Бахшҳо
20 авг 2014 08:58Тоҷикистон / Сиёсат

Сафари Раҳмон ба Суғд ва ифтитоҳи меҳмонхона дар Чкалов

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, субҳи чоршанбе ба вилояти Суғд рафт ва сафараш ба шимоли кишварро аз ифтитоҳи як меҳмонхона дар Чкалов оғоз бахшид. Меҳмонхонаи “Сипеҳр”, ки аз сӯи соҳибкор Фазлиддин Ҳасанов бунёд ёфтааст, аз 3 ошёна иборат мебошад.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми ифтитоҳи меҳмонхона гуфтааст, “дар шароити афзоиши таваҷҷуҳи сайёҳону сармоягузорони хориҷӣ ба Тоҷикистон бунёди зербинои сайёҳӣ, аз ҷумла сохтмони меҳмонхонаҳои хурду миёна ва бузург хеле муҳим аст”. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ҳадафи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд ошноии бевоситаи ӯ “бо вазъи зиндагии мардум ва бо рафти корҳои созандагию бунёдкорӣ” будааст.

“Тайи ин боздид Эмомалӣ Раҳмон як зумра корхонаҳои нави истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳи истеҳсоли нах ва ришта аз сангҳои базалтӣ, корхонаи тавлиди сангу шағал ва асфалт, корхонаи масолеҳи сохтмонии оҳану бетонӣ, як меҳмонхона ва як мактаби нав чанд иншооти варзишӣ ва биною муассисоти дигарро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар чорабиниҳои бахшида ба арафаи солгарди навбатии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иштирок хоҳад дошт”,-омадааст дар торнамои раиси ҷумҳур.
Мӯҳр
Нишон
Аввалан офарин, ба созандагию бунёдкории мардуми Сугд. Аз ин пешрави мо точикон халоват мебарем. Сониян, ба назари ман чунин мерасад, ки дар дигар манотики кишвар сохибкорон ин тавр фаъол нестанд.

Cугди
бо кушодани мехмонхонаю, чойхона чи хел аз холи мардуми шимол бохабар мешад? Водии Зарафшон ба гушаи фаромуши рафтаги аст...

Сайхун
мардуми захматкашу таърихан точиру созандаи Сугдро ташвиш надихед, аз рохбандихои бемаъни зиёни чидди ба халки бечора ворид мегардад, бас аст, чойхона , фантан , каштан иктисодиётро бардоштан лозим ва ахолии кишварро ба чои кор таъмин намоед.

Фазлиддин Хасанов писарамаки Саъдулло Хасанов- Ориёнбонк... Хеш дия!

kosh ba kulob tez-tez merafted janobi oli prezident omad gufta xele obodiho meshavad.

Модари точик
Ин рахбандихо танхо ва танхо ба хотири ободонии минтакахои Точикистони сохибистиклол аст. Мутаассифона, на дар хамаи минтакахои Точикистон сохибкорон чунин фаъоланд. Агар чунин ташаббусхо аз чониби сохибкорон дар дигар манотик пайгири мешуданд, хеле хуб мебуд...........Умедворем, ки минбаъд дар тамоми нохияхои дурдаст сохибкорони ватани ба таъсиси корхонахои хурду бузурги истехсоли диккати чидди дода, дар ташкили чойхои нави кори сахм мегузоранд!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

ислом.70mail.ru
Бародар бо тахаллуси Хеш! Чаро мо факат айбчуи мекунем аввал ки ин Фазлиддин Хасанов аз Масчох мебошад дуввум ки дар кучое ки Хасанов бошад хеши Хасан гуфта мегардем? Севвум ин ки бигузор хеши Хасан бошад мухимаш ватвнро обод кунад. Зинда бод ободкорхо!

асфалт
Истехсоли асфалт

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)