Гуфта мешавад, чанде пеш сохтмони дидбонгоҳи гумрукии Ҷиргатол, ки дар доираи лоиҳаи модернизатсияи гумрук ва рушди инфрасохтор, ки тибқи созишномаи қарзии миёни ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рущд амалӣ шуда истодааст ба анҷом расонида шуда, дар арафаи ҷашни 20-солагии истиқлолияти мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дидбонгоҳи гумрукии «Ҷиргатол» дар давоми солҳои 2010-2011 сохта шуда, он аз бинои маъмурӣ, гузаргоҳи махсус барои мошинҳои боркашу сабукрав иборат буда, дорои системаи таъмини гармӣ ва барқӣ, утоқҳои корӣ барои гузаронидани назорат ва барасмиятдарории гумрукии молу воситахои нақлиёт мебошад ва ба меъёрҳои умумиэътирофшудаи соҳаи фаъолияти гумрукӣ пурра ҷавобгӯ мебошад. Инчунин дидбонгоҳи мазкур пурра бо воситаҳои техникии муосир аз ҷумла таҷҳизоти махсуси назорати гумрукии «Рапискан» таъмин гардида, ба системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягона пайваст карда шудааст. «Мавриди истифода қарор додани иншооти мазкур ба соддагардонии расмиёти гумрукӣ густариши тиҷорати минтақавӣ, вусъатёбии иқтидори транзити кишварамон мусоидат менамояд»,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Май 2023 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | 31 |