Дархости сохтмончиёни ҳинд барои раҳойӣ аз асорат дар Узбакистон

Мақомоти иёлати Андхра-Прадеши Ҳиндустон аз Вазорати умури хориҷии кишвараш даъват кардааст, 250 нафареро, ки бо роҳи фиреб ба Узбакистон бурда шудаанд, аз асорат раҳо кунад, хабар медиҳад Uznews.net.
Шабакаи телевизионии NDTV дар гузорише аз Ҳайдаробод, пойтахти Андхра-Прадеш гуфтааст, ахиран мақомоти иёлат аз вазъи шаҳрвандони Ҳиндустон дар Узбакистон вазири корҳои хориҷӣ - Сушм Свараҷро огаҳ кардаанд. Палле Рагхуната Редди, вазири иттилооти штати Андхра-Прадеш ба хабарнигорон гуфтааст, сохтмончиён шаш моҳ қабл ба Узбакистон бурда шудаанд. Гуфта мешавад, онҳо бо миёнаравии ширкати Placewell HRD Consultantsи Ҳайдаробод интиқол ёфтаанд. Ба гуфтаи вазир ба ӯ муяссар шудааст бо яке аз ин коргарон бо номи Венкатеш суҳбат кунад. Ӯ гуфтааст, шиносномаҳои ҳиндуҳоро гирифта, онҳоро маҷбур мекунанд, дар якшабонарӯз 16 соат кор кунанд. Сохтмончиён ҳамчунин шикоят кардаанд, кормандони як ширкати муҳандисӣ-сохтмонии Узбакистон онҳоро лату кӯб мекунанд.
Мақомоти Андхра-Прадеш мехоҳанд, сафорати Ҳиндустон дар Узбакистон ва Вазорати умури хориҷии ин кишвар барои бо хатсайри вижа ба ватан баргардондани сохтмончиён иқдом кунад. Ба иттилои расонаҳои Ҳиндустон сафорати он кишвар дар Тошканд то кунун ин мавзӯъро шарҳ надодааст. Uznews.net ҳам навиштааст, ҷавоби онҳо барои шарҳи сафорат беҷавоб монд: "котибаи сафорат, ки зоҳиран узбак аст, ба дархости Uznews.net посух дод: “Ин масъала ба сафорат чӣ иртибот дорад?”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |