Бахшҳо
13 авг 2014 12:10Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Шикояти Мӯҳсин Муҳаммадиев аз ‘меҳмондорӣ’-и қазоқҳо

Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон, ҳангоми натиҷагирӣ аз бозии варзишгарони тоҷик бо дастаи Қазоқистон, ки ба фоидаи дувумӣ анҷом ёфт, аз меҳмондории қазоқҳо шикоят карда, онро "колхозӣ" номидааст. Ӯ дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, ‘моро дар меҳмонхонаи якситорадор ҷо карданд ва мусофирбарашон низ бист дақиқа дер омад’.

Бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Қазоқистон рӯзи 12 августи соли ҷорӣ баргузор ва бо ҳисоби 1:2 анҷом ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 38-уми бозӣ футболбози қазоқ Бауржан Исломхон боз кард. Дар дақиқаи 58-ум Фарҳод Тоҳиров ҳисобро баробар сохт, аммо Улан Конисбоев дар дақиқаи 66 голҳои Қазоқистонро бар ду расонд.

Чорумин бозии дӯстона миёни тимҳои миллии футболи Тоҷикистону Қазоқистон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Алмаато баргузор шуд. Яккачини Тоҷикистон дар ҳайати 21 футболбоз рӯзи гузашта ба Алмаато парвоз кард. Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими миллӣ 2 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро ба ин рақобат бурд.

Дастаҳои Тоҷикистону Қазоқистон аз ин пеш се бор бо ҳам қувва озмудаанд. Дидори аввал 11 апрели соли 1994 дар чорчуби сабқати байналмилалӣ дар Тошканд бо ҳисоби 0:1 анҷом ёфт. 2 июли соли 2006 дар доираи бозии дӯстона дар Алмаато ба майдон баромаданд ва футболбозони тоҷик бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрданд. 8 сентябри соли 2007 бошад бозии дӯстонаи ду тим дар Алмаато мусовӣ- 1:1 поён ёфт.
Мӯҳр
Шеф
Акнун шумо даъваташон кунед, то ки мо тарзи мехмоннавозиро ба казокхо омузонем.

ба шумо ва командаи шумо комебихо мехохам. ба пеш ба суи галаба.

Муҳсинҷон дигар баҳона наёфтӣ? Айб аст, озир. Хомуш меистодӣ бехтар буд. Чаро аз техникаи бозии футболбозонат ва камбудиҳои онҳо лаб во намекунӣ. Ин аст, ки давоми як соли фаъолияти у мо ба хуби эҳсос кардем, ки футболи тоҷик тагйир наёфтааст. Бас аст, танпарварӣ, намедонам аз кадом хисоб аст, вале дар Тоҷикистон ба шумоён то чое шароит фароҳам оварда истодаанд, ку. Агар дастаи Тоҷикистон дар Алмаато пирӯз мешуд, сад дар сад бовар доштам, ки ҳаргиз аз меҳмондории қазоқҳо шиква намекардӣ. Ин як уткаи Муҳсинчон аст, ки таваҷҷуҳи журналистонро ба хуб меҳмондори накардани казокхо равона месозад. Қазокистон ку кишвари пешрафтатарин дар ҷаҳон нест, ки аз ин ҳангома созем.)) Эхтимол пас аз 4 сентябр сарнавишти Муҳсин ба Кавазович монанд шавад. Чун, Белорус Эстония ва ё Қазоқистон нест. Ба мо сармураббие лозим аст, ки диди нав нигоҳи нав ба футболи муосир дошта бошад...Араки шуру шавки тренерӣ дар пешонияш чушад галстукрро як тараф партояд бояд бояд ва бодя дар интихоби футболбоз ба дастам мунтахаб мустақил бошаду танҳо истиқлолро ва ё Рустамчонро нигоҳ накунад, ки чи мегӯяд... Агар хамин зайл идома ёбад, ба футболи тоҷик ҳолаш табоҳ боқи мемонад... Чун ФФТ-и имрӯза ҳамаро бо як чашм нигоҳ намекунанд ва дар варзиш ҳам шиносу гузаштбозӣ мекунанд, ки бо ин рафтор Тоҷик боз точикро назди хоричиҳо шарманда мекунанд... Бехабар намон!

Shar
Хайр,
Khayr ba fikrum tu Shuhrati!!! Ku mard boshi ho gu!!!!

Матлуба
Акаи Мухсинчон агар командаи Точикистон Галаба мекард Шумо ин гапро мегуфтед мезебид Боз Шарм нокарда аз мехмондори сухан мекунед Мехмондориро Шумо дар ЧТ ба казокхо нишон дихед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)