Бахшҳо

Сухангӯ: “Ҷаноби олӣ ба рухсатӣ набаромадаанд, истироҳат надоранд”

Фасли тобистон ҳам ба поёни худ мерасаду омӯзгорону хонандагон ба мактаб, вакилон ба парлумон ва бархеи дигар аз истироҳатгоҳҳои дохилу хориҷ ба коргоҳашон бармегарданд. Озодагон аз чанд мусоҳиби худ пурсид, тобистонро, ки фурсате барои сайру саёҳат ва истироҳат дониста мешавад, имсол дар куҷо гузарондаанд.

Абдуфаттоҳ ШАРИФЗОДА, сухангӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, ба далели он ки Эмомалӣ Раҳмон тайи бештар аз ҳашт соли охир ба рухсатии меҳнатӣ набаромадааст, онҳо низ истироҳат надоранд: “Ёд надорам, тӯли 7-8 соли охир ба истироҳат баромада бошам. Зеро чун салоҳияти мо таъмини фаъолияти сиёсати дохилӣ ва хориҷии раиси ҷумҳури Тоҷикистон асту Ҷаноби олӣ ба рухсатии меҳнатӣ ва истироҳат намераванд, мо ҳам чунин имконро надорем.”

Зайниддин САФАРОВ, вакили Маҷлиси Намояндагон аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон, гуфт, ӯ 12 рӯзи истироҳаташро дар осоишгоҳи Истаравшани вилояти Суғд сипарӣ кардааст. “Истироҳат хуб гузашт. Аз ин фурсат истифода карда, бо мардум низ суҳбату мулоқот доштем. Ҳангоми мулоқот мардум бо як таваҷҷӯҳи зиёд савол медоданду суҳбат мекарданд”,-илова кард ин намояндаи Ҳизби аграрӣ.

Иқболбӣ НАЗАРОВА, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, ба далели он ки чанд мушкил дошт, барои истироҳат фурсат наёфтааст. “Ба масъалаи таҳсили фарзандон, аз ҷумла шомил шудани онҳо ба Донишгоҳи байналмилалӣ банд будам. Бино бар ин, фурсат нашуд, ки ба ягон ҷо рафта истироҳат кунам”,-афзуд ӯ.

Шумо истироҳати имсолаи худро дар куҷо гузарондед, ба мо бинависед.
Мӯҳр
Шукри неъмат
Гардиши айём моро дар чавони пир кард. Мехохам истирохат кунам, аммо шароит ва имконият надорам. Вакташба танзима риоя накардам, дар натича худро аз истирохат мархум сохтам.

Абдуфотох Шарипов шумо "салоҳияти мо таъмини фаъолияти сиёсати дохилӣ ва хориҷии раиси ҷумҳури Тоҷикистон" ин салохиятро надоред....фиреб накунед.........кори шумо инъикоси фаъолияти Чаноби Президент дар ВАО аст. Ана ин корро шумо хело хам гайриканоатбахш мекунед

Фируз
"...салоҳияти мо таъмини фаъолияти сиёсати дохилӣ ва хориҷии раиси ҷумҳури Тоҷикистон асту..." Шояд таъмини инъикоси фаъолияти... бошад!

Яъкуб.Душанбешахр.
Чи кор кардед,ки боз истирохат мехохед. О хамеша истирохат доред ку......

это мне напоминает сценария из наша раша про депутатов "не ценишь ты себя, не ценишь, думаешь только о народе" это они обсуждали, сидя в сауне с девками, и пиво на руках wink

Ман истироҳати худро дар диёри зебоманзари Олимтой гузаронидам. Он дар баландии 1200 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, бо ноҳияи Фархору Данғара ҳамсарҳад мебошад.
Хизматрасонӣ дар сатҳи олӣ, нақлиёт хар бо фойтун, обҳои мусаффои аз тариқи мошин кашонидашуда ва меҳмонхонаи панҷситорадори "Сари палак"...
Умуман, имсол ман истироҳати беҳтаринро насиб шудам. Ба ҳамаи вакилони хомуштарини Парлумони ҶТ тавсия медиҳам.

Хар руз истирохат аст.Боз чи хел истирохат?

Онхое, ки 7-8 сол дар хизмати давлати ба рухсати намебароянд, худи корашон ба истирохат монанд аст. Аз хамин чо сатхи самаранокии хизмати давлати хам аён мегарад. Ана фарогат дар кучост.....)))))))))))

oqil
хайр ман хам як аблахи карда росташа мегуям ки 1млн артиши гастробайтери точик истирохаташро дар Росия дар канори бешазорони пур аз ботлоку лойхурак ва аз хама бадаш пур аз хомушак гузаронд шумо бошад фикри истирохат доред, бо шиками гурусна ва разолат истирохат намешавад,кам кам одамвор дар фикри инхо бошед.

Салохияти ки шарипов мегуяд ин салохияти хукумати чумхурии точикистонро АСТ ва ба шумо дуруст Ишора кардаанд ки дар ин чо низ фиреб Карда вазифаи инъикоси фаъолияти президентро намефахмед.

Domullo
man ham rangi in Abdufattoh, ammo dar garibi khizmat kardosam. mana tarzi hukumatroniashon magbur kardast, ki tarki vatan kunam; chun kore nest dar vatani aziz, ki khudami oilaamro khuronamu pushonam. 10 soli purra shudaast ki istirohatro nadidaam man.

али кулоб
ман 14 дах сол аст ки истирохати худро дар мухочират гузаронида истодаам мисли ман садхо мухочири дигар аст як чахон ташакур

Шукри неъмат,
Шукри неъмат,
Шукри неъмат,

Мардум дар гами чи ин мансабдорон дар гами чи?

Истирохат аз ин дида зиёдтар мешавад магар. Боз рухсатии мехнатиаш чи гуфтани гап??????

Маро садқои истироҳат кунад мо муҳоҷиро истироҳат кунем ин давлатро ки мехуронад .

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)