Ҳалокати Нуъмонҷон ва Азамат ҳангоми тирпаронӣ дар марз бо Қирғизистон

Дар пайи тирпаронии 25 август дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ду сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд -- Нуъмонҷон Набиев ва капитан Азамат Азимов ҷон бохта, 5 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯянд, тирпаронӣ бегоҳи 25 августи соли ҷорӣ дар наздикии деҳаи марзии Овчӣ-Қалъачаи ин минтақа рух додааст. Ба қавли онҳо, марзбонони қирғиз замоне оташ кушодаанд, ки онҳо мехостанд монеи оғози сохтмони як пул шаванд.
Радиои Озодӣ менависад, ин пул аз болои рӯди Хоҷа Боқирғон мегузараду бар асоси тавофуқи гуруҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон оид ба умури марзӣ ҳоло он бояд сохта намешуд. Вале сокинони ин минтақаи марзии кишвар гуфтаанд, мақомоти Қирғизистон чанд рӯзи охир мешавад, барои азсаргирии бунёди ин пул бидуни мувофиқаи ҳамтоёни тоҷики худ талош доранду ҳангоми муқобилият нишон додани онҳо марзбонони қирғиз оташ кушодаанд.
Ба қавли шоҳидони ҳодиса, дар нуқтаи аввалӣ бо фармони афсари низомии қирғиз сокинони осоиштаи ҷамъомадаи Тоҷикистон ҳадафи тири марзбонони кишвари ҳамсоя қарор гирифта, сарбозони тоҷик аз аз кушодани оташи ҷавобӣ худдорӣ кардаанд. Аммо ҷониби Қирғизистон иддао дорад, ки тирпаронӣ нахуст аз тарафи марзбонҳои тоҷик сурат гирифта, онҳо ҷавобашонро додаанд.
Ин бори аввал нест, ки сокинони осоиштаи Тоҷикистон ҳадафи тири марзбонони кишвари ҳамсоя қарор мегиранд. Рӯзи 10 июли соли ҷорӣ низ як гуруҳи сокинони Ворухи ноҳияи Исфара дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳадафи тири марзбонони ин кишвар қарор гирифта, дар пайи он Сафоуддин Шарофов, як сокини Ворух, ба ҳалокат расида, 7 тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногун бистарӣ шуда буданд.
Тоҷикистону Қирғизистон тӯли 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он 567 километраш аломатгузорӣ шудаасту бас. Ин номуайянӣ боис мегардад, ки миёни сокинони наздимарзӣ мунтазам даргириҳо сурат мегиранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |