Бахшҳо
15 авг 2014 12:10Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

"Бо кандани танӯрҳо шикамамон серу шаҳрӣ мешавем?"

Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе мегӯянд, кандани танӯрҳо дар назди биноҳои баландошёна ба зарари онҳо тамом шудааст.

Соҳиба Каримова, як сокини пойтахт, гуфт, танӯрхонаашонро чор ҳафта пеш бо “булдозер” чаппа кардаанд ва ҳоло маҷбуранд нонро ё аз бозор бихаранд ва ё дар хонаҳояшон бо истифода аз барқ бипазанд. “Пеш дар танӯр нон мепӯхтем, баракат дошт. Рости гап, агар даҳ нони бозорро хӯрӣ ҳам, сер намешавӣ. Алъон аз барқ истифода мекунем, то нони хонагӣ пазем”,-афзуд ӯ.

Мусоҳиби мо дар идома аз Шӯравии пешин ҳам ёдоварӣ намуд. Ӯ гуфт, “вақте, сӣ соли пеш, ба Душанбе омадем, заводҳои нонпазӣ кор мекарданд ва ҳар субҳ гарм бо 15 тин нони гарм мехаридем. Ҳоло як “хлеб”-и серӯзаро бо нархи 2-3 сомонӣ мефурӯшанд. Ин барои баъзе оилаҳои камбизоат хеле гарон аст”.

Шавкат Саидов, сухангӯи ҳукумати шаҳри Душанбе, мегӯяд, танӯрҳо вазъи экологии шаҳрро вайрон мекунанд ва ба ҳамин хотир шикаста шудаанд. Ӯ афзуд, “шикастапораи танӯрҳо то 31 августи соли ҷорӣ аз ҳудуди шаҳр берун бароварда мешаванд. Ин набояд боиси нигаронии сокинони пойтахт шавад. Мо ҳамаи кӯчаҳоро аз шикастапораҳои танӯрҳо, ки фазои шаҳрро вайрон мекунад, тоза мекунем”.

Шикастапораи танӯрҳо, ки як моҳ пеш боиси баҳс дар саҳифаҳои иҷтимоии интернет буд, тарафдорони ин қарори раиси шаҳр ва зидди онро ба баҳс водор кард. Саидбек, ки соҳиби хонаи заминӣ дар маҳаллаи «Зарафшон» мебошад мегӯяд, аз шикастани танӯрҳо дар хонаҳои заминӣ ягон фоидае нест ба ҳукумати шаҳр: “Чаро худи кӯчарӯбҳо дар тобистону тирамоҳ баргҳои чинорро бо партовҳои партовгоҳҳо месӯзонанд? Магар бӯи ифлос ва дуди сиёҳи баргу партовҳо ҳаворо заҳролуд намекунанд? Ҳамаи ин корҳо бар зарари аҳолии ин шаҳр аст, чун дар бозорҳо як нон ки қиматаш 1 сомонисту як нафарро сер намекунад”.

Дигар сокини шаҳр, ки нахост номи худро ифшо кунад, қарори мазкурро дастгирӣ кард ва гуфт: «Шаҳр бояд шаҳр бошад, на ин ки деҳа. Чаро барои шиками дигарон ҳама ғам хӯрад? Ман дар шаҳр бузург шудам ва мехоҳам ки ҷои таваллудам монанди дигар шаҳрҳои мутамаддин бошад. Тирезаро кушода дуди танӯрро нафас накашам”.

Ба ҳар ҳол, баҳси будану набудани танӯрҳо дар пойтахт ҳанӯз ҳам гарм боқӣ мондааст.Онҳое ҳам, ки аз иқдоми шаҳрдорӣ пуштибонӣ мекунанд, мегӯянд, дар баробари кандани танӯрҳо ҳукумат бояд ғами бо ҷои кор таъмин намудани сокинонро низ хӯрад. Чун, ба гуфтаи онҳо, ҳеч кас аз сари орзуву ҳавас дар танӯр нон намепазад. “Мушкили молӣ ва камбизоатист, ки занҳои пойтахтро ба ин амал маҷбур месозад”,-мегӯянд онҳо.
Мӯҳр
Салим
ин кишлокихо омада Душанберо ба як кишлоки калон табдил доданд. хамрохи танурхояшон худашонро хам бор карда бурда дур партоед. нисфи шахр занхои гафси бугинии сатрпуш ва мардони ришдори таккабуй гирифтааст. хайфи шахри зебоям

Нонхур
Нони танури бомазза, лекин дар байни бинохои ошёнадор будани онхо ба хусну таровати шахрдори догу дуд меоранд. Шояд имконияти ба тарзи замонави тархи он вучуд дошта бошад.

Аз як тараф рост мегуянд ки хариди нон барояшон гарон аст пас ку он заводхои нон ки ба ахоли хизмат кунад?Агар 1-2 нонпазони инфироди пухтани нонро бас кунанд пас вазъият чи мешавад бе нон мемонем.Хатман як заводи нон ки хиссаи давлат дар он бошад бояд бошад.

Салим,
хайф ба хамин чавонмардиат ва ба чунин суханхоят ,ин занхои гафси сатрпуш хазор маротиба аз хамон модару хохари логару нимурёни шумо хубтару бехтаранд,боре назар ба хамон нимурёнхо кун ,эй бадбахт хато Худовандро ба дидани онхо хуш намеоя,бандаашро чи ,он мардони ришдори такабуй хазор маротиба беханд аз хамон падари беришу алкаши шумо ки хар руз буй араку сигор карда ба хона меояд аз мусулмони фаромушт аст !

Устои танур
Акнун ба гами тануркани гузаштед? Монед мардум акалан мардум нони худашонро худашон пухта хуранд. Нархи муайянкарда бозории Шумо хукуматихо 1 не 2 хам не се сомониро ташкил медихад.

Шавкат Саидов, сухангӯи ҳукумати шаҳри Душанбе, мегӯяд, танӯрҳо вазъи экологии шаҳрро вайрон мекунанд ва ба ҳамин хотир шикаста шудаанд.
Magar hamu TEC-e ki soxted vazi ekologii shahrro vayron namekunad. Tanurhoro ba hamin xotir shikasted, ki on puli barqe ki sardoroni Barqi Tojik duzdidaand, ki mesuporad? Javob mardumi odi, ana baroi hamin tanurhoro shikasted...

Пётр 5
Соли 2015- соли огози танзими РИШ эълон карда шавад. То синни 63 монданаш тамоман запрет барои кормандони давлати. Барои бокимонда, агар зарурат дошта бошад ба хотири суннат аз 40 солаги, бо дарозии 5см. Бехтараш агар риша ухаживат карда натавонанд, бигузор мисли Мухиддин Кабири ва Муфти Сайидмукаррам тозау олуфта монанд.

душанбера аму кишлокихо Душанбе кардан ба шумо мешид кайхо аз даст дода будем.

гуфти бародар дуруст аст хар бегох дар махалаи 82 микрорайон баргхо ва партовгохоро месузонанд безор шудаем ин партовгохои бугинро намегиранд ба екология зарар надораду хамо модарон ки бечорахо аз руи камбизоати ба ин кор даст задаанд зарар дорад нон пазанд

Шахр тибки мукаррароти фарханги шахри доир ва танзим бояд гардад, алалхусус агар пойтахт бошад. Тануру масчидхои багали сохтмонхои баландманзили шахри Душанбе ба вучуд омада ба хусни зебои он латма ворид менамоянд.Болои ин чавонони ришдору хонумхои ба порчаи сиёх печида, ки аз хичобу махчубият фарсаххо дуранд, ин вазъро вахимтар мекунанд. Эронихо тахти шиори "Шахри мо- хонаи мо" кишвари хешро гулгулшукуфон намуданд ва дар холи хозир фарханги шахрдории урупои бо сабки шарки омехта гардида, Техронро намунаи шахдории чахони намудаанд. Мутаассифона дар мавриди Душанбешахр ин харфхоро неметавон гуфт. Чунки ин ду дахаи охир мардум аз шуур ва фарханги шахри дур гардидаанд ва аз ахлоки ва одоби шахри нишонае намондааст

Ягонкаса чояша танг накардааст танур ва намекунад, бар фоида мардум хасту бар зарараш не. Дар хонахои баландошёна махрака мекунему лекин дар фикри кучоба як таъоми халол пухтанамонро намедонем, Танурхона хуб аст дар фасли сармо ин барки мо харруз як камбуди дорад як руз барк хасту ду руз нест, баъд чи кор мекунем дар ин хол? Хонаи Хукуматдорон рафта нон талбем ё хуроки гарм пазем?! Хаворо фикр мекунеду мардумро не?! Як маргу мурда шавад, худатон нагз медонед, ки маъракахо моро интизор аст, дар кучо мепузанд нонхою курчахоро, камтарак фикри мардуми оддию камбагалро кунед, КАМТАРАК АЗ БАРОИ САВОБ!?

Салим,
Tu Bo yagon karlugi e barluk....,,

дуст
Рости барои канди танурхо бояд аввал сатхи зиндагии мардумро бехтар кард. Маоши мегирифтаги ба нонхари намерасад. У шахсе,ки аз номи худ худори кард ягон сумдор аст. Хеч гап не танурхои баркиро чори кунед. Не дуд мекунаду не экологияро вайрон мекунад.

Я не согласен предыдущей коментарией. Во многих странах всё что недозволенна делать публично можно его узаконить например публичные дома. А речь идет о совершенно другом и без опасном для жизни и здоровья гаражан и минталитету, так у нас в городе уже какой раз разрушают эти тандыры и т.п. постройки но это не каких результатов не даёт они растут как грибы после дождя, по этому поводу есть предложения это можно узаконить под контролем отдела "Комунали манзили" (ЖУ) хукумата районов, можно организовать и построить такие помешения самим гаражанам на основе отвечаюшей облика города и требованиям санитарии со свеми удобствами (тандыр, ачак,вода, канализация и т.д.) с условием соблюдения санитарии и постепенно это искоренить не надо одним и тем же методом подходить к этому.

Шахбоз
Салим
Шахрихо дар шахр ним зиёди духтаронро танфуруш кардан. Шахрихоро Бурда ба дор овехтан даркор. Бародар мебахши кучои Душанбе ба шахр монанди дора? як бор аз болои кух ба Душанбе нигох бикун бад мефахми. Айни хол писарони шахри макасини сурху буруки танг пушида мегарданд. Агар хамон дехотихо ба Душанбе наоянд бади 5сол бисёри танфурушонро писарон мешанванд. Оли нав ба макасини сурху бруки расиданд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)