Эълони ҷанги тӯлонимудат аз тарафи Исроил
Вазири ҳарбии Исроил Муше Яълун дар нишасти хабарӣ бо Бенямин Натаняҳу, нахуствазири ин кишвар, гуфт, Телавив дар фурсати муносиб қасди аз байн бурдани сардорони нерӯҳои Ҳамосро дорад.
Ба гуфтаи ӯ, артиши Исроил барои як ҷанги тӯлонимуддат омодагӣ мебинад ва дар ин ҷанг ҳамаи гузинаҳо, аз ҷумла ҳамлаи заминӣ низ дар назар гирифта шудааст.
Ин нишасти хабарӣ ба он хотир буд, ки рӯзи чоршанбе музокирот барои оташбас ба нокомӣ дучор омад ва артиши Исроил ҳамлаҳои худ ба Ғазаро аз сар гирифт. Дар тайи ин ҳамлаҳо беш аз 47 фаластинӣ ба қатл расиданд. Нерӯҳои Ҳамос дар ҷавоб ба ин ҳамлаи исроилиҳо 180 мушакро ба сӯйи онҳо андохтаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |