Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 104 Интихоботи парлумонии 2015 дар мекӯбад. Аҳзоб, омодаед? » Озодагон
Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 21 июл 2019, 08:07

Интихоботи парлумонии 2015 дар мекӯбад. Аҳзоб, омодаед?

26 август 2014, 11:43

То замони баргузории интихоботи парлумонии 2015 камтар аз шаш моҳи дигар боқӣ мондааст. Бештари намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон мегӯянд, анҷумани интихоботии онҳо дар моҳи декабри соли ҷорӣ баргузор ва он вақт рӯшан хоҳад шуд, ки ба чӣ шакле иштирок хоҳанд кард. Пештар аз ин, аҳзоби мухолиф гуфта буданд, то қонуни интихобот, ҳамон тавре ки зарур аст, ислоҳ нашавад, ширкаташон бемаъно хоҳад буд. “Озодагон аз масъулони ҳизбҳои сиёсии кишвар пурсид, то чӣ ҳад барои иштирок дар интихоботи 2015 омодаанд.


Исмоил ТАЛБАКОВ, муовини раиси Ҳизби коммунист:
“Аз аввали сол хостем, ба қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аҳзоби сиёсӣ ва интихоботи Маҷлиси Олӣ тағйирот ворид намоем, то мушкилоте монанди гаравпулӣ, иштироки намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ рафъ шавад. Аммо лоиҳаи пешниҳодии мо аз ҷониби вакилони парлумон дастгирӣ наёфт. Дар ҳар сурат, омодагӣ ҳаст. Мо ба барномаҳои иштироки худ дар интихобот тағйироти заруриро ворид хоҳем кард ва барои ин гуруҳи корӣ таъсис ёфтааст. Ҳар номзаде, ки пешниҳод мекунем, бояд ба андозаи 4 ҳазор сомонӣ дарёфт карда, супорад.”

Сайидҷаъфар ИСМОНОВ, раиси Ҳизби демократ:

“Мехоҳем, 5 нафарро ҳамчун номзади ҲДТ барои иштирок дар интихоботи парлумонӣ пешниҳод кунем, то як фраксияи ҳизбӣ бошад. Ин 5 нафар шахсони мутахассис буда, обрӯи варзида ҳам дошта бошанд, то онҳоро ҷомеа бишносад. Хеле муҳим аст, ки вакил мушкилоти мардумро ҳал карда тавонад. Дар тамоми ҷумҳурӣ собиқадороне ҳастанд, ки солхӯрда шудаанд ва дигар ҷавононе, ки соҳибном ҳастанд, дар шӯрои пеш аз давраи интихоботӣ муайян мекунем, ки кадомашон барои номзадӣ арзандатар ҳастанд. Гирди ҳамин масъала кор мекунем. Як мушкили интихобот ин аст, ки бархе чоплусон дар ҳавзаҳои интихоботӣ нишастаанду фазои ноадолатиро ба вуҷуд овардаанд ва аз пеши худ қарор мебароранд ва ин боиси норизоятиҳо мешавад. Ҳол он ки онҳоро на президент зорӣ кардавст, на ҳукумат. Барои ҳамин, номзади мо касе хоҳад буд, ки баъд аз интихобот ҳам ҳаққи худро талаб карда тавонад. Чун дар интихоботҳо ҳолатҳои ғайричашмдошт зиёд мешавад. Ҳарчанд мо нав масоили дохили ҳизбиямонро ҳал намудем, бо ин вуҷуд таваҷҷуҳи мардум хусусан ҷавонон ба мо зиёд аст.”

Маҳмадалӣ ҲАИТ, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломӣ:
“Айни ҳол омодагиҳои мо идома дорад. Раисони шуъбаҳо давраҳои омӯзиширо мегузаранд. Ҳоло дар вилояти Хатлон мароҳили омӯзишӣ ҷараён дорад ва дар оянда ҳам дар Кӯлоб ин давраҳо гузаронида хоҳад шуд. Барои ҳамин, мо омодагӣ дорему омодагӣ дида истодаем. Дар оянда масъалаи интихоби номзадҳои эҳтимолӣ барои интихоботи маҳаллӣ ва Маҷлиси Намояндагон идома дорад.”

