Бахшҳо

АКСУ ВИДЕО: Қазияи мошинҳои дуздӣ дар Тоҷикистон аз дурбини ARD1-и Олмон

Шабакаи телевизионии ARD1-и Олмон, ки аз тарафи ҳукумати ин кишвар сармоягузорӣ мешавад, бо пахши гузориши комил қазияи мошинҳои гаронбаҳо, аммо дуздӣ дар Тоҷикистонро шарҳ додааст. Ин шабака мегӯяд, баъд аз он ки Отто Аддо, бозигари собиқи Бундеслига ва ҳоло мураббии дастаи ҷавонони Ҳамбург иддао кард, ки мошини гаронарзиши ӯро ҳамагӣ баъд аз чанд рӯзи харидорӣ кардан аз назди хонааш рабудаанду ҳоло наметавонад, онро пайдо кунад, тасмим гирифт, ин масъаларо пайгирӣ кунад. ARD1 мегӯяд, Отто Аддо мошини худро ба қимати 80 ҳазор евро харида буд.

Ба иттилои ин телевизиони маъруфи Олмон, хабарнигоронаш барои таҳқиқи ин раванд ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон омадаанд. Онҳо, ки бо таҳияи як гузориши видеоӣ ибтидои моҳи августи соли ҷорӣ аз натиҷаи таҳқиқоти худ хабар додаанд, мегӯянд, мошини “Range Rover”-и Отто Аддоро дар яке аз хиёбонҳои шаҳри Душанбе – пойтахти Тоҷикистон дидаанд.


(Видео ба забони олмонист)

Баҳси Берлину Душанбе дар бораи мошинҳои дуздӣ замоне расонаӣ ва ошкоро шуд, ки рӯзномаи олмонии “Bild” рӯзи 19 декабри соли гузашта бо интишори матлабе гуфт, ҳудуди 200 мошини дуздидашуда дар Олмон дар Тоҷикистон қарор доранду дар ихтиёри дӯстон ва наздикони Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури кишвар ҳастанд. Ин нашрия дар шарҳи гуфтаҳояш илова карда буд, аз ин миён 93 сабукрав BMW будаанд.

Ин иддаои нашрия, бар асоси иттилои рӯзномаи “Handelsblatt”, аз сӯи мақомоти пулиси Олмон гӯиё тасдиқи худро он замон ёфта буду моҳи майи соли ҷорӣ расман ба Вазорати адлияи ин кишвар расман муроҷиат шудааст. Аммо мақомоти тоҷик ин иттилоъро муғризона медонанду мегӯянд, даъвои ҳамтоёни олмонии онҳо асосе надорад. Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар шарҳи ин қазия гуфта буд, “кас намедонад, чӣ тавр аз Олмон 200 сабукрав дуздида шуда ба Тоҷикистон ворид гардидааст. Дар ҳоле ки аз Олмон ва дигар кишварҳои Аврупо на мошин, ҳатто сӯзанро дуздидан ғайриимкон аст.”

Нашри натоиҷи эълони таҳқиқоти Шабакаи телевизионии ARD1-и Олмон дар бораи мошинҳои дуздии кишвараш дар Осиёи Марказӣ дар ҳолест, ки як гуруҳи хабарнигорони олмонӣ охирҳои моҳи июни соли ҷорӣ бо Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мулоқот карда буданд. Онҳо дар ин дидори худ бо вазири умури дохилии кишвар, масъалаи мошинҳои дуздидашуда аз Олмонро баррасӣ намудаанд.

