Барканории Илҳомҷон Ёқубов бо фармони Муҳиддин Кабирӣ
Илҳомҷон Ёқубов, раиси дафтари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Суғд, аз мақомаш барканор гардида ва ҳоло ин вазифаро Муллоаббос Раҷабзода, яке аз фаъолони ҲНИТ дар шимоли кишвар, анҷом медиҳад.
Оқои Раҷабзода дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, қарори барканории Илҳомҷон Ёқубов, ки тайи бештар аз як сол дафтари ҲНИТ дар Суғдро раҳбарӣ мекард, аз сӯи Муҳиддин Кабирӣ содир шудааст. Ба қавли ӯ, Ёқубов феълан барои табобат дар хориҷ қарор дорад ва баъди бозгашташ ба ҳайси мушовири раиси ҲНИТ дар умури муҳоҷират ба кори худ идома хоҳад дод.
Бо тасдиқи ин хабар, Маҳмудҷон Файзраҳмонов -- сухангӯи раиси Ҳизби наҳзати исломӣ гуфт, "бо назардошти аҳаммияти масъалаи муҳоҷирон ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар хориҷ аз кишвар кору таҳсил мекунанд, Илҳомҷон Ёқубов ҳамчун ҷавони муваффақ ва пурталош ба симати мушовири раиси ҳизб дар ин масъалаи муҳим таъин шуд."
Илҳомҷон Ёқубов соли гузашта ба дунболи барканории Наимҷон Самиев раёсати Ҳизби наҳзати исломӣ дар вилояти Суғдро ба уҳда гирифт ва дар ин муддат барои баргузории чанд маъракаи муҳим аз ҳукумати Хуҷанд дархост кард, аммо ҷавоби рад гирифт. Инчунин, дар замони раҳбарии ӯ бинои дафтари ҲНИТ дар Суғд бо қарори шаҳрдории Хуҷанд тахриб шуда, то ҳол барояшон аз ҷои дигар замин ҷудо нагардидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |