Бахшҳо

Раиси Маркази исломӣ: Баъзеҳо ба хотири курсии сабилмонда розиянд, ки...

Сайидмукаррам Абдулқодирзода – раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гуфт, дар кишвар баъзе аз курсихоҳоне ҳастанд, ки ба хотири дарёфти мақом ба қурбонӣ намудани садҳо тан омодаанд. Ӯ дар мавъизаи рӯзи 15 август дар масҷиди марказии Душанбе сокинонро ба ҳушёрӣ даъват кард ва ин гуна мансабхоҳонро “фитнагар” номид.

Абдулқодирзода бо ишора ба ҳаводиси ахири кишварҳои дунё гуфт, “бархеҳо ба хотири ҳамон курсии сабилмонда миллионҳо нафар ҳам қурбонӣ шавад, парво надоранду мегӯянд, бигзор ҳазорҳо нафар кушта шаваду ман ба он курсӣ расам.”

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ аз солҳои нооромии ҷанги дохилии Тоҷикистон ва вазъи бади сокинони кишвар дар он замон ёдоварӣ карда, гуфт, дар ин ҷанг беш аз 150 ҳазор шаҳрванди ҷумҳурӣ ба ҳалокат ва зарари он ба тамоми қишри ҷомеа расидааст: “Бегуноҳу гунаҳкор ва бесилоҳу силоҳдор кушта шуданд, аз сабаби як фитна. Кӣ зарар дид? Тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон зарар диданд, касе нест, ки надида бошад.”

Ӯ ибрози таассуф кард, бо ин ҳол боз ҳастанд нафароне, ки мехоҳанд дубора ин гуна фитнаро барангезанду ба ҳадафҳои худ ноил шаванд: “Боз ҳам инсонҳое ҳастанд, ки мехоҳанд, чунин фитнаҳо барангезанд. Таҷриба нишон додааст, агар ним соат назди телевизор шинем, мебинем дар гӯшаву канори олам чӣ ҳодисаҳо рух медиҳад.”

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар идома аз бархе намозгузорони кишвр даъват кард, ҳангоми омадан ба масоҷид даст аз фитнакорӣ ва баҳси масоили ҷузъии мазҳабӣ бардоранд. Ӯ гуфт, “бархеҳо меоянду дар саффи намоз зиёдаравӣ мекунанд ва зарари худро ба намозгузорону масҷид мерасонанд. Аз барои Худо бархеашон омаданду ин гуна зиёдаравӣ карданд, кормандони ин марказ ё масҷид соатҳо бозпурсӣ шудаанд. Дар ҳоле ки зиёдаравии онҳо сари масоили ҷузъӣ мебошад. Ин як васвасаи Шайтон аст!”

Сайидмукаррам Абдулқодирзода дар пайи ин ҳама даъвату ҳушдори худ таъкид кард, мусалмони воқеӣ нафаре аст, ки касе аз забон ё амали ӯ зарар намебинад.
Мӯҳр
мискин
Офарин Сайидмукаррам. Бехтарин пешво, ки лоики мехроби. Ба мавкеъ сухан мегуи.

Санад
Бобои мулло дуруст мегуи. Ин курсии сабилмондара приём ва передачааш дар хама давру замон проблема дошт.

Гапи ҳамин мyлло ба хyдаш бисёр дуруст меафтад. Охир шyмо агар воқеан мyлло бошедy аз шариат дифо кyнед чаро боре бар зиди қонyнҳои зиди дини сyхан намекyнед. Ҳамин кyрсиаш сабаб мешавад ки аз хати кашидагии кyмитаи дин бо раҳбарони камyнистони исломшинос набарояд. Ман ҳайрон мешавам ки инхел муллоҳо ба Хyдо имон дошта бошанд ё не

Яъкуб. Душанбешахр.
Дуруст кайд кардед домулло.Баъзехо бахри курсии сабилмонда амалхои зидди Исломиро дида хомушу сукут ихтиёр кардаанд.Гарчанде боз худро рохбари уламову мусалмонон медонанд.

Ту чй хел вазифа гирифтй? Аз барои Худо гуй, ки дилам мекафад.

Ал- Чазира
Нури ал Молики ба хотири курси шуда байни мардуми Ирок фитна андохт ва давлата тикаву парешон кард.

Ба Худо касам агар ба хотири курси намешуд дар ду дунё чаноби Шумо конуни масъулияти Падару Модарро имзо намекардед. Касам ба номи Худо агар ба хотири курси намешуд шумо дар бораи фаластин изхори назар мекардед. Озодагон аз худо итарс хамин матлабро чоп кун.

Ман на манам
Баъзе пешвоёни мазхабии моро муллохои дарбори мегуянд дарак дори? Ана онхо хам аз хисоби хамин курсии сабилмонда дарбори ва марионеткаи хукумат шудаанд. Вакте раиси шурои уламо, муфтии як кишвар аз поймол шудани хукуки мусалмононаш дифоъ карда натавонад ва дар баробари тасвиби конунхои зиддидини бар лаб кулух мемоладу сукут мекунад, бидонед, ки дар ин хам хамон КУРСИИ САБИЛМОНДА гунахгор аст! Ман намефахмам, холо хам мардум рафта мавъизахои ин нафарро гуш мекунанд? Шабакаи аввалро монед хама суханхои муфти он чо гуфта мешаванд. Ё танхо барои адои намози фарзи мераванд?

абдуллох
Курсии ту сари чан хочибахоро аз макотиб ва чавонони то 18-соларо аз масчид хурдааст, дар пеши назарат хаст??? Пас, муаллими фитнагархо номида мешави?

Рудаки
Хаха, ту ... як бор фикр кун хамон курсиро чи тавр гирифти

додгар
аммо мо ҳар ҳафта аз забону аз амали ту(руҳан) зарар мебинем чи кор кунем. шояд бешармона пурси ки чаро Чун чоплусӣ! чун ба қонунҳои зидди Худо ва зидди Ислом вокуниш нишон надодӣ. ҳамон курсихоҳоне ки мисол зади намунаи равшантаринаш ту ҳастӣ

Муаллим
Домулло! Ҳамун "зиёдаравӣ"-ро ба чӣ маъно фаҳмем? Зиёдаравӣ гӯфта, домулло чиро дар назар дошта бошад?

Назди телевизор камтар шинед, бобои мулло!

Муфти ин гуза суханхо дар ту намезебад чаро?барои онки хдт аз барои вазифаи(равгани)шуда хизмате дар дин кардаги нести!масчидхо махкам,писарон аз рафтани масочид махрум,сатр дар макотиб мань,чаро инхоро намегуи?оё хамин далели вазифа дустдори нест магар?!аз озодагон хохиш менамоям ки номаи маро ба эьтибор гиранд.

Акои Абдулло
Абдукодирзода барои чи аз курсихохон гап задию аз боздошт ва тарошидани риши чавонон не! Рузи киёмат чи чавоб мегуйи?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)