Бахшҳо

Иброҳим Усмонов бовар дорад, ҷанги сеюми ҷаҳонӣ наздик аст

Профессор Иброҳим Усмонов, раҳбари Бунёди “Гуфтугуи тамаддунҳо” ва мушовири пешини раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба ин бовар аст, ки оғози ҷанги севуми ҷаҳонӣ наздик аст. Ӯ бо нашри матлабе дар торнамои Бунёдаш гуфтааст, “оғози ҷанги Ироқ маро ба ин мутмаин месозад”.

Усмонов бо зикри мисоле аз “Шоҳнома” симои каҳрамони ҷанги ҷаҳонии сеюмро дар мисоли Ғарб мебинад. Ӯ менависад, “Шоҳнома ин таърихи ҷанги ҷаҳониест, ки оромиву осоиштагии мардумро тайи садсолаҳо барҳам задааст. Ин ҷанге буд, ки ба ҷараёни он на танҳо тоҷикҳо ва замини онҳо (Осиёи марказӣ, Афғонистон ва Эрон) балки миллатҳои дигар ҳиндуҳо, туркҳо, чиниҳо, арабҳо ва яҳудиҳо дар симои Александри Мақдунӣ ҳамроҳ карда шуданд. Махсусияти ин ҷанг дар он зоҳир мегардид, ки тамоми амалиёт дар қаламрави як давлат мегузашт, аммо дар дохил моҷарое роҳандозӣ гашт, ки ба аксари давлату миллатҳо дахл дошт.”

Дар идомаи матлаби профессори тоҷик симои аҳримани ҷангҷўй дар асри 21 Ғарб унвон шудааст. Ӯ дар ин навиштааш гуфтааст, “оташбиёри ин ҷанг Ғарб аст ва бо таҳрики сунниву шиа дар Ироқ ин минтақаро ба коми ҷанг кашид ва имрӯз дар Ироқ бо зуҳури гурӯҳи террористи ДИИШ (ДОИШ) нооромӣ ба авҷи аъло расидааст”.

Иброҳим Усмонов мегӯяд, буҳрони Ироқ амиқтар мешавад ва хатари ба се қисм тақсим шудани ин кишвар рӯз аз рӯз бештар мегардад. Инчунин, ӯ таъкид мекунад, ҷанги Фаластину Исроил, ки ба қавли профессори тоҷик, бо таҳрики “Сестемаи ғарбӣ” 60 сол боз давом дорад, заминагузори ҷанги ҷаҳонии сеюм мебошад.

Оқои Усмонов дар ин матлаб амалиёти ахир дар Ироқу Сурия ва Украинаро бидуни дудилагӣ “ҷанги ҷаҳонӣ” номида таъкид мекунад, “ин ҳама мушкили дохилии як давлат нест”.
Мӯҳр
Спитамен
Чанги 3-юми Чахона 10-12 сол шуд, ки рафтесаи, на ба он шакле ки мо одат кардаем ва таксимоти нави 3-юми Чахон ба фазаи нихоиаш омада расидесаи.

хонанда
ха кадом руз тамом мешавад, аммо баъзе одамон 10-15 сол паси дигар мефахманд, ки Чанги 3 буд

.
Ин Иброхим Усмонов ба худ кори зур ефтааст. Бо суханхои подархаво чандин сол шуд ба гуши мардум лапша овезон мекунаду боз уро хама устод, муаллим ном мебаранд.

ДОЪИШ ҳамин САЛАФИҲОИ КАСИФАНД!!!
ТОҶИКИСТОН ПУР АЗ САЛАФӢ ШУДААСТ!
Устод Иброҳим! Зиёдтар аз хатари ин террористон ба мардум иттилоъ расонед!
Раҳмати калон!

Сабо
Устод марди шарифу начиб дурбину дурандеш сохиби дониши баланд бо тахлили амик сухан мегуянд. Дуруст аст, ки шиаву сунни гуфта мусулмононро ба коми оташ кашида еистодаанд, ки окибат хам "тару" хам "хушк" месузад

вакте буд ин профессор дар тв точикистон президентро бо овози чарангосиаш чунон таърифу тасфиф мекард ки кариб динамикои телевизорора кафонад. имруз бо итари мегуяд

Шогирд
Ин 3 "чавобнависакон"-и боло, кала гуфта кадуя бардошта гаштаанд!! Калаи онхоро каду гуфтан хам намешавад, зеро намеарзанд. Вагарна нисбати ин олими бузург ин хел гапхо намегуфтанд. Миничангхо, чанги чахони номида намешавад ".доноякон".
Бо ин 2-3 нодон, ки чунон медонам,
Аз чахл, ки донои чахон эшонанд.
Хар бош, ки ин чамоа аз фатри хари,
Хар к-у на хар аст кофираш меноманд.

Спитамен,

Донишомуз
Дар мариди чанги чахони бошад, пеш аз ин ки дар бораи он сухан гуфта шавад, аввал андеша кунем, ки дунё дар дасти кист? Хамин касоне, ки зидди Ислом муборизахоро бурда истодаанд, аз гуфтахои ин профайсур маълум мешавад, ки сенирияи чанга хамино тархрези мекунанд. Пас тарси асоси аз гарб будааст на аз мусалмонхо. Зеро мо точико як макол дорем, Кора ки мекунад, корфармо. Пас корфармо хамин гарб ки бошад, террористони асоси, хатари чомеаи чахони хамин будаанд. Мардумро гаранг карда гаштанд. Бубинед чи кадар хатар доштаанд, бо ин афкору андешахояшон. Боз мардуми мо "руншанфикро" Исломро тарк карда аз гарб пайрави карданд.

Ҳанафӣ,
Акаи Ханафи! Шинохтумут. Худут Абдуллои Мухаккики? Зинда боши. :-)

порсо
домулло усмонов дигар гап нест ки мардумро ба чанги сеюи чахон метарсонед шумо пир шудед равед хамон аштанда истирохат кунед сари мардумро вайрон накунед алк худаш аклу фаросат дорад дуненда чизе гап мешава.

Усмонов нав аз хоб хест? ..........."Профессор Иброҳим Усмонов, раҳбари Бунёди “Гуфтугуи тамаддунҳо” ва мушовири пешини раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба ин бовар аст, ки оғози ҷанги севуми ҷаҳонӣ наздик аст. Ӯ бо нашри матлабе дар торнамои Бунёдаш гуфтааст, “оғози ҷанги Ироқ маро ба ин мутмаин месозад”.....Хайфи номи профессори чанги сеюми чахон аз соли 60 и асри 20 рафта истодааст.....хайф сад хайф....мучрии чанг на танхо Гарб балки Русяих ва Эрону Исроил аст инро оё намедонед?

Алишер
чаро як бор мардумро аз хатари шиъа ё РОФИЗИҲО касе ҳарф намезанад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)