Бахшҳо
19 авг 2014 12:04Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Озодии додари муовини раиси Кумитаи амнияти миллӣ аз зиндон

Фаридун Умаров, маъруф бо лақаби “Пантера” ва додари Мансур Умаров – муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, ки моҳи августи соли 2012 ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд, озод гардидааст.

Парвин Ализода, сухангӯи Раёсати ислоҳи ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон, бо тасдиқи ин хабар гуфт, оқои Умаров дар зиндони низомаш шадид нигаҳдорӣ мешуд ва аз чаҳор се ҳиссаи муҳлати ҷазояшро сипарӣ кардааст. “Бар асоси моддаи 80-и Кодекси ислоҳи ҷазои ҷиноятӣ агар маҳкумшуда дар ин муддат қонуншикание накарда бошад, ба шарти аз ҷои зисташ берун нарафтан ва ҳозир шудан ба муассисаи ислоҳӣ озод мегардад”,-шарҳ дод хонум Ализода. Дар мавриди он ки чигуна муҳлати зиндони Фаридун Умаров зуд гузаштааст, сухангӯи Раёсати ислоҳи ҷазои ҷиноятӣ гуфт: “нисбат ба ӯ қонуни авф татбиқ шуда буд”.

Фаридун Умаров, мулаққаб ба “Пантера” охирҳои соли 2011 аз сӯи маъмурони Оҷонси зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон ба ҷурми иштирок дар қочоқи маводи мухаддир боздошт гардид. Оқои Умаров он вақт ба ҳайси сардори бахши мубориза бо маводи мухаддири ноҳияи Фархори вилояти Хатлон кор мекард.

Баъдан, моҳи августи соли 2012, Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Фаридун Умаров ва гуруҳи ӯро, ки Рустам Ҳайитов, маъруф ба Хаммер, низ шомили он мебошад, ба ҳафт соли зиндон маҳкум кард. Бар асоси қарори ҳамин додгоҳ Рустами Хаммер 24 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд.
Мӯҳр
Муйсафед
Нисбат ба У конуни авф татбик шуда буд???????? Факат барои у????? барои дигарон чи? Хонум Ализода аз нодони ин гапхоро зада бошад ё мардумро масхара карда истодааст?

Чаъфар
якумин бор аст, мефахмам, ки дар конунгузории кишвар ингуна конун будааст. ААА шояд ин конуни бачои барои хамингурух одамони КРИША дор аст Наход, ки гайри чаноби Умаров дар зиндон каси дигар ёфт нашуда бошад, ки ахлоки хамида дошта бошанд?!

Пантера аз Хаммер чусту чолоктар будааст. Сад афсус, як камбагал бо 1-2 килло маводи мухаддир 10-12 сол чазо мегирад. Лекин конунхо барои камбагалон навишта шудаанд. recourse

Бадахшони
Ин конун барои деконбачахо ва бечорагон,яъне мухлаташонро то занги охир мешинанд.

СТУДЕНТ
МАНА МАРХАМАТ ДЕМАКРАТИЯВУ ОЗОДИВУ АДОЛАТ. РУИ ХАМИНХЕЛ КОНУНГУЗОРИ СИЁХ КИ КОНУН ФАКАТ ДАР КАМБАГАЛ ТАЪСИР ДОШТАС НА ДАР БОЮ КРИШАДОР . УФФФФ САД АФСУСИ ЗАМОНАИ БЕ ИСЛОХ.

Акбар
Боз Бародараш Мв Шарм нокарда мегуяд ки Доир ба наркотик Ахборот биёред Ба Фикрам Кришаи Фаридун Умаров Хамин бародараш мебошад Агар Хамин Наркотикро аз дасти ягон Камбахал меёфтанд камаш 20 сол хабс мешуд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)