Бахшҳо

СММ шумораи нави қурбониёни нооромиҳои Сурияро эълон кард

Созмони Милали Муттаҳид бо нашри гузорише шумораи нави қурбониёни Сурияро, ки дар пайи нооромиҳои дохилии ин кишвар ба ҳалокат расидаанд, эълон карда, онро беш аз 190 ҳазор хондааст.

Ин ниҳод мегӯяд, аз соли 2011 ба ин сӯ, дар ҷангҳои дохилии Сурия 191 ҳазору 369 нафар ҷон додааст. Бар асоси гузориши СММ 85 дарсади қурбониёнро мардон ташкил медиҳанду беш аз 7 ҳазори онҳо кудакон мебошанд.

Талафоти зиёди ҷонӣ аз ҳама зиёд дар муҳофазаи Рифи шаҳри Димишқ - пойтахти Сурия қайд шуда, шумораи онҳо ба 39 ҳазору 393 нафар мерасад. Ин нишондод дар минтақаи Талияи Ҳалб 31 ҳазору 932, дар шаҳри Ҳумс – 28 186, дар шаҳри Даръо - 18 539, дар Идлиб – 20040 ва дар Ҳамот – 14 ҳазору 690 нафарро ташкил медиҳад. СММ дар шарҳи ин омори худ навиштааст, ки 51 ҳазору 953 ҳолати маргу мири дигар ба хотири набудани маълумоти кофӣ ба ин омор ворид карда нашудааст.

Ҷумҳурии арабии Сурия дар қисмати ҷанубу ғарбии Осиё ва дар соҳили шарқии баҳри Миёназамин ҷойгир буда, наздик ба 22 миллиону 500 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Дар ҳоли ҳозир яке аз нооромтарин кишварҳои арабӣ ба шумор рафта, давоми се соли охир аст, мухолифон бо ҳукумати Башшор Асад даст ба гиребон шудаанд.
Мӯҳр
Вайс
Мусулмонон бо дасти худ якдигарро нобуд месозанд. сабабаш чахолати асримиёнаги, нодони, хурофотпарасти, чиходи бемантику бемаъни, хулоса накшаи тархрезишуда аз чониби душманони Дини Ислом...

Вахдат аш-шухуд
Амрико, Русия ва Иттиходи Аврупо нуфуз ва эътибори СММ дар байни миллатхо аз байн бурд. Ин Созмон факат як салохияташ мондаасту халос, ин хам бошад мурдаи миллатхоро хисоб кардан.

МУХОЧИР
Ман нафахмидам, ин хабар ба Точикистон чи рабт дорад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)