АКС: Ифтихори сафири Амрико аз атлас ва ташаккураш ба тоҷикон
Cюзан Эллиотт, сафири Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе, аз ҳамаи онҳое, ки акси ӯро бо либоси атласаш дар Фейсбук писандида ва зери он шарҳ навиштаанд, изҳори сипос кардааст. Ӯ гуфтааст, “аз ҳамаатон барои “комплимент” ташаккур мегӯям. Ман аз пӯшидани тарҳҳо (либосҳо)-и тоҷикӣ ифтихор дорам!”
Аксҳои нави хонум Эллиотт бо либоси атлас ва он ҳам гиребондор рӯзи 11 августи соли ҷорӣ дар семинари якҷояи Оҷонсии Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва ЮНИСЕФ дар Душанбе гирифта шуда, баъдан ба Фейсбук роҳ ёфт. Агарчӣ ҳоло пӯшидани атлас ба унвони либоси миллӣ мӯд аст, аммо атласи гиребондор сокинони кишварро ба ёди даврони гузаштаи Шӯравӣ мебарад.
Аксҳои Сюзан Эллиотти атласпӯш баробари пайдо шуданаш дар шабакаи иҷтимоӣ бо “лайк”-ҳои зиёд ва шарҳи корбарони тоҷик рӯбарӯ омад. Аксарият аз ин иқдоми сафири Амрико дар Душанбе истиқбол карда, онро эҳтироми самимии ӯ ба либосии миллии тоҷикон донистанд. Аз ин пештар як акси Сюзан Эллиотт ҳангоми хӯрдани қурутоб низ пайдо шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |