Бахшҳо

Пиразани 60-сола иддао дорад, президент қолинчаи ӯро ба Бан Ки Мун додааст

Як пиразани қолинбоф иддао дорад, Маҳмуди Аҳмадинажод -- раиси ҷумҳури пешини Эрон ба Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал, қолинчаеро туҳфа кардааст, ки ба ӯ тааллуқ дошта, муздаш ҳанӯз пардохт нашудааст.

Ба гуфтаи ӯ, қолинчаи мазкур соли 2001 бофта шуда, дар давраи ҳукуматдории Муҳаммад Хотамӣ – раиси ҷумҳури собиқи Эрон ба идораи саноат, маъдан ва тиҷорати шаҳри Исфаҳон пешниҳод шудааст. Соҳиби қолинча бо ироаи ин маҳсули дасташ ба мақомоти Исфаҳон идеяеро пешниҳод карда будааст, ки ӯ тавони истеҳсоли ин навъи қолинро дораду мақомот метавонанд, ҳангоми ҳадя кардани туҳфаҳои дӯстонаи раиси ҷумҳури Эрон ба шахсиятҳои сиёсии кишварҳои дигар аз онҳо истифода намоянд.

Аммо ин қолинбофи эронӣ бо гузашти вақти тӯлонӣ посухеро дар мавриди идеяи пешниҳод кардааш дарёфт намекунаду пайгириҳояш ҳам барои пайдо кардани қолинча бенатиҷа мемонанд. Соли 2012 Маҳмуд Аҳмадинажод қолинчаеро ба Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал, дар шаҳри Ню-Йорк туҳфа мекунаду хабару аксҳои он дар сархатти расонаҳои хабарӣ қарор мегирад, ки дар натиҷа ба пиразан низ барои пайдо кардани макони будубоши қолинчааш кумак мекунад.

Пиразан баъд аз дидани аксу хабари қолинчааш дар расонаҳо барои пайгирии ин моҷаро ба раёсати ҷумҳурии кишвараш нома менависад. Вале ин бор низ бо гузашти вақти тӯлонӣ посухеро дастрас намекунаду маҷбур мешавад, ба хонаи Аҳмадинажод равад. Пас аз суҳбату дидор бо ӯ, пиразани 60-солаи қолинбоф барои гирифтани як нома бо имзову муҳри раиси ҷумҳури Эрон ба ин маъно, ки ҳанӯз музди қолинчааш пардохт нашудааст, даст меёбад.

Аммо ин бор низ ба далели варшикастагии ниҳодҳои зирабт музди қолинча пардохт намешаваду барои пиразан дар умури истеҳсоли ин навъи қолин низ ҳеч гуна имтиёзе дода намешавад. Ин зани эронӣ мегӯяд, барои ӯ ҳанӯз равшан нест, ки чӣ гуна қолинчаи ӯ аз идораи саноат, маъдан ва тиҷорати шаҳри Исфаҳон то кохи раёсатҷумҳури Эрон ва аз он ҷо ба утоқи Бан Ки Мун расидааст.
Мӯҳр
Алӣ
меган исфаҳониҳо хасисан рост будаст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)