Пулиси молиявии назди ҳукумати Қирғизистон барои содироти ғайриқонунии сӯзишворӣ аз ҳудуди вилояти Ботканд ин кишвар ба Тоҷикистон 8 парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Тибқи иттилои расонаҳои электронӣ, аснои санҷиши қарори марбутаи ҳукумати Қирғизистон аз 15-уми июни соли 2011, ки дар бораи содироти ғайриқонунии маводи сӯзишворӣ ба имзо расида буд, чанд далел дарёфт шуд. Тафтиши молиявии пулиси Қирғизистон 16 автомашинаи ҳомили сӯзишвориро, ки ба Тоҷикистон роҳӣ буданд, ошкор кардааст. Гуфта мешавад, ҳаҷми умумии бензин ва равғанҳои молиданӣ, ки ба ҷумҳурии мо интиқол меёфтанд, 462 тоннаро ташкил медод. Мақомот гуфтаанд, арзиши бори қочоқ ҳудуди 15 миллион соми қирғизиро дар бар мегирад. {jathumbnail off}
Мӯҳр