Рамазон Раҳимзода дар дидори худ бо хабарнигорони олмонӣ аз матлаби нашрияи “Bild” дар бораи мошинҳои дуздӣ ибрози нигаронӣ кард. Раҳимзода гуфта буд, муттаҳам шудани сокинони Тоҷикистон аз сӯи ин нашрия дар истифодаи мошинҳои дуздӣ асос надоранд. Ӯ дар шарҳи гуфтаҳояш афзуд, “мошинаҳое, ки ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд, аз давлатҳои Олмон ва Соҳили Балтик тавассути роҳи оҳан ё бо гашти худ оварда мешаванд, ки дар чунин ҳолат масофаи беш аз 6-7 ҳазор километрро тай намуда, аз ҳудуди кишварҳои Созишномаи Шенген, аз ҷумла, Олмон, Полша, Литва, Латвия ва давлатҳои аъзои ИДМ -- Русия, Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон мегузаранд.”

Вазир аз ҳаққи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ноогоҳона мошинҳои рабудашударо мехаранд, дифоъ намуда, изҳор дошта буд: “Судҳои Тоҷикистон, шаҳрвандони ҷумҳуриро, ки айни замон соҳиби воситаҳои нақлиёти мазкур буда, онҳоро аз дасти сеюму чорум соҳиб шудаанд, ҳамчун харидори бовиҷдон, эътироф кардааст.” Раҳимзода далел овардааст, ки “мувофиқи банди 8-и моддаи 12-и Конвенсияи СММ аз соли 2000-ум «Муқобили ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ» таъкид гардидааст, ки ҳолати моддаи мазкур ба маънои зарар расонидан ба ҳуқуқҳои харидори тарафи сеюмро надорад.”

Раҳимзода таъкид кард, ба вуруди мошинҳо ба кишвар шахсони алоҳида машғуланд ва ҳангоми бақайдгирӣ пурра аз санҷиш гузаронда мешаванд: “Аз ҷумла, дар Котиботи генералии Интерпол базаи ҳисоботӣ вобаста бо воситаҳои нақлиёти рабудашуда аст, ки тибқи он низ санҷида мешаванд. Ҳар як автомашинаи ба қайд гузошташуда, тавассути системаи ASF ва I-BATCH, ки бо Котиботи генералии Интерпол пайваст гардидааст, тафтиш карда мешавад.”

Ӯ дар пайи ин иддаои мақомоти пулиси Олмон бо таассуф гуфт, соли 2014 аз ҷониби Вазорати умури дохилӣ ба Бюрои Миллии Марказии Интерполи Висбадени Олмон дар бораи 21 автомашинаи рабудашуда мактуб равон карда шудааст, вале, то имрӯз ягон ҷавоб нагирифтаанд: “Аз соли 2011 то имрӯз 123 далели автомашинаҳои дуздидашуда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, ки 78-тои он аз ҳудуди Олмон мебошад. Бо ташаббуси Вазорати умури дохилӣ минбаъд амалӣ намудани бақайдгирии автомашинаҳои зикргардида, манъ карда шудааст.” Вазири умури дохилии Тоҷикистон таъкидан изҳор доштааст, ки аз 78 мошинаи дуздидашудае, ки аз Олмон оварда шудааст, ягонтоаш ба наздикони аъзои ҳукумат тааллуқ надорад ва хабари рӯзномаи олмонии «Билд» беасос мебошад. Раҳимзода, инчунин, аз он изҳори тааҷҷуб кардааст, ки “автомашинаҳои рабудашуда, тавассути системаи GPS, баъди ду-се моҳи дуздида шуданашон муайян карда мешаванд. Саволе ба миён меояд, ки барои чӣ ҳангоми гузаштани сарҳадҳои як қатор давлатҳо мақомоти дахлдор аз ҷумла (политсия, гумрук ва ғайра) пеши роҳи мошинрабоёнро намегиранд.”


АКСУ ВИДЕО: Қазияи мошинҳои дуздӣ дар Тоҷикистон аз дурбини ARD1-и Олмон

АКСУ ВИДЕО: Қазияи мошинҳои дуздӣ дар Тоҷикистон аз дурбини ARD1-и Олмон

АКСУ ВИДЕО: Қазияи мошинҳои дуздӣ дар Тоҷикистон аз дурбини ARD1-и Олмон

АКСУ ВИДЕО: Қазияи мошинҳои дуздӣ дар Тоҷикистон аз дурбини ARD1-и Олмон

АКСУ ВИДЕО: Қазияи мошинҳои дуздӣ дар Тоҷикистон аз дурбини ARD1-и Олмон

АКСУ ВИДЕО: Қазияи мошинҳои дуздӣ дар Тоҷикистон аз дурбини ARD1-и Олмон

АКСУ ВИДЕО: Қазияи мошинҳои дуздӣ дар Тоҷикистон аз дурбини ARD1-и Олмон

АКСУ ВИДЕО: Қазияи мошинҳои дуздӣ дар Тоҷикистон аз дурбини ARD1-и Олмон

АКСУ ВИДЕО: Қазияи мошинҳои дуздӣ дар Тоҷикистон аз дурбини ARD1-и Олмон

АКСУ ВИДЕО: Қазияи мошинҳои дуздӣ дар Тоҷикистон аз дурбини ARD1-и Олмон
Мӯҳр
ИН МОШИНХОИ ГАРОНКИММАТРО КИ ХАРИДОРИ КАРДААСТ? ПУЛИ КИ ИН КАДАР БИСЕР БУДААСТ КИ ЧУНИН МОШИНХОРО ХАРИДААСТ.

Некбин
Бояд одат ва эътироф кард, ки бизнесменхои Точикистон бо мехнати халолашон сохиби кушк ва мошинхои гаронбахо шудаанд ва андози давлата саривакти пардохт менамоянд. Хатто закоти молашонро низ медиханд.

Агар камтарак вич,дон дошта бошед, руйхати ак,к,алан дуздидашудах,ояшро бароред! Ягон наздики авлоди х,укуматдорон чунин мошинх,оро ба номи худашон ба к,айд намегиранд!

Dev
Ajoib video, vale olmoniho boyad moshinhoyashonro dar sarhadi gejropa nigoh medoshtand, to sangi malomatro ba sari sanghuri tojikon zadana.Injo dar video meguyand,ki az 25 moshini didavu sanjidaashon 24 toash duzdist va ruirost sharm nadoshta meguyand,ki inhoro tojikoni kashok duzdidaand.Kase az hukumatdoron nest,ki in guna vokeahoro ba zuddi rohi hal ebad, chunki in zarbaho ba millat ast.Dar video meguyand,ki moshinhoi duzdi az nazdikoni oila ast, pas oilaro meboyad nomi millatro dogdor nakunand, garchande pur az dog shud.
Behtar mebud in habarnigoroni behabar meguftand,ki tojikon moshinhoi duzdiro az Litva meharand va hamin guna ham hast, injo tojikon chi gunoh dorand. ARD -ya ba sud , bo habarnigoroni rustaborash sofort-ba zudi, inho beshak gumoni ruhoro kardand,ki tojikro chi kadare zani hej harf namezanad.

Анамун жучёке ки через GPS мошина ёфта мешавад меканан, факат агар раками матори мошина донан через хавай ракам ёфтан мумкин. О ин мошинои кимат аз кучо. Инро бояд гумрук тафтиш кунад. Мухтарам Рахимзода ба инаш чи бахона мекунад? Малум шуд ин хама мошинои киматбахои аъзои хукумату наздикони президент аз кучо будаанд! Вай халки бечораи точик нест фиреб куни, вай немис аст на точик, вая Германия мегуян на Точикистон!

О бародарони мухтарам чаро хама айбро факат ба сари Точикон мезананд.Пеш аз онки мошинхо ба хоки мо дароянд аввал ба Литва.Руссия.Казокистон.Узбакистон баьд ба Точикистон медароян.чаро гумруки ин давлатхоро гунахгор намекунанд???????

tj
Матали. Точики? Чизта рахбиги. Хамсоята
Дузд нагир.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)