Бахшҳо
25 авг 2014 15:41Тоҷикистон / Сиёсат

Чопи китоби собиқ муовини раиси КГБ-и Тоҷикистон

Китоби генерал Оразшоҳ Пояндашоев, собиқ муовини раиси Кумитаи амнияти Тоҷикистони Шӯравӣ (КГБ), моҳи августи соли ҷорӣ дар Русия ба табъ расидааст. Ин китоб “Мушкилоти терроризми байналмилалӣ. Русия ва ҷаҳон” ном дошта, кори илмӣ ва таҳқиқотии ӯ будааст.

Дар ин бора худи Пояндашоев хабар дод ва гуфт, китоби наваш барои доираи васеи хонандагон дар Русия ва кишварҳои дигари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешбинӣ шудааст. Ӯ афзуд, “Мушкилоти терроризми байналмилалӣ. Русия ва ҷаҳон” рӯзи 3 сентябри соли ҷорӣ дар Краснодар рӯнамоӣ шуда, ба ин маросим беш аз сад афроди воломақом аз Русия даъват шудаанд.

К.И.Горожанин, раҳбари созмони “Ҳамраъйӣ барои мубориза бо терроризм”, дар пешгуфтори китоби генерали тоҷик навиштааст, “муаллиф ба хонандагон воқеъбинона мегӯяд, ки чигуна баъд аз фурӯпошии Шӯравии собиқ се мушкили ҷомеаи ҷаҳонӣ ё се қувваи бадӣ -- терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ дар Русия ва кишварҳои дигари узви ИДМ (СНГ) ба вуҷуд омаданд ва ҳанӯз ҳам ҳастанд. Аз ҳама муҳимаш, ӯ иллатҳои асосии ин падаидаҳои номатлубро дар Русия ошкор карда, мегӯяд, дирижёрҳои асосии терроризм дар кишварҳои ИДМ ва ҷаҳони Ислом киҳоянд.”

Генерал Оразшоҳ Пояндашоев, ки ҳоло дар Русия кору зиндагӣ мекунад, соли 1948 дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ӯ “разведчик”-и касбист ва беш аз 25 сол дар ниҳодҳои амниятии Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Кумитаи амнияти Тоҷикистону Узбакистони Шӯравӣ хидмат кардааст. Оқои Пояндашоев дар оғози соли 2000 ба ҳайси муовини Раҳматилло Зоиров дар Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон кор мекард ва аммо баъд аз баргузории интихоботи парлумонии 2005 онро бо эътироз тарк намуд.
Мӯҳр
ин китобро чи хел дастрас бикунем.

Бобои Зард
Генерал О Пояндашоев агар Шумо МАРДИ хакики мебудед Вазифаи бар душ гирифтаатонро тарк намекардед яьне то охири умр муовини Р Зоиров мемондед Барои он ки Р Зоиров худаш танхо мондааст Хозир хам бошад китобнависиро бас карда ба назди Р Зоиров биёед Китобхои Точиконро дар Федерацияи Россия хеч кас намехонад

Бахшиш,ва лейкин Окои Поиндашоюф не женероли хаккони буду ,на разведчики хирфаи. Рудбаи женеролиаша ба вай Акбаршои Искандар дода буд пеш аз рафтан ба Хучанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)