Бахшҳо
29 авг 2014 12:11Тоҷикистон / Сиёсат

Тақдими ҷоиза ва унвонҳо барои 160 нафар аз сӯи Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати 23-юмин солгарди истиқлолияти кишвар ба 160 намояндаи табақаҳои гуногуни ҷомеа мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ тақдим кардааст.

Ба иттилои дафтари матбуотии раёсатҷумҳур, бархе шоирони маъруфи кишвар, аз ҷумла Низом Қосим, Аҳмадҷон Раҳматзод ва Назрулло Раҳматуллоев маъруф бо тахаллуси Назри Яздон, бо унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон сарфароз гардидаанд. Инчунин Эмомалӣ Раҳмон ба Ғайбулло Каримов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе, Ҷамила Кенҷақулова, раиси ҷамоати Мурғоби ноҳияи Мурғоб ва Аъзамшо Шарифӣ, сардори Раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи президент ордени Дӯстӣ тақдим кардааст.

Сабоҳатхон Қосимова ва Абдусалом Раҳимзода, ҳунарпешаҳои шинохта бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон қадрдонӣ гардида, ба Мунаввара Додохоева, Раҳимзода Маҳмад ва Умар Тоиров унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон дода шуд. Нурулло Баротов - ҳунарпешаи фалаксаро ва ҳунарпешаи маъруфи театри русии ба номи Маяковский - Фирӯза Раҳмонова ба унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон сазовор гардидаанд.

Ҷоизаҳои давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт ба доктори илмҳои филологӣ - Атахон Сайфуллоев ва шоири халқии Тоҷикистон - Мирзо Файзалӣ ва дар соҳаи меъморӣ ба доктори илмҳои меъморӣ - Рустам Муқимов тақдим гардидааст. Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз Таҳмина Саодатқадамова, Саидалӣ Гулов, Асадулло Шарифов, Латофат Сироҷева ва Ниёзмат Иброгимов ҳамчун олимону омӯзгорони хизматнишондода ном бурда, ба онҳо Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи маориф додааст. Ба бархе аз олимони ҷавони тоҷик, аз ҷумла Маҳмадалӣ Қурбонов, Фариза Қурбонова, Сироҷиддин Раҷабов, Дилшод Равшанов, Некрӯз Қудратов ва Қадамҷон Сафизода ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ тақдим шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар охир ба онҳое, ки соҳиби ҷоизаву мукофт гардиданд изҳори боварӣ намудааст, ки минбаъд низ ба Тоҷикистон содиқонаю софдилона хизмат хоҳанд кард. Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба масъулини сохторҳои низомии кишвар, аз ҷумла ба 7 нафар аз сохторҳои низомию амниятӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Додситонии кулл ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рутбаҳои олии низомӣ ва махсуси генералӣ додааст.
Мӯҳр
Ба даххо хазорон агар хона тухфа кунед,дигар фоида надорад.Халк дигар намехохад чунин хукуматро.Абр агар аз кибла хезад,сахт борон мешавад.Шох агар одил набошад,мулк вайрон мешавад.Чароги зулми золим то дами махшар намесузад,агар сузад шабе сузад,шаби дигар намесузад.Хуллас гуфтанием,ки -Як нукта бас аст, агар шуур аст.Варна чу чарог пеши кур аст.Озодагон зинда боши!мо бо Шумоем

сарвари давлати мо шахсияти окилу доност. Дар сиёсати давлатдори айни хол хамто надорад. Аммо аксарият чоиза гирифтагихо тагадоронанд кадрхои лаёкатманди чавонро Кумитаи чавонон, варзиш ва саёхи дилшикаставу хору залил мегардонанд. Аммо ин окибати на он кадар хуб дорад.

Унвон ба шахсони дар назди чомеа Х ва дар назди хукумат арзанда муборак бошад Коил ба Шумо инам хунар

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)