Бахшҳо
26 авг 2014 12:05Тоҷикистон / Сиёсат

Боздиди Раҳмон аз қисми низомии 3502-и ВКД дар “Сементзавод”

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, субҳи 26 август ба қисми низомии 3502-и Вазорати умури дохилии кишвар рафта, бо шароити он ва хизмати афсарону сарбозон ошно шудааст.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳрӣ, мегӯяд, оқои Раҳмон аз роҳбарият ва ҳайати шахсии ин қисми низомӣ даъват кардааст, барои баланд бардоштани савияи дониши касбӣ ва омодагии доимии ҳарбӣ талош намоянд, то оромию суботи ҷомеа ва ҳаёти мардуми кишвар таҳти ҳимояти боэътимод бошад.

Эмомалӣ Раҳмон Қӯшунҳои дохилии ВКД-ро як шохаи муҳими нерӯҳои мусаллаҳ гуфта, онро “сипари боэътимоди давлату миллат ва кафили амнияту суботи кишвар” номидааст. Манбаъ мегӯяд, раиси ҷумҳур аз хобгоҳи сарбозон, анбори озуқаворӣ, ошпазхонаю ошхонаи сарбозӣ, ошхонаи афсарӣ, ҳаммом, сартарошхона ва утоқи алоқаи телефонӣ ва интернетӣ боздид кардааст: “Чунонки зикр гардид, дар ин утоқ ба сарбозон имкон дода мешавад, бо падару модар ва аҳли оилаи худ бо телефон ё тавассути интернет ройгон гуфтугӯ кунанд.”

Бино ба иттилои манбаъ, дар қисми низомии 3502 як хобгоҳи дуошёна барои афсарон бунёд ёфтааст, ки аз хонаҳои як ва дуҳуҷрагӣ иборат буда, дар он то 40 афсар, аз ҷумла бо аҳли оилаашон метавонанд истиқомат кунанд. Гуфта мешавад, ин қисми низомӣ яке аз бузургтарин ҷузъу томҳои Қӯшунҳои дохилӣ ба шумор рафта, дорои варзишгоҳ, майдонҳо барои дигар намуди бозиҳои варзишӣ ва майдончаҳо барои машғулиятҳои ҳарбӣ мебошад.
Мӯҳр
Ин афсонара бимнеда “Чунонки зикр гардид, дар ин утоқ ба сарбозон имкон дода мешавад, бо падару модар ва аҳли оилаи худ бо телефон ё тавассути интернет ройгон гуфтугӯ кунанд."........ хандаи кас меояд мо дар ТВТ интернет надорем , ки манбаи иттилоот ва расона аст ино бошан дар военный част бо интернет гуё афсрон бо падару модарнашон гуфтугу мекарда бошан. Хайр хеч агп не ханда хам доруст одамро табобат мекунад... Дуруг хам то индарача недя барои показуха шояд як ду бор нишон медихнд пас тамом пули интернет карздор дишгар ба хамин истифодаи интернет тамом.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)