Бахшҳо

ВИДЕО: Волидони Шаҳло тақозо доранд, домодашон муҷозот шавад

Олимҳоҷӣ Рустамхоҷаев ва Сайёра Рустамхоҷаева -- волидони Шаҳло Рустамхоҷаева, сокини ҷавони Душанбе, ки ахиран дар дохили кошонаи ҳусни “Фарида” худкушӣ кард, аз мақомот тақозо доранд, то шавҳари ӯро ба ҷавобгарӣ кашида, муҷозот намоянд. Онҳо мегӯянд, Икром Сатторов, шавҳари Шаҳло, духтарашонро бо латту кӯби зиёд ва бадгумонӣ ба ин ҳол расондааст.

Олимҳоҷӣ Рустамхоҷаев мегӯяд, домодаш аз оғози зиндагии муштарак духтарашро лату кӯб мекард. "Як маротиба се талоқ карда буд. Ба духтарам гуфта буд, ба Маскав биё ман туро ба як ҷураам медиҳам ҳалола мешавӣ, баъд худам боз мегирам, ман иҷозат надодам. Баъдан падараш як муллоро аз наздикии Ҳазрати Мавлоно пайдо карду ривоят дод, ки мешавад сеталоқаро гирад. Ба назди ҳамон мулло рафта гуфтам, ки ин чи хел ривоят будаст, мулло ҷавоб дод, як бори дигар талоқ диҳад баъд дигар намешавад".

Падари Шаҳло дар идома гуфт: "Баъдтар фаҳмидам, ки духтарам боз бо шаҳвараш гап мезадаст, омада гирифта бурданд. Се рӯз пеш аз маргаш ними шаб занг зада гуфт, биёед маро баред, ки шавҳарам маро мезанад. Вақте рафтем набераам дарро кӯшода гуфт, отам очама зада истодааст. Хонаи дигар даромадем, ки духтарамро латукӯб дорад. Шавҳараш ба мо мегӯяд, ки наздик нашавед ман дар хонаи худам чӣ коре хоҳам мекунам. Духтарамро гирифта овардем. Икром аз ин пеш зан ва фарзанд доштааст, мо намедонистем. Духтарамро хато карда ба ӯ додем. Вақте ҳамон рӯз гуфтам, ки духтарамро мебарам Икром гуфт, агар мурдаи духтарат аз инҷо набарояд, зиндааш намебарояд".


ВИДЕОИ НАҚЛИ ВОЛИДОНИ ШАҲЛО РАҲМАТХОҶАЕВА

Малика Таирова, раҳбари кошонаи ҳусни “Фарида” дар суҳбат ба "Озодагон" гуфт, ҳамон рӯзе, ки Шаҳло худро овехт, ба кор дер омад, зеро духтарам ба мактаб меравад ва аз паси ҳуҷҷатҳояш буд. "Шаҳло духтари хушмуомила буд, ягон касро гапи баланд намегуфт. Аммо аз хушдоман ва шаҳвараш шикоят мекард. Рӯзи ҳамон ҳодиса чанд маротиба занг задам, телефонашро набардошт, аз дарун дарро маҳкам карда худашро ба дор овехтааст",-афзуд ӯ.

ВИДЕОИ НАҚЛИ МАЛИКА ТАИРОВА

Ба қавли маъмурони пулиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ки худкушии Шаҳлоро таҳқиқ кардаанд, ин ҳодиса субҳи 20 августи соли ҷорӣ иттифоқ уфтодааст. Ба қавли онҳо, Шаҳло соҳиби ду фарзанди хурдсол буда, боз интизори ба дунё омадани тифли дигараш будааст.

Волидони Шаҳло дар сӯҳбат бо хабарнигори “Озодагон” аз бархӯрди номуносиби хушдомнаи ӯ низ шикоят карданд. Ба иддаои онҳо, хушдомани Шаҳло ба ҷои хомӯш кардани баҳси шавҳару зани ҷавон, баръакс, ба он равған мерехтааст. Сайёра Рустамхоҷаева , модари Шаҳло гуфт: "Дар панҷ соли зиндагӣ духтарамро рӯз надоданд. Шавҳараш фақат азоб медод, хушдоманаш ҳам. Духтарам ба ҳама мегӯфтаст, ки чӣ кор кунам дили хушдоманамро ёбам. Ба апааш гуфтаст, дигар тоқат надорам, худамро куштан мехоҳам. Пеш аз ин ҳодиса мактуб навиштаст, ки дадаҷон, аяҷон ман ба шумо фарзанди муносиб нашудам, гапи шуморо гуш накардам, боз рафта бо шавҳарам зиндагӣ кардам, маро бубахшед, барои ман зик нашавед. Навиштаст, ки шавҳарам ба ман фақат мегӯяд, ки духтарҳо аз ман не, аммо ба ман бовар кунед ман ба ғайр аз шавҳарам бо ягон кас муносибат надоштам".

Тақозои муҷозот шудани шавҳари Шаҳло Рустамхоҷаева аз сӯи волидони ҷавонзан дар ҳолест, ки ахиран додситонии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт алайҳи Икром Сатторов бар асоси моддаи 109-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз намудааст.


ВИДЕО: Волидони Шаҳло тақозо доранд, домодашон муҷозот шавад

ВИДЕО: Волидони Шаҳло тақозо доранд, домодашон муҷозот шавад
Мӯҳр
Хусни базебаки Шахлоро таги по карди бародар!!!

Дуокунанда
Падару модари мархум низ гунахгоранд, ки духтарро ба хонаи худ набурданд. Бояд аз ин шавхари нохалафи Худобехабар чудо мекарданд. Модоме, ки бо насихат шавхараш ислох нашуда буд ва хамеша озораш медод, чаро чудояшон накардед? Аз ин хели зиндаги бешавхар будану дар хонаи падар модар нишастан хубтар аст. Худованд бе ризк намемонд, худашу кудакоша медид. Мардуми точики мо як урфу одати бенихоят безебе доранд, ки агар духтар чудо шуда хона ояд як шармандаги медонанду беномуси. Дар психологияи келинхо низ шиштаги, ки мемураму хони падар гашта намерам ва азоби сахтро болои худ раво мебинанд ва окибат фикр мекунанд, ки агар худкуши кунам халос мешавам. О наход барои касофатон шуда одам худкуши кунад? Ин амал халоси неву баръакс азоби сахтро ба бор меоварад. Афсус бисери келинхо аз Ислом бехабаранд ва ба ин амалхои худкуши даст мезананд. Вакте мебини шавхар аз хад мегузаронад, ба сари кавраш мехези мери, фаркаш чи мардум чи мегуянд? Ое мардум пагах туро аз азоб халос мекунанд, ки ба хотири мардум жертва мешави? Як фикру акидахои бемаъни..... Худо чашми мардуми моро кушода кунад, ки дигар худкуширо нашунавему зик нашавем. Худованд ин хохари дуструяки моро, ки аз зиндагии дунеи пурасрор бенасиб гашт, рахмату магфират гардонад ва ин гунохи бузургашро бибахшад. ОМИН

Рустам
Як одами бузург як гапи хуб гуфтаст: Харгиз зани зебо нагиред, ки окибат дар оташи рашк ё худ ва ё арусатонро мекушед. Бо занхои зебо хамчун асари санъат муносибат кунед. Онхоро тамошо карда факат бахо додан мумкин аст. Такдири Шахлои ноком хамин гуна будааст.

Як чиро надида аз пеши худ хар чиз нагуен, духтар худ гунахгорай ки худша куштай, шавхари бад боша чудо мешуд, худро намекушт. Акнун бечора фарзандон бе модар монданд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)