Муродалӣ Алимардон дар пайи тирпаронӣ ба Бишкек рафт
Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазири Тоҷикистон, 26 августи соли ҷорӣ барои баҳси марзӣ ба Бишкек, пойтахти Қирғизистон, рафтааст.
Сафари ӯ дар ҳоле иттифоқ уфтода, ки як рӯз пеш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тирпаронӣ сурат гирифта, як нафар ҳалок ва панҷ тани дигар захмӣ шуданд. Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, аввал сарбозони қирғиз ба сӯи афроди осоиштаи кишвар тир кушодаанд. Аммо тарафи Қирғизистон ангушти иттиҳомашро сӯи сокинону марзбонҳои тоҷик дароз ва онҳоро ба убури марзу тиркушоӣ айбдор мекунад.
Ба иттилои масъулони ҳукумати Қирғизистон ҷаласаи якҷояи ҳайатҳои Душанбеву Бишкек дар масъалаи мушаххас кардани марзу аломатгузории он рӯзи сешанбе баргузор шуд, онро Муродалӣ Алимардон ва ҳамтои қирғизаш -- Абдураҳмон Маматалиев роҳбарӣ мекунанд.
Тоҷикистону Қирғизистон тӯли 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он 567 километраш аломатгузорӣ шудаасту бас. Ин номуайянӣ боис мегардад, ки миёни сокинони наздимарзӣ мунтазам даргириҳо сурат мегиранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |