Бахшҳо
28 авг 2014 09:27Тоҷикистон / Сиёсат

Дидори Аслов бо Моширӣ ва баҳси ҳадафҳои Хазинаи кӯдакони СММ

Сироҷиддин Аслов – вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Лайлӣ Моширӣ - раҳбари Намояндагии хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар кишвар мулоқот кардааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти ВУХ-и кишвар, дидори Аслов бо Моширӣ рӯзи 27 август дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Манбаъ ҳадаф аз дидори ҷонибҳоро ба итмом расидани фаъолияти кории хонум Моширӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ кардааст.

Лайлӣ Моширӣ дар ин вохурии худ бо вазири умури хориҷии Тоҷикистон дастовардҳои намояндагии ин ниҳодро дар давоми фаъолияташ дар Тоҷикистон ёдовар шуда, ҳадафҳои он дар ояндаро шарҳ додааст. Сироҷиддин Аслов дар навбати худ аз фаъолияти хонум Моширӣ ва саҳми ӯ, мусоидати Хазинаи кӯдакони СММ ба ҳукумати Тоҷикистон дар таъмини ҳимоя ва кумак ба кӯдакон дар кишвар изҳори қаноатмандӣ кардааст.

Рӯзи гузашта хонуми Моширӣ ҳамчунин бо Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон мулоқот дошт.
Мӯҳр
Хама дастовардхое, ки ЮНИСЕФ дар Точикистон дорад, то Мошири буданд. Ин даврахое, буданд, ки Ёхан Фегершелд ва хамрохонаш (1993-1998с) бенихоят дар Точикистон ЗАХМАТ кашидаанд. Хама дигарон пахлавонони сари деги ош будаанд. Факт Офисошонаю мошинхошона зиёд карданду халос. Кайфу сафо карда гаштанд. Махсусан даврахои Юкио давраи кайфу сафои юисефчихо буд, ки бо бла-бла руз гузаронида мардуми точикистонро гул меандохтанд. Мошири мумкин мехост дигаргуни ворид созад, вале товони колаби ЮКИО-шикастанро надошт. Вазорати умури хоричиро лозим аст назоратро аз болои ин ниходхо каъитар гузаронад, чунки каттагихои ин ниходхои хоричи бо номи мардуми точикистон махсусан занхою кудакон буда ба коми хочахояшон мебошад, ки дар ин раванд ЮНИСЕФ- низ истисно нест!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)