Бахшҳо

Эълони 30 миллион $ мукофот барои пайдо кардани 5 пешвои Ҳаққонӣ

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои муайянкунандаи макони будубоши 5 пешвои шабакаи террористии “Ҳаққонӣ” 30 миллион доллар мукофот эълон кардааст. Ин эълон рӯзи 20 августи соли ҷорӣ тавассути Вазорати умури хориҷии Амрико интишор шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ин раҳбарони гуруҳи Ҳаққонӣ, ки аз онҳо Азиз Ҳаққонӣ, Халил Раҳмон Ҳаққонӣ, Яҳё Ҳаққонӣ ва Абдуррауф Зокир Ҳаққонӣ ном бурда шудааст, ҳамагӣ дар пайгарди қонунӣ қарор дошта, барои маълумот дар бораи макони будубоши ҳар яке аз онҳо 5 миллион долларӣ мукофот дода хоҳад шуд.

Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, нафари панҷуми онҳо Сироҷуддин Ҳаққонӣ ном дошта, ҳар кас макони зисти ӯро пайдо кунад, соҳиби 10 миллион доллар хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Амрико соли 2012 барои пайдо кардани макони будубоши ӯ 5 миллион доллар мукофот эълон карда буд.

Шабакаи террористии Ҳаққонӣ, як гуруҳи мусаллаҳи мустақар дар минтақаи марзии Афғонистон бо Покистон буда, амалиёти низомиеро алайҳи нерӯҳои ҳарбии Амрико ва НАТО дар кишвари дуюмӣ анҷом медиҳанд. Раҳбарии ин шабакаро, ки бо гуруҳи Толибон иртиботи қавӣ дорад, Ҷалолиддин Ҳаққонӣ бар уҳда дорад. ИМА шабакаи Ҳаққониро як “хонаводаи ҷинояткор ва қочоқбарони марзӣ” медонад.
Мӯҳр
Биржа
Амрикора пулу паисааш зиёд будааст. Ин Хакконихо ба 1 сомони арзиш надоранд.

Ин амрикоиҳо фақат мурданашонро намедонанду бас. Шояд онҳо бо эълони мукофотпулӣ дар ивази маълумот, месанҷанд, ки кихо дар бораи терористхои тайёркардаашон медонанд. Ку ки медонад, ки терористҳои онҳо дар куҷо пинҳонанду чи кор мекунанд. Терорист дар хоки Афғонистону Покистон ҳеҷ гоҳ ба он поя намерасад, Амрикоро ба ларза биорад. Дар чунин давлатҳои камбизоат, одам дар сатҳи қатори бо хеле монеаҳо рушд мекунад. Чи расад то ҳади терористи байналмилалӣ сабзидану мақом гирифтан.
Эҳтимоли зиёд аст, ки ин гургони дунё бо эълони мукофот мехоҳанд бифаҳманд, ки дигарон дар бораи тероризми омода намудаи онҳо чи маълумот доранд. Пас аз хуб дарк кардани вазъи тероризми паҳнкардаашон, нақшаҳои нав хоҳанд кашид. Барои онҳо мукофот дар ивази маълумот ба ҳамин шева корбурд мешаваду халос. Чи, Амрико магар наметавонад дар бораи терористҳои номбаркардааш пинҳонӣ маълумот гираду онҳоро нобуд созад? Ва содатар аз ҳама Амрико чун як кишвари мутарақӣ чи ниёзе ба маълумоти дигарон доард?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)