Зариф НАИМОВ, муовини раиси Ҳизби сотсиалист:
“Аз соли пеш, ки интихоботи президентӣ оғоз шуда буд, ба тамоми ҷиддият корҳо рафта истодаанд. Имсол мо ният дорем дар интихоботи парлумонӣ ширкат кунем ва номзадҳои худро ба намояндагӣ аз маҳаллҳо пешниҳод намоем. Ақаллан 3 нафар бояд ба парлумон интихоб шаванд. Ҳоло ҳам курсҳои махсус ташкил карда, оид ба тағйиру иловаҳо ба барномаҳои пеш аз интихоботии ҳизб баҳсҳо ташкил кардаем. Аз ҷумла, ду бор дар Душанбе конференсия гузаронидем ва як гуруҳи кории мо ба шаҳру ноҳияҳо сафар карда, семинарҳои машваратӣ гузаронида истодаанд. Хулоса имсол аз ҳар вақти дигар бештар кор карда истодаем.”

Шамсуддин ҶАЛОЛОВ, муовини раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ:
“Ҳозир корҳои ташкилии ҳизб ҷараён дорад. Яъне, таҳти раёсати ҳизб омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсии кишвар ва иштороки фаъолонаи аъзои ҳизб дар тамоми зинаҳои вакилӣ аз маҳаллаву шаҳрак то вилояту намояндагон ҷарён дорад.”

Усмон СОЛЕҲ, раиси шуъбаи таблиғоти Ҳизби халқӣ-демократӣ:
“Ҳизби мо комил аст, чун дар тамоми шаҳру ноҳияву вилоятҳо созмонҳои худро дорад. Мо то 4 ҳазор ташкилоти ибтидоӣ дорем, ки мисли дигар ҳизбҳо мавсимӣ нестанд, балки ба таври доимӣ фаъолият доранд. Дар маъракаҳои интихоботӣ ширкати аҳзоби сиёсӣ як рисолат аст ва мо ба таври ҳамешагӣ ҳамин тавр фаъолият мекунем. Барои омодагӣ ба интихобот мо дар мавзӯи “шаклҳои нави таблиғу ташвиқ” чандин чорабиниҳои илмиву амалӣ барои кормандони масъули ҳизбии шаҳру вилоятҳо гузаронидаем, ки ҳадафи аслияш ҳамин интихоботи соли 2015 аст. Ду масъалаи дигаре, ки барои мо муҳим аст, ин ҷавонгардонии номзадҳои ҳизб ва истеъдоду дониши қавӣ доштани онҳост.”

Шокирҷон ҲАКИМОВ, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ:

“Новобаста аз набудани кафолати амниятӣ ва номукамалии қонунҳои марбута ва таҳти назорати мақомоти маҳаллии давлатӣ гузаштани раванди интихобот пайгирона кӯшиш менамоем, бо пешниҳоди номзадҳои арзанда ва барномаҳои алтернативӣ дар интихобот иштирок карда, нақш ва мақоми парлумонро дар низоми ҳокимияти давлатӣ таъмин намоем. Ба ҳамкории ҷиддӣ бо воситаҳои ахбори омма ва ба хусус мустақилу хориҷӣ ва созмонҳои иҷтимоӣ низ омода ҳастем.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Зоир

  • 2 сентябр 2014 19:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Исмонов аз ХДТ 5 касро ба парлумони оянда мегузаронидааст. Хандаовар, о туро ки дар парлумон рох медихад, ту хатто рохпули надори ки то хонаат дар мошин савор шавию дар кучахо мегарди.
Посух додан
  • Пирмахмад

  • 3 сентябр 2014 20:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Исмонов барин сиёсатбозро маскараи майдони сиёси меноманд, ки дар чаласае Файзи Оли уро дар рубаруяш хоин номида буд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!