Гардон: “Ноза Абдулвосиева ҳамсари охирини ман хоҳад буд”
Александр Гардон, рӯзноманигори маъруфи 50-солаи рус, ки барои бори чорум оиладор шуду ин дафъа ба ҳайси ҳамсараш духтари тоҷикро интихоб кард, мегӯяд, ин издивоҷи охирини ӯ мебошад.
Гардон дар суҳбат бо расонаҳои русӣ иқрор кардааст, дар оянда имкон дорад, бо ягон зебосанами дигар робита барпо кунад, аммо дигар бо касе оила бунёд нахоҳад кард. "Ин никоҳи охирини ман аст. Гуфта наметавонам, то чи ҳад хушбахтам. Аз чашми бад метарсам",-гуфтааст ӯ.
Рӯзноманигори рус мегӯяд, ӯ ҳоло дар наздикии обанбори Пестовский қитъаи заминеро харидорӣ кардаасту дар рӯзҳои наздик барои худ ва зани 20-солааш хона бунёд хоҳад кард. Ҳамсари нави Гардон, аммо ба гуфтаи ӯ охиринаш, духтари 20-солаи тоҷик - Ноза Абдулвосиева буда, абераи шоири тоҷик Мирсаид Миршакар гуфта мешавад. Ин духтари тоҷик, ки издивоҷи ӯ бо марди 50-солаи рус баҳси зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овардааст, моҳи июни соли ҷорӣ бо Гардон ақди никоҳ бастаааст.
Ин хабарро расонаҳои русӣ такя ба суханони Валерий Аҳадов, синамогари маъруфи тоҷик ва падарбузурги Ноза Абдулвосиева нашр карда буданд. Ноза Абдулвосиева донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи киноматографии давлатии Русия буда, дар бахши коргардони филмҳои мустанад таҳсили илм дорад.
Аҳадов илова намудааст, интихоби наберааш барои ӯ ғайриинтизор набуд, чун Ноза аз овони кӯдакӣ зеҳни ғайриоддӣ дошта, муошират бо одамони аз худ калонтарро авлотар медонист. Ин дар ҳолест, ки Александр Гардон моҳи ноябри соли 2013 аз зани сеюмаш - барандаи телевизион Нина Тригоринаи 19-сола ҷудо шуда буд. Омили ин ҷудошавӣ фарқияти калон дар синну сол арзёбӣ мешуд. Бо ин вуҷуд, ин дафъа низ Гардон ҳамсареро интихоб намудааст, ки аз худаш 30 сол ҷавонтар аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |