Бахшҳо

Пешбинии Ҳайдар Ҷамол аз "тағйироти бузург" дар Тоҷикистону ҳамсояҳояш

Ҳайдар Ҷамол, фаъоли ҷамъиятии Русия, бовар дорад, ба наздикӣ Осиёи Марказиро тағйироти бузурге интизор аст, ки ҳатто ба иваз шудани табақаҳои болоии кишварҳои минтақа сабаб мешавад. Оқои Ҷамол ин ҳарфҳоро дар як суҳбаташ бо хабарнигорон дар маркази Қирғизистон баён доштааст.

"Имкон дорад, низои байни кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистону Узбакистон ҳам сар занад”,-пешбинӣ кардааст ӯ.

Ба гуфтаи Ҳайдар Ҷамол, равандҳои ношӣ баъд аз пайвастани Қрим ба қаламрави Русия наметавонад, нисбат ба қишри элитаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки мустақиман бо Кремл пайвандӣ доранд, бетаъсир бошад: “Владимир Путин – раиси ҷумҳури Русия бо шомил кардани Қрим ба қаламрави кишвараш ба доми мухолифини худ дарафтод, ки миёни қишри элитаи рус ташкил шуда буд.” Ҷамол бар ин аст, ки мухолифини ҳукумати феълии Русия бо сард кардани равобити миёни Ғарб ва Путин, ки дуюмӣ инро намехост, ба ҳадафи худ расидаанд.

“Аз ин рӯ, таъсирнокии Маскав дар ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои пасошӯравӣ заиф шуда, дар натиҷа режимҳои Осиёи Марказӣ, ки вобастаи Кремл мебошанд, бо аз даст додани ҳимояти он зиёд давом нахоҳанд карду давоми як соли охир дар минтақа тағйироти элита хоҳад шуд”,-таъкид дошт ин фаъоли ҷамъиятии Русия.

Ӯ дар тақвияти суханҳои худ таъкид мекунад, ҳаводиси охири миёни Киев ва Маскав, аз ҷумла бархӯрди низомиро як соли пеш дар яке аз расонаҳои украинӣ бо нашри матлабе гӯиё пешбинӣ карда буду он замон расонаи мазкур онро сенарияи тахайюлӣ арзёбӣ кардаанд. “Баъдан дидем, ки гуфтаҳои мо ба ҳақиқат пайваст”,-гуфт Ҳайдар Ҷамол.

Ин коршинос бар ин аст, ки Чин аз суботи минтақаи Осиёи Марказӣ манфиатдор несту дар сурати ба миён омадани нооромиҳо Русия таъсирнокии худро аз даст медиҳад ва роҳро ба чиниҳо хоҳад кушод. “Даргириҳо дар ин минтақа, аз ҷумла миёни Душанбе ва Тошканд пешбинӣ мешавад, ки дар натиҷа тағйири қишри элита низ эҳтимол дорад. Чун ин ҳар ду режим, чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар Узбакистон “дастсохт”-и Русия мебошанд. Агар пояи ҳукумати Кремл ларзад, имкони бақои ин режимҳо низ дигар вуҷуд надорад”,-шарҳ дод ӯ.
Мӯҳр
Ведма
Сенсейшн, Окой Чалол -барномаи битва экстрасенсоро гузаронидесаи.

Номдор
Аз Худо мехохем ки зудтар нафакат пояи ин Кремли манхус ларзад балкиаз решаву бун канда шаваду хамин мардумони машаккатдидаи минтакаи Осиёи Миёна мисли пеш аз Балвои Уктабри соли 1917 бо осудагиии хотир ва мисли мардум зиндагонии худро давом диханд.. хамаи нахсу касофатихоро хамин Шурави овард 50 сол хуни мардуми Осиёи Миёнаро макиду хурд то аз соли 1968 то соли 1989 як насл бехтар зиндаги кунад.. Аслан мо мардуми гайрирус барои чи бо Гитлер чангидем агар Гитлер меомад хамон Маскава мегирифт дар зехни насли хамондавраи мо бо фиребу зуриву итна тафаккури галати Гитлербадбини ва ё Америкаву исломбадбиниро гунониданд ва бузургтарин иштибохзи мо хамин буд..

ХАМААШ ДАР ДАСТИ ХУДОВАНД АСТ.

Юнити
Номдор. Ба гузашта саловот. Зинда бод Точикистон. Аз таърихи талхи гузаштагон бисёр сабак гирифтем. Бовари дорам, ки насли имрузаи точик хатогихои гузаштаро такрор намекунанд. Мо дигар ягон акидаи берунира, дар кадом шакле набошад, кабул кардани нестем.

путин
чавоб ба номдор гуш кун ту хам мисли Фашистони украина ту ва ахли оилаат барои пули амрико шуда хам ватан ва хам динатро фурухтаи

99
Ин "авлиё" корманди КГБ аст.
Ин корҳоя медона ва худаш иштирокчию нақшакаши чунин корҳои шуму ҷиноист! Барои ҳамин бо боварӣ гап мезанад!

Маш
Худованд бузургтар аз хамачиз ва хамакас аст ва у медонад, ки дар Точикистон ё Олам чи вокеа мешавад. Мо талабе аз Парвардигор дорем, ки Точикисто аз инхам дида ободтар ва тинчтар шавад...

хочи
Усмон
Узбакистон алакай “дастсохт”-и Русия нест. У бо Амрико пайвандтар аст. ВА баръакси суханони ин коршинос ман фикр мекунам, ки Чин аз суботи минтақаи Осиёи Марказӣ манфиатдор АСТ!!!!!

тура
озодагон дидики номи рахмон хаст дигар метарси барои чопаш тухам мисли лагандбардори хукумати дигар хеч

Худшо ду нафаранду дар наздашон 5 баклажка об. Инхо ин кадар об менушидаанд а?

номдор. ин хама навиштачотат харза асту халос. русияро худованд худаш назар кардааст у хеч гох заиф нахохад шуд. инро холо вакт нишон медихад.худованд русия ва мардуми поктинату некандеш ва хайрхохи мардуми асили точикро зери панохаш нигах дорад. аз урусе ки ба осиеи маркази бунедкори овардааст ин кадар бадбини накунед ки ношукриатон чинихоро ба саратон бор накунад.

Русиях русиях аст ва у шарманда шудааст бо гасби Крим ва вайрон кардани Украина......навбати Точикистон шуд...худованд дар панохаш гирад аз дасти ин госиби номард

Номдор
холи вакт нишон медихад бо кутахназари бахо додан лозим нет бародарон.. русия- боз мегуям барои он ки моро гулом нигах дорад 150 сол боз барнома мерезад ин маълум.. дар замони репрессияи Истолин факат точик кушта шуд.. дар Чанги Бузурги Ватани бештари нафароне ки дар чанг ва акибгох кушта шуданд точикони Осиёи Миёна буданд.. дур намеравем хамин Рогуна сохтанашда хам ягона кишваре ки мухолиф мешавад боз Русия хохад буд.. ана мебинед. ва хеч вакт нахоста ки мо точикон бо хам бошем моро дар 4 -5 кишвари дунё пора пора карду монд.. дигар ин ки ба чанги Афгонистон асосан точикхоро эъзом кард ва дар холи хозир дар Русия тафаккури зидди точики дар авч аст.. хар чое ки дар асри 20 ва аввали асри 21 точик пешпо хурд хамин давлати Иванхо буд... Худованд бинотар аз мо хаст ва хохед дид ки Худо агар мо гунахкор бошем чазои моро ва агар давлату сиёсати хар кишвари истеъмори гунахкор бошад чазояшро хохад дод хамчунон ки коммунситхоро чазояшро Худованди поку бузургмартаба дод зеро бештарини инсонхо аз сиёсати коммунизм дар торих кушта шудаанд..

Ту аз кучо медони ки Россияра Худо назар кардагияй.. аз Номи Худо гап назан хак надори вакту соат нишон мета холи ягон хешта мурдаша ай Россия наёвардиян бад мефахмиди..

Русия ин кадар ту пурзури, ин кадар ту зуру тавонои , илохо доимо чунин боши.илохо заминат пурбор шавад, ва мо мисли пешин зиндаги ба сар барем.Омин.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)