Бахшҳо

Тоҷикистон амири шаҳри Раққаҳ шудани тоҷикро маҳкум кард

Мақомоти Тоҷикистон хабари таъини як ҷангҷӯи тоҷик ба мақоми амири шаҳри Раққаҳи Сурия аз ҷониби созмони “Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом” (ДИИШ)–ро маҳкум мекунанд. Ахиран расонаҳои арабӣ хабар доданд, ки бо фармони Абубакр Бағдодӣ, раҳбари ДИИШ як шаҳрванди Тоҷикистон амири Раққаҳ таъин шудааст.

Анвар Ализода – раиси дастгоҳи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин ниҳод дар пайи муайян кардани шахсияти “амир”-и тозатаъйини ДИИШ дар шаҳри Раққаҳ аст, вале ҳанӯз маълумоте дар бораи ӯ пайдо накардааст, чун ба гуфтаи Ализода тамоми маълумот дар бораи ҳуввияти ин шаҳрванди Тоҷикистон пӯшида мебошад: “Вазорати умури дохилӣ иштироки шаҳрвандони худ дар ҷангҳои хориҷиро маҳкум менамояд. Аз ин рӯ, ҳар вақте, ки як сокини кишвар аз Сурия ба Ватан бармегардад, ӯ тавассути шабакаҳои телевизионии давлатӣ намоиш дода мешавад, барномаҳои вижа таҳия мешаванд, то мардум огоҳ шаванду фирефта нагарданд.”

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи таҳлилгарон ин иқдоми Абубакр Бағдодӣ ба ҷалб ва ҳавасмандсозии ҷангҷӯёни бештар аз Тоҷикистон равона шудааст, ки феълан теъдодашон расман ҳудуди 200 нафар арзёбӣ мешавад.

Созмони ДИИШ, ки ҳоло ҷангҷӯёни он дар Сурия ва Ироқ бархе манотиқро таҳти тасарруфи худ қарор додаанд, зери ақидаи Салафияи ҷиҳодӣ фаъолият карда, ҳадафи аъзои он гӯи ташкили Хилофати исломӣ дар ин минтақа ва татбиқи шариати дини Ислом аст. Он беш аз 15 ҳазор ҷанговар дошта, раҳбараш Абӯбакр Бағдодӣ мебошад. Бағдодӣ дар пайи ҳамлаҳои зиёди мусаллаҳонаи ҷангҷӯёнаш, ки мунҷар ба забти қаламравҳои бузурги минтақаҳои суннишини Ироқу Сурия то кунун гардид, рӯзи аввали моҳи Рамазон аз таъсиси “Хилофати исломӣ” хабар дода, худро халифаи мусулмонон эълон кард. Дар пайи ишғол шудани шаҳри Раққаҳ аз сӯи ҷангҷӯёни ДИИШ ҳафтаи гузашта як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳайси амири ин созмон дар ