Бахшҳо

Қатъи пахши ҳадисҳои паёмбар дар “Имрӯз” ва истеъфои Орзу Исоев

Дар пайи барканории Рустами Ҷонӣ аз мақоми раҳбари ширкати “Ориёно-Медиа” пахши ҳадисҳои Муҳаммад (с), паёмбари Ислом, дар Радиои Имрӯз қатъ шудааст. Дар ин бора як манбаъ аз “Имрӯз” ба шарти ифшо нашудани номаш хабар дод ва афзуд, инчунин, аксар роликҳову барномаҳоеро, ки бо садои Рустами Ҷонӣ сабт шудаанд, аз пахш гирифтаанд.

Орзу Исоев, муаллифи барномаи “Баҳси Имрӯз”, низ аризаи аз кор рафтанашро ба Худоёри Валӣ, раҳбари тозатаъини “Ориёно-Медиа”, ки шомили радиои “Ориёно” ва “Имрӯз” мебошад, супоридааст. Ҳарчанд ба ӯ гуфтаанд, метавонад корашро идома диҳад ва ба аризааш имзо нахоҳанд гузошт, Исоев гуфтааст, дигар имкони монданро надорад.

Ӯ чунин тасмимгирияшро ба бе далел барканор шудани Рустами Ҷонӣ рабт додааст. Исоев тайи чанд моҳи охир бо ташкили барномаи “Баҳси Имрӯз” мавзӯъҳои муҳиму доғи рӯз, аз қабили хидмати сарбозӣ, ҷои кор, тиҷорати пирамидавӣ ва ахлоқи ҷомеаро ба баррасӣ гирифта буд.

Рӯзи 11 августи соли ҷорӣ Рустами Ҷонӣ аз раҳбарии ширкати “Ориёно-Медиа”, ки ба Ҳасан Асадуллозода, раҳбари “Ориёнбонк” ва додарарӯси раиси ҷумҳури Тоҷикистон марбут дониста мешавад, барканор ва ба ҷои ӯ Худоёри Валӣ, сармуҳаррири пешини радиои “Садои Душанбе” таъин гардид.

Рустами Ҷонӣ тайи тақрибан даҳ соли охир, шуруъ аз "Русское Радио-Ориёно" то "Радиои Имрӯз"-у таъсиси нашрияи "ИмрӯзNews" ба ҳайси мудири "Ориёно Медиа" фаъолият дошт. Ӯ то замони омаданаш ба медиа-ҳолдинги Ҳасан Асадуллозода дар Радиои Ватан ва аз он пештар дар Телевизиону Радиои Тоҷикистон кор мекард. Рустами Ҷонӣ муассиси "ИмрӯзNews" нахустин нашрияест, ки ҳар рӯзи корӣ, аз душанбе то ҷумъа, нашр мешавад.
Мӯҳр
Шунаванда
Алла бугу вайрунуш кардум. G-NET туй дорад бугу

jon
Rosti gap digar radioi Imruz ba man yagon mayda mahqul nest gush kardanash. Namedonam chiba inkheli kardanash. Har sahar bisyor masalahoi zur roo mebardosht. holo boshad har sahar yagon barnomae nadorad ki gushash kuno.......

Rosti gap dar nazaram yak radioi be mani ba mubadal gashtaa ast.....

Сино
ман аз имруз этиборан радиёи имрузро гуш намекунам!

ман
Ана инро кор мегуянд-- маълум, ки Худоёри Вали корро сар кард)))))

Зарафшони
Дар хаминчаям махалчиги сар шуд: гармия аз кор ронданду кулобия вазифа доданд...

Санавбар
И Х Валиева тагаш ки бошад ки ика вохима дора...

Ха ...... нав ба мо хамаш маълум шуд ин як бози будааст. Вакте ки дар Кумитаи ТВ ва Радио ин бози ба миён омад Сайдали Сиддик ноиби Асадулло Рахмон ваъда карда буд ки Худоёри Вали кадри худамон хаст уро бекор намемонем. Пас маълум шуд , ки барои нобуд кардани хадисхои паёмбар як чунин нафаре мисли худоёри вали лозим бинобар ин уро аз инчо бардоштандХамааш хадаф мубориза юо Худо ва Аходиси Расули Уст. Эълони алани барои чанг бо Худо дар Точикистон.

digarashro namedonam hadishoi payombaramonro davom tied ba foidai joni xudatonu farzandonu avlodatonu milat ast.

in raisi nav payombaramonro dust namedorad???agar ne pas intizori posuxi xudovand boshed.

pz
дар масъалаи барканор шудани рохбари ориёно медиа гуфтаниям, ки шояд рохбари тозатаъин навоварихоро руи мавч пахш намояд. вобаста ба раизаи Орзу И. монед равад незаменимых нет!

Собик мухлис
Дар хонадони мо дигар ин радио садо нахохад дод, харчанд пеш аз ин хамаруза ин радиоро гуш мекардем. Бо катъи пахши хадисхои Мухаммад(с), бо рафтани Р.Чони ва О.Исоев радиои Имруз ба маънои томаш МУРД!

Махфи
Озодагон рахмат, ки хохиши хонадагонро ба назар гирифта, дар бораи Рустами Чони Ва Орзу маълумот доден. Лекин аник, ки инчо Худоёр гунахгор нест барои рафтани Орзу, охир уро чан муддат шуд аз боло хай хай хоб хоб доранд то коро тарк кунад. Шумо хуб медонед, ки мавзухое, ки орзу тахллилу бараси мекард хамаш вобаста ба ширкатхои мардум фиребкунандаи хешу табрхои одамони боло астан фикр мекунам аз болоро медонед ббббббббббббббббббббббббббоооооооооооооо
ооооооолллллллллллллллллллллоооооооооооо

ооооо.

руслан
Орзу ба фикрам фахмид, ки бо ин рохбари нав кор кардан намешавад. Ман намедонам ин Худоёр ки бошад ва дар сохаи журналистика чи хизмате кардааст.? Меган хеши Асадулло раиси кумитат телевизион аст?

Харчанд Худоёри Валиро хеле хуб мешиносам ва чанд вакт хамрохаш кору фаъолият низ кардаам, бо боварии том гуфта метавонам, ки агар саводашро як су гузошта, аз феълу рафтор ва муомилааш сухан гуем, метавон гуфт, ки махорати созиш карданро бо хеч кас надорад. Хеле шахси асабиву дагал аст ва кахру газабашро нигох дошта наметавонад. Агар саводи филологии хуб дошта бошад хам, ки дар кори журналисти ва махсусан дар эчод намудану фантазияву идея хеч коре аз дасташ намеояд. Аммо хеле хавобаланд асту худое накарда панч дакика аз абед дер ои, рассо як соат лексияи Худоёри Валиро мешунави.

Зарафшони,
Гарми кори худиш мекард хич ким вая вай намекад, балам...

Собира
ХаХахааа... Ин Кюнет харид, то Рустама аз кор гиранд. А, Рустама ки гирифтанд, дигар касе нест, ки Орзуя дастгири кунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)