Бахшҳо
13 авг 2014 12:37Тоҷикистон / Сиёсат

Задухӯрди амниятиҳо ва ҳалокати Салом Юсуф дар марз бо Афғонистон

Дар пайи задухӯрд миёни мақомоти амниятии Тоҷикистон ва ду қочоқбари афғон дар Шӯрообод як тани онҳо ҷон бохтааст. Як манбаъ аз Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Шӯрообод ба “Озодагон” гуфт, ин ҳодиса шаби 11 ба 12 августи соли ҷорӣ дар яке аз мавзеъҳои ҷамоати деҳоти Даштиҷум иттифоқ уфтодааст.

«Ҳангоми задухӯрд як қочоқбари афғон бо номи Салом Юсуф ба ҳалокат расида, ҳамроҳаш ба самти Афғонистон гурехт. Аз онҳо ба миқдори 13 кило маводи мухаддир дарёфту мусодира гардид. Аз ҷониби Тоҷикистон касе зарар надидааст»,-афзуд манбаъ. Ба қавли мусоҳиби мо, ин ду қочоқбари афғон ба амри мақомоти тоҷик итоат накарда, баръакс, муқобилият нишон додаанд.

Манбаи мо аз Шуъбаи умури дохилии Шӯрообод мегӯяд, ҳоло ҷониби Тоҷикистон ҷасади Салом Юсуфро ба мақомоти Афғонистон супурдаанд. «Маълум гардидааст, ки Салом Юсуф ба сӯи мақомоти Тоҷикистон 13 тир холӣ кардааст”,-афзуд ӯ.

Инчунин, мақомоти қудратии Тоҷикистон рӯзи 11 август 6 афғони дигарро аз наздикиҳои мазори Баҳораки Шӯрообод боздошт намудаанд, ки қасд доштаанд, сарҳадро ғайриқонунӣ убур намоянд. Ба гуфтаи манбаъ, ин 6 афғони дастгиршуда феълан дар Шуъбаи умури дохилии Шӯрообод нигоҳдорӣ мешаванд.
Мӯҳр
Шамс
Офарин.....так держать...

ыпв
Хамин афгонхо як мардуми дарди сари дуне шудаанд. Гайр аз нашъачаллоби коре аз дасташон намеояд. Хайронам ки боз номи давлаташонро исломи мондаанд.

Маком
шояд макомоти амниятии Точикистон неву ходимон ва нерухои амниятии Точикистон бошанд.. макомот фармон медиханд.

Санавбар
Офарин ба шумо кормандони КДАМЧТ Шумо барои ин миллат чони худатонро дар хатар мемонед лекин ин Хукуматдорон парво надоранд ки Сархадро ки мухофизат карда истодааст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)