Бахшҳо

Ватандӯст (патриот) кист: Ман, ту, мо ё Шумо?

Сайф САФАР

Чанд рӯз пеш, дақиқтараш баъд аз нашри як матлаб, аз сӯи дӯсте барои меҳандӯст (патриот) набудан муттаҳам шуда. Ӯ бо ҳамон таърифи классик аз меҳандӯстӣ ба “тарбия”-и ин фақир пардохт.

Мегӯяд, Ватанро бо ҳама каму костияш бояд дӯст дошту набояд зиёд гила кард. Чун медонам, ки теъдоди дӯстоне инчунинӣ кам нест, тасмим бар ин шуд, ки посухи он иттиҳомро бояд дар маърази ом(м) дод, то ба гӯши ҳамагон ба якбор бирасад.

Самуел Ҷонсон, шоир ва нависандаи англис, дар робита ба меҳандӯстӣ мегӯяд, “меҳандӯстӣ паноҳгоҳи охирини разилон (хабисон) аст”. Ҷонсон ин каломи машҳурашро замоне гуфта буд, ки дар саҳнаи сиёсии Англия ду ҳизби ба ҳам мухолиф “Тори” ва “Виг” арзи вуҷуд доштанд ва дағдағаҳои сиёсии муаллиф наздик ба ҳизби ҳоким буданд. Дар ниҳоят, сиёсати ҳизби ҳоким, ки Ҷонсон ҷонибдори он буд, Англияро дучори як фоҷиаи сиёсӣ кард, ки дар натиҷа англисҳо дар ҷанг бо озодихоҳони Амрико (1775-1783) мағлуб мешаванд.

Баъдтар, Ҷеймс Босвел, муаллифи китоби “Зиндагии Самуел Ҷонсон” навишт, манзури Ҷонсон онҳое будаанд, ки танҳо шиор мезаданд ва меҳандӯстии дурӯғин доштаанд. Ин гуфтаи Ҷонсон то имрӯз, бахусус дар мавриди ҷомеаи мо ва воқеиятҳои имрӯзинамон, сидқ мекунад.

Аз нигоҳи ман меҳандӯстӣ рустанӣ нест, ки дар ҳар ҷойу беҷо сабзаду нумӯъ кунад. Дастгоҳи идеологияи давлат бо фишангҳои худ онро дар замири ҳар шаҳрванд мепарварад. Агар Шӯравии собиқ дар баробари шеъри кудаконаи “Ватанам СССР, Гулшанам СССР” ба амалӣ шудани он намекӯшид, патриот шудани фарзанди он замон ҳам баид буд. Ёдам нарафтааст, ҳамдеҳаам ҳангоми баргаштанаш аз хизмати ҳарбӣ ва раҳгум заданаш дар истгоҳи роҳи оҳан қисса мекард. Бар бунёди гуфтаҳояш, дар айни ҳамон парешонҳолӣ, ки пулисро дидаасту кумаки зиёде аз ӯ пурсидааст, мегӯяд: “Ангор, падарамро дида бошам ва воқеан фахр кардам, ки шаҳрванди чунин як кишваре ҳастам”. Ҷавҳари мисолҳои боло ин аст, ки то шиорҳои меҳандӯстона амалӣ нашаванд, интизор шудани як патриоти ростин кори саҳле нест.

Дар Амрико, ки мардумаш бо амрикоӣ будани худ ифтихор мекунанд, масъалаи меҳандустӣ пас аз ҳаводиси 11 сентябри 2001, ба як баҳси ҷиддӣ мубаддал шудааст. Яъне, бештари амрикоиҳо ин қазияро кори худи Амрико медонанд ва ин меҳандӯстӣ ва ҷонибдории онҳо аз сиёсати давлатмардони ин сарзаминро хадшадор кардааст. Дар ин робита як блогнавис навиштааст: “Моҳияти меҳандӯстӣ пас аз ҳамла ба осмонхарошҳои Амрико ба яке аз баҳсҳои хеле ҷиддӣ табдил шудааст. Меҳандӯст будан, яъне чӣ? Ин танҳо алвонҷ додани парчами Амрико аст? Оё меҳандӯстӣ танҳо бо хондани суруди “God Bless America” (Худо, Амрикоро нигаҳ дор) хулоса мешавад? Фақат ибрози ҳимоят аз ҷанги мо алайҳи терроризм аст?”

Ин блогнавис дар идома менигорад: “Агар меҳандустӣ фаротар аз посухи ин пурсишҳо нест, он воқеан, чизи арзишманде набудааст. Ман қатъан бар ин нестам, ки алвонҷ додани парчам ва хондани суруд иштибоҳ ва аҳмақона аст. Ба ҳеч ваҷҳ. Вале онҳо шириниҳои рӯйи кӯлчақандро мемонанд, ки зоҳири онро зебо ҷилва медиҳанд. Меҳандӯстии воқеӣ фаротар аз ин чизҳост. Ин як чизи чандсатҳӣ аст на сирфан як тоблуи аз рангҳои сурху сафеду сабз, ки дар раҳпаймоӣ ба даст бигирӣ”.

Аммо, дар сурати хулоса кардани меҳандӯстӣ бо чизҳои зоҳирӣ ба ҷуз аз ҷой додани Шумо дар паноҳгоҳи Самуел Ҷонсон, чораи дигаре надорем.
Мӯҳр
муходжир
Аз дасти хамин хукума хамин ватан хам дар назарамон шум шудааст. Онхо худро сохиби ин ватан мешуморанд, мо бошем дар ин чо квартирант.

Бародари азиз Сайф. Самуел Чонсон, Чемс Босвел гуфтааст.... монед ин сафсатахоро. Дар бораи механдусти А. Чоми, А. Рудаки , Шохин, ва гайрахои форсзабон кам гуфтанихо доранд. Точикон дар вакту рузи даркори сарчаъм ба хамагуна душман бо номуси баланд ва механдустии точикона мукобилият нишон медиханд.

с
said,

Точикон факат як чойи якдигарро мекобанд.

Чаноби окои Сайф!!! Агар ту Ватандро дуст намедори ва ин эхсосро надори мушкилне нест, рав шахрвандии ягон кишварро бигир ва рохат кун!!! Ватандусти чи рабте ба фаъолияти бади хукуматдорон дорад. Онхо хукумат мекунанд (хуб ё бад) ва мераванд вале ВАТАН барои механдустон мемонад!!!!

Точик
Хукумат чисту механ чист сарфахм нарафта мисли ..... рафтор кардан нашщояд. ХУКУМАТ ВАЗИФАИ ХУД МЕДОНАД, КИ ВАТАНПАРАСТИРО ТАЛКИН КУНАД АММО ИН ТАНХО БАРОИ НИГОХ ДОРШТАНИ ХОКИМИЯТ КОФИ НЕСТ КУ. ХУКУМАТХО ИВАЗ МЕШАВАНД ВАЛЕ МЕХАН ХАМОНО МЕХАН АСТ.

ватандуст
Барои ин ба саволхо чавоб додан бо мафхуми ватанро тахлил ва вошикофи кунем.. ватан аз назари ки чист ва кучост.. масалан баъзе ватан гуфта хамаги аз хонааш то 40 умин хамсояша медонад ва ё баъзехо кишлокаша баъзе шахр ва баъзе тамоми кишварро.. аммо ормонватанхое хастанд дар зехни точикони факур ва гаюру дурбину дарозандеш.. ин ватани ормонии мо сарчамъии точикони тамоми чахон аст дар ватани падарии худ ва бо потахтхои ачдоди ки дар дасти нокасону малъунон аст албатта тахти мустамликаи як гурух мугулбачахо..мо то ба он ормоншахр ва армонватанхои худ нарасем на динамон комил мешавад на илмамон ва на хирадамон.. ва нокис хохем буд..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)