Бахшҳо

Ҳукми издивоҷ бо духтароне, ки дар интернет "хиёнат" мекунанд

Торнамои Тураҷон.орг, веб-сайти хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо, дар посух ба суоли як корбари худ ҳукми издивоҷ бо духтароне, ки фотиҳа шуда, аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо мардони бегона суҳбат мекунанд, аз нигоҳи Ислом шарҳ додааст.

Яке аз хонандагони ин торнамо савол додааст, арӯсшавандаи ӯ ҳангоми набуданаш дар Ватан тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо бачаҳои бегона шинос шуда, ҳатто аксҳои худро низ ба онҳо фиристодаву бо телефон суҳбат кардааст ва аз ин рӯ мехоҳад, ҳукми издивоҷ карданаш бо ин духтарро аз нигоҳи Ислом бифаҳмад.

Ин торнамои исломии кишвар дар посух навиштааст, “издивоҷ кардан бо чунин духтарон ҷоиз нест.” Веб-сайти хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо дар шарҳи ин навиштаи худ, аз суханони Муҳаммад (с) иқтибос оварда, мегӯяд, “паёмбар (с) уммати худро амр кардаанд, то бо занҳои бо имон ва мутадайин (диндор) издивоҷ кунанд.”

Ба навиштаи Тураҷон. Орг, издивоҷ кардан дар Ислом бо духтароне, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва тавассути телефонҳои мобилӣ бо мардони бегона суҳбат мекунанд, дар ҳоле раво дониста мешавад, “ҳаргоҳ онҳо аз ин кардааш пушаймон шуда, тавба кунад ва аҳд диҳад, ки дигар ба ин кор даст намезанад.”
Мӯҳр
Justice
Эй Озодагони дуруггу, ки номи мулоохора сиёх мекуни. Саволи вай бачаа ин хел буд:
"Саволам ин аст ман зан шаванда дорам яъне дар фотихай. Ман хаст! Вакте ман россия омадам! Вай сайти одноклассники даромада бо чандин бачагон щинос шуда суратхояшро рой кардаст дар бачахо ва бо тарики телефон гап задаст бо бачахо! Ман нав даракдор шудам !акнун мехохам аз шумо далел ки гирам ин духтаро ё не?"
Гап дар бораи он меравад ки духтарак бо телефону интерент чи корхои бад мекардааст.

Кадом марди баномус, хатто мусалмонам набошад чунин духтаронро мегиранд?

Ситора
магар хама зану духтароне ки аз шабакахои ичтимой истифода мебаранд занҳои беимон ва бединанд???

Ситора,
савола хонед! Занхое ки бо чанд мард чак чак мекунан, ана хаваёна дар назар доранд! Гирифтани илм ё маълумот ё бо ёрии шабакахои ичтимои бо дустону бародарон ба фикрам боке хам надорад.

Рустам
Дар давраи Мухамад (с) кай иетернет буд, ки дар бораи духтарони интернетй казоват мекунад, ин Т-зода?

Darvesh
Man ba 1 chi hayronum?? Holi ham mardum ba hami Turajonzodaho bovar dorand??? Khasta naboshi Ozodagon. Chandin marotiba baze sukhanhoi akhloqira ba ozodi navishtum qaychi kardand!!

факир
Darvesh,
ранге ки дар точикистон нести то бубини турачонзодахо читавр мавриди эьтимоди миллат аст. Инаст сабаби хасудии шумо.

Махин
Интернет чои шаку шубха хам нест, зеро духтархои хонашин як калимаю иборахоро дао забон мегиранд, ки хатто нафари дар интернетшишта гуфта наметавонад... Чизи дигар ин аст, ки ба воситаи интер бесёр рафтори инсонхоро омухтан мумкин аст, аз ин ру на хама духтаронро дар корхои ифлосу гайри кобули вичдони инсони гунахкор кардан аз руи вичдон аст....

мувахид.
о фарзанди махмуди турачон худаш бичозат падару модар духтаракеро никох карда будааст

Zlf
Kani muhtaramho, shumo gued, ki hukmi pisarone, ki ba zanhoyashon yo nomzadonashon khienati interneti mekunand, chist? Albatta mulloho meguyand, ki ba mardho Hama chiz mumkin, onhoro hej chiz nagued, faqat gunohi zanhoro boyad justuju kunem, rost nest?

Ba Hamon bacha dar Odnoclasnik Hama kor kardana ijoza dodagist, vai bacha ku, ba vai mumkin, hej gunohe nadorad, mulloho, faqat gunohi zanu dukhtarora koftan darkor!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)