Бахшҳо
25 авг 2014 12:06Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Мастер Исмайл дар бораи гадоӣ, бенамозӣ ва номардиҳо

M.One (Мастер Исмайл), рэпсарои тоҷик, клипи нави худро вориди бозор кард, ки он бар матни “Духтари гадо” аз сӯи Raw production ва Zion records таҳия шудааст.

Клип дар бораи як тифли шашсолаи ятим нақл мекунад, ки дар кӯчаҳои пойтахт барои пайдо кардани пораи ноне зери борону барф сарсону саргардон аст. Дар матни клип ба бераҳмӣ, бенамозӣ ва номардиҳо таъкид гардида, ба ёрӣ ба одамони ниёзманду гадо даъват мешавад. Клипи мазкур поёни хуб дорад. Зану шавҳари ҷавон, ки ба гуфтаи табибон фарзанддор намешаванд, “духтари гадо”-ро дар кӯча дида бо худ мебаранд.

M.One ё Исмоил Исмоилов (Мастер Исмайл) соли 1985 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ яке аз аввалин рэпсароҳои тоҷик гуфта мешавад. Карйераи ҳунарии вай соли 1999 оғоз шуд ва он замон ҳамчун DJ Ismail баромад мекард. Баъдан зери номи Master Ismail ва чанд соли ахир ҳамчун M.One ҳунарнамоӣ мекунад.

Бештар аз чор соли ахир дар Русия кор ва зиндагӣ дорад. 3 сол дар тарабхонаи "Хайём" ва феълан ба сифати коргардони овоз дар як студияи шахсӣ фаъолият доштааст. Дар чанд суҳбат бо телевизионҳои Русия ҳамеша аз мардуми тоҷик дифоъ кардааст. Чанд муроҷиатномаи видеоӣ ҳам дар интернет нашр кардааст, ки тоҷиконро ба иттиҳод даъват мекунад.

Ӯ феълан дар Тоҷикистон қарор дорад. Дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, қасд дорад дар моҳи сентябр албоми нави худро вориди шоу-бизнеси тоҷик кунад. “Тоҷикбача”, “Ватани ман”, “Москва”, “Тоқа намемонум” аз сурудҳои маъруфи M.One ҳастанд. Ӯ бо Шабнами Сурайё (Ай бевафо), гуруҳи “Саҳро”-и Узбакистон (Бо ҳам) ва Баха-84, рэпсарои дигари тоҷик дуэт иҷро кардааст.
Мӯҳр
мошоаллоҳ, Хyдо қyвваташ диҳад, Хyдо муваффақаш гардонад. Омин. Рости чанд наворе дар мавридаш тамошо кардамy ин ҷавонро як ҷавони миллатдуст ва ватандуст дарёфтам. Еҳсони хидмат кардан ба миллат дар ҷеҳраи ин ҷавон нyҳyфтааст. Аллоҳ аз хазонаи ғайбаш кyмак намояд то ин мард тавонад дасти чанд фақирy бенавои миллатро бигирад.

tj
И байди нав нест. И хела шуд

Mo mexohem hama vaqt hamixe ozod boshem Tashakur Ozodagom !!!

Али
Ин сурудро аз соли 2010 гуш мекунам. Чи хел нав шудааст? Лекин офарини Исмоил, ки чунин сурудро навиштаасту месрояд. Дар хакикат риккатовар аст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)