сурия ва дигар кишварҳои Ховари Миёна гирифтаанд, вуҷуд дорад”,-гуфтааст вазири умури дохилии Русия.

Ба қавли вазир, дар ҳоли ҳозир ду кишвар пайваста маълумоти фавриро ба якдигар ирсол мекунанд, ки тавассути он кормандони ВУД маҳалли будубоши аъзои гуруҳҳои террористӣ ва экстремистиро пайдо месозанд, аммо ҳанӯз ҳам кофӣ нест. Ин дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, соли гузашта мизони ошкорсозии ҷиноятҳо дар ин самт ба сеяк ва дар нимсолаи аввали соли 2014 ба 19 дар сад афзоиш ёфтааст.

Колоколсев таъкид кардааст, яке аз самтҳои асосии кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ва Тоҷикистон муайян кардани ҷои лидер ва аъзои созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ аст. Ӯ аз боздошти Тош Болтаев, аъзои созмони байналмилалии террористӣ “Ҳизби исломии Туркистон” дар Маскав ёдоварӣ кардааст, ки баъдан ба Тоҷикистон истирдод шуд. Ҳамчунин, ӯ қатъи фаъолияти ячейкаи “Ҳизб ут-таҳрир ал-Ислами” дар Санкт-Петербургро мисол овардааст, ки барои ҷалби шаҳрвандони Осиёи Марказӣ таъсис ёфтааст.
Мӯҳр
salim
ба фикри ман аз хама гурухи хатарнок барои ватан ва милати мо ин 201 дивизияи русия мебошад
чуноне ки солхоли 92-97 ин милатро ба чанги шахрванди расонида ярокфуриши карда хамаашон сарватманд шуда рафтанд имрузхо низ инхо хатарноктар аз хама гуруххо хастанд чуноне ки дар украина айнан хамин фитнахоро ба чо овардаанд

милат ва ватандорон хушёр бошед

мухтарам колокольцев, агар Шумоен бо Моен бошед, мо хор нахохем шуд. Аз ин ру хохиш ин аст, ки моро доимо бо худ доред ва хамааш тинч мешавад.

Чаноби Колоколсев бисер хуб мешуд зуд зуд ба кишвари мо меомадед.

Котангенс
Воридаш як проблема, хоричаш ду проблема. Проблема бе хал монд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)