Бахшҳо
13 авг 2014 15:29Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Реҷаи шиносномавӣ дар Душанбе ва шарҳи генерал Ҷӯрахонов

Генерал Саидхон Ҷӯрахонов, сардори Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе, ҷорӣ шудани низоми шиносномавӣ дар пойтахтро шарҳ дод. Ӯ гуфт, “вақтҳои охир омаду рафти шаҳрвандон аз манотиқи гуногуни кишвар ба шаҳри Душанбе ба маротиб афзуда, аммо на ҳамаи онҳо қоидаҳои будубош ва низоми шаҳрдориро риоя мекунанд”.

Оқои Ҷӯрахонов мегӯяд, реҷаи шиносномавӣ бо ҳадафи таъмини тартиботи ҷамъятӣ ва таъмини бехатариву амнияти шаҳрвандон, алалхусус таъмини низоми шаҳрдорӣ ва будубоши шаҳрвандон дар ҳудуди пойтахт ҷорӣ шуда, аз аввали моҳи август то кунун дар ҳудуди чор ноҳияи шаҳри Душанбе идома дорад.

Ба қавли ӯ, дар ҷараёни гузаронидани реҷаи шиносномавӣ аз тарафи шаҳрвандон 124 ҳолати риоя нагирдидани талаботи моддаи 469-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, яъне бидуни қайди зист истиқомат намудан, муайян карда шудааст.

«Нисбат ба ҳуқвайронкунандагон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст. Ҳамзамон дар рафти гузаронидани ин чорабинӣ 8-ҳолати худсарона ишғол намудани қитъаи замин, 1 ҳолати ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи шикорӣ, 1 ҳолати ғайриқонунӣ нигоҳ доштани норинҷак ва 12-дона тир ошкор ва мусодира карда шуд»,-афзуд сардори Раёсати умури дохилии Душанбе.
Мӯҳр
ин корро бистуду сол пеш кардан лозим буд то кишлокиен кишлокро напартофта дар заминхои он обчакори мекарданд ва ризкурузиашонро меефтанд. феълан онхо гарданшах шуда аз пойтахт намераванд ин чо ба онхо маъкул шудааст ба ин танбалон. бегохи берун меоянду то сахар бо гайбату чанчолхо овора мешаванд. дар россия паспортный режим вучуд дорад шумо хам аз онхо ед гиред кор карданро.

89
давно пора а то город превратился в одной большой кишлак где все что та продают и что та покупают ходят с затемненными машинами пугая людей.Тысячами ходят без пропиской и жылья.

шамс
мебахшед! инчо гап сари кишлоку шахр нарафтестай...шахрии беакл...имруз хаму кишлокихо Точикистона рохбари кардестан ва ба тамоми чахон муаррифи кардестан...ку шахрии доном ягон хизматта гапзан!....

.
шамс,

Чи хел рохбари карда истодаанд ва чи хел муаррифи карда истодаанд, ба хама маълум. Магар хамин боиси таъриф аст? Ту дар умрат аз хамон сатхи кишлокиат боло намерваи. Ту кишлокии бадбахт хатто сиехро аз сафед фарк карда наметавони.

агар хамин кишлокихо ба шахр намехамбиданд, ва дар зодгохашон бо кишоварзи машгул шуда бо мехнати халол фарзандро хуронда тарбия мекарданд, ин кадар гарриву дуздихо дар шахр намебуд. Боз ин кишлокихо шахр меофаранд?

Деҳотӣ
Ин ҷенероли дар акс будагӣ шаҳриай, набошам мусалмонони деҳотира ин қадар ғам намедод.

Озодӣ дар байни шумо агар ягон деҳотии баномус боша, ин коменти деҳотира нашр кун.

Дехкон
бощпурт,
Хайрон мешавам!
Худи Шумо барои чи намеравед дар заминхо обчакори кунед? Онхо танбалу ту кори... Ободии Ватан барои хама карза аст-ку. Аз афт мебинам шахр бояд факат барои ту бояд бошад. Агар ту хам дастаи кетман ва белро гири замини Ватан аз зарбаат осеб намебинад :)
Аслан нигох кунем хамаи мову шумо аз кишлок омада шахрро пур кардем. Имруз ба каики пуршуда акиб мондахоро ба об партофта истодаем рапик бощпурт!!!...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)