Барои рақобат бо мунтахаби Тоҷикистон Белорусия 10 легионер даъват кардааст
Георгий Кондратев, сармураббии тими миллии Белорусия феҳрасти футболбозонашро барои бозӣ бо мунтахаби Тоҷикистон эълон кардааст.
Дар ин рӯйхат номи 23 бозигар, бо шумули се дарвозабон, ҳафт ҳимоятгар, 11 нимҳимоятгар ва ду ҳамлагар дида мешавад. Аз ин миён ҳафт нафар дар премер лигаву ду нафар дар двизиони аввали Русия ва як нафар дар клуби “Коняспор”-и Туркия бозӣ мекунанд.
Бозии дӯстонаи тимҳои миллии Тоҷикистону Белорусия 4 сентябр (соати 21:00 ва вақти Душанбе) дар варзишгоҳи “Борисов-Арене” баргузор мешавад. Нархи билет 20 ҳазор рубли белорусӣ, наздик ба ду доллар будааст. Ин қувваозмоиро ҳайати доварон аз Латвия бо раҳбарии Сергей Сливаи 34-сола назорат хоҳанд кард.
Ин нахустин қувваозмоии Тоҷикистону Белорусия мебошад. Дар рейтинги ФИФА Белорусия дар ҷои 88 ва Тоҷикистон дар мақоми 120 аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |