Ҳасан Рӯҳонӣ: “Мардум медонад, чӣ касе ва барои чӣ моро азият мекунад”
Ҳасан Рӯҳонӣ – раиси ҷумҳури Эрон аз бозтоб нашудани саъйю талош ва хидмати як солаи ҳукуматаш аз сӯи Садо ва симои ин кишвар ба шиддат интиқод кардааст.
Ӯ рӯзи 21 август дар як суханронии худ гуфтааст, “давлати Эрон корҳои зиёдеро дар кишвар анҷом додаасту расонаҳои миллӣ ҳозир нестанд, онҳоро бозтоб ва ба мардум расонанд”.
Раиси ҷумҳури Эрон аз ин иқдоми расонаҳои миллии кишвараш норозигӣ карда, гуфтааст, ҳукумати ӯ аз лиҳози таблиғотӣ танҳо мебошад: “Расонаҳо бояд хидмати ҳукуматро барои мардум расонанд”. Ҳасан Руҳонӣ таъкид кардааст, дар робита ба ин ки чаро расонаҳои миллии Эрон аз бозтоби хидматҳои ҳукумати ӯ худдорӣ мекунанд, баъдан ба мавқеъ суҳбат хоҳад кард.
Ӯ дар шарҳи ин норозигии худ илова кардааст, сокинони Эрон танҳо гӯш ба радиову рӯй ба телевизион намекунанду хеле васеътар аз он менигаранд: “Мардум борҳо ба ман гуфтаанд, ки медонем, чӣ касе ва барои чӣ Шуморо азият мекунад, аммо Шумо роҳи худатонро идома диҳед.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |