Бахшҳо

Духтари Почомуллоева: “Онҳое, ки шиносу пул надоранд, чӣ кор мекунанд?”

Анора Самадова, духтари Манзура Почомуллоева, мегӯяд, танҳо баъд аз дахолати Сироҷиддин Аслов – вазири умури хориҷӣ масъулони сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустон барои интиқоли ҷасади модараш аз Деҳлӣ ба Душанбе кумак кардаанд.

Ба қавли Анора, марҳум Почомуллоева моҳи апрели соли ҷорӣ дар беморхонаи Медантаи Ҳиндустон ҷарроҳӣ шуда, 4 моҳ дар он ҷо бистарӣ будааст. “Дар беморхона 95 дарсад кафолат дода буданд, ки модарам сиҳат мешавад. Аммо баъд аз ҷарроҳӣ то фавт аҳволи ӯ хуб набуд. Баъд аз фавташ ягон корманди беморхона ба назди ман наомад ва бо ҷасад танҳо шабро рӯз кардам. Пас аз он як корманди сафорат омада кумак кард ва мо модарамро ба сардхона бурдем. Аммо ман на консулро дидам, на ягон нафари дигарро”,-афзуд ӯ.

Ҷасади Манзура Почомуллоева, сокини 46-солаи пойтахт, бояд рӯзи 22 август тариқи ҳавопаймои “Тоҷик Эйр” аз Деҳлӣ ба Душанбе интиқол меёфт. Аммо халабонҳои ин ширкат гуфтаанд, ба далели бӯй кардани ҷасад имкони интиқолашро надоранд. Баъдан, ҷасади ин сокини Тоҷикистон аз Деҳлӣ ба Маскав тавассути ҳавопаймои “Ют Эйр” ва аз он ҷо ба Душанбе тариқи ҳавопаймои "Тоҷик Эйр" оварда шуд.

Хонум Самадова мегӯяд, ин иттифоқ дар ҳоле уфтод, ки ӯ барои интиқоли ҷасади модараш тамоми санадҳоро таҳия карда буд: “Баъд аз ду соате, ҳавопаймо аз парвоз дер кард, халабон Нодиров ба ман гуфт, имкони интиқоли модарамро ба Душанбе надорад. Ӯ далели ин иқдомро ба бӯй кардани ҷасад ва рафтани об аз дохили он рабт дод. Дар ҳоле ки аслан чунин набуд. Баъд аз парвози ҳавопаймо дар мудати се соат модарамро тавонистам аз фурудгоҳ берун барорам. Чор рӯзи дигар тамоми ҳуҷҷатҳоро аз нав таҳия кардам. Дар сардхона тобути модарамро аз сар кушода ҳайрон шуданд. На бӯй мекард, на ягон хел об бароварда буд”.

Ӯ дар идома афзуд, “аз сардхона кафолат дода буданд, доруҳое, ки ба модарам кардаанд, метавонад 70 рӯз ӯро сард нигоҳ дорад. Аммо ин халабон аз ду соати парвоз даст кашиду модари маро аз ҳавопаймо берун баровард. Ба мани ғамзада мегӯяд, ҷасади модари ту бӯй мекунад, ӯро бигир. Модари ман барои ӯ ҷасад аст, барои ман – модар! Ду соат, намедонам, бо кадом сабаб ҳавопайморо ба таъхир монданд. Аммо вақте зорӣ кардам, ки 10 дақиқа фурсат диҳед, то ҳамаашро ҳал кунам, гуфтанд, вақти туро интизор шудан надорем.”

Ба қавли Анора Самадова, баъд аз он ки натавонист ҷасади модарашро тариқи ҳавопаймои ширкати миллии тоҷикӣ ба ватанаш фиристад, хеел гиря кардааст. “Кормандони фурудгоҳ бо сагҳо омада, мепурсиданд, ки кӣ ҳастам. Вақте ҳамаи кори шударо нақл мекардам, ҳайрон мемонданд. Тамоми кормандони сардхона ва фурудгоҳи Деҳлӣ дар ҳайрат буданд ва мегуфтанд, дар тамоми собиқаи кориашон якумин бор мебинанд, ки халабон ҷасадро интиқол надиҳад”,-гуфт ӯ.

Духтари марҳум Почомуллоева аз Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷӣ ва Тоҷиддин Пиров, раиси “Тоҷиксодиротбонк”, ки барои интиқоли тобути модараш кумак кардаанд, сипосгузорӣ намуд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, “баъд аз дахолати вазир маро дар Маскав тамоми кормандони сафорат интизор буданд ва то парвози ҳавопаймои дигар кумак карданду аз фурудгоҳ дур нашуданд. Ҳатто як намояндаро бо ман ирсол намуданд. Аз Маскав ба Душанбе тариқи ҳавопаймои “Тоҷик Эйр” парвоз кардем.” Анора мегӯяд, ӯро дар ин рӯзҳои вазнин роҳбарият ва баъзе дӯстонаш кумак кардаанд ва ин суолро мегузорад, “аммо мардуме, ки на шинос ва на пул дорад, чӣ кор мекунанд?”

Ӯ мегӯяд, тамоми асноди заруриро аз сардхона ва фурудгоҳ бо худ гирифтааст ва то охир барои тантанаи адолат мубориза хоҳад бурд. “Аз роҳбарияти “Тоҷик Эйр” хоҳиш дорам, як бор маро бо ин халабон рӯ ба рӯ кунанд. Рӯи модарамро ба хоҳари 16-солаам нишон надодам, то чеҳраи модарам чӣ хеле ки дар зинда буданаш буд, ҳамон хел дар ёдаш бимонад. Барои ин ҳама, ҳамон халабон гунаҳкор аст”,-гуфт ӯ.


PS: Мо барои гирифтани шарҳи расмии қазия борҳо ба масъулони Тоҷик Эйр муроҷиат кардем, вале онҳо то ҳанӯз посух надодаанд.
Мӯҳр
Точикам
Салом, кабл аз хама ба хонаводаи маит хамдардии худро баён медорам. Бигузор, рухаш шод ва чояш чаннат бошад..
Ташаккури зиёд барои Вазири корхои хоричи мухтарам Аслов С. барои гамхори ва кумаки хеле боарзишаш.
Вале дар мавриди халабон бовар дорам, ки шояд ягон узбак ё рус бошад
чун точикон то ин хад берахму шавкат нестан...

navruz
in khalabon fikr namekunad ki khudash modar dorad

Зикрулло
Ба фикрам таёрахо хам холодилник доранд.. Халабон точик набудааст ё мусулмон...

неки ва рахму шафкат хислати русхои асил аст ва онхо инро нисбати поччомуллоева исбот карданд.рахмат ба халабонхои русия ки маити точикро ба ватанаш расониданд.

А
Халабон бояд аз ин хохар расман узр пурсад, дар гайри сурат рахбарияти Точик эйр бояд уро аз вазифа сабукдуш намоянд! Ба хонадони мархум сабри чамил мехохам.

Илтимоси ин хохарро широкат хатман ба анчом расонад хамун халабонро биерад

Mahdi
Vokean janobi Aslov mardi khubu bo insof hastan, shakhsan man borho az zaboni mardum gaphoi khub dar haqashon shunidaam. Khudovabd yoru madadgorat boshad muhtaram vazir

Klklklk
Man han hamin tavr fikr kardam...nahod tojik..tojiki hudro in tavr kunad....lekin u tojik ast... Ayb ast...odamonero ki azob dodi bahshish bipurs...agar onho turo bahshan! Vah vah

Ҳамватан
Сироҷиддин Аслов ва Тоҷиддин Пирзодаро Худованд ёрӣ диҳад.

Самад
Агар рохбарияти ширкати Точик -Эйр ба ин казия шархи расми надиханд маълум мешавад,ки онхо нисбати суханхои Сарвари давлат,Чаноби оли ки доимо таъкид карда меистанд, дасти бечорагону дармондагонро гиред парвое надоранд.

Подержать своих сотрудников в такую трудную минуту это настоящий мужской поступок!!! Дай бог нашему Раису здоровье, счастье и процветание во всех его делах....

азиз
и халабон модар ё фарзанд надоштабоша

Нодировро ба махкама бояд кашид!!!!

Таъзияи худро ба ахли хонаводаи Анора изхор менамоям! Оиди масъалаи мазкур гуфтаниям, ки чунин беинсофи нисбати хамватан, хаммиллат ва хамдини хеш кардан чиноят аст. Аз ин лихоз Прокуратураи ЧТ-ро мебояд, чихати ин масъала тамоми далелхоро чамъ оварда нисбати шахсони гунахгор чора бинанд то ки дар оянда чунин саргардонихо дар сари ягон точики дигар наояд!

Баротова С.
Анорочка, девочка, ты большая умница! Ты держишься молодчиной...ведь ты прекрасно понимаешь, что у тебя есть папа, брат, сестреночка...а брату и сестре только ты можешь передать любовь, заботу, доброту, поддержку и понимание своей мамочки...ОНА была прекрасной мамочкой...и ОНА будет спокойна только в том случае, когда у вас все будет хорошо...когда в вашем доме будет царить мир и покой, ведь это и было у вас всегда...ОНА всегда будет рядом с вами, потому что ее любовь к своим детям была и будет бесконечной и ей никогда -никогда не будет границ...
Я полностью поддерживаю тебя, Анорочка, в борьбе за справедливость и думаю руководство ОАО "Таджик-Эйр" в лице Халикова Рустама не останется равнодушным к этому инциденту и примет соответствующие меры...
Хочу присоединиться к словам благодарности в отношении главы МИД РТ Сироджиддина Аслова и главы ОАО "Таджиксодиротбанка" Тоджиддина Пирова за помощь, поддержку и понимание в данной тяжелой ситуации...
Да и вообще, всем огромная благодарность, кто пошел на встречу этой беде, кто помог и кто не остался равнодушным...

Манзур, будь за детей своих спокойна
Они сильны и держатся, поверь…
Будь ими ТЫ всегда довольна...
Они не огорчат ТЕБЯ… им верь…
Анора сильная…теперь ты знаешь…
Ганчина в университет пойдет…
Комрон не даст в обиду никого, ты знаешь…
Никто из них ТЕБЯ не подведет…
Манзур, ТЫ за детей не беспокойся…
Ведь папа их отцовская стена!
Сейчас ТЫ лучше успокойся…
И знай, что с ними ТЫ всегда…

Люблю тебя...милая моя Манзурочка...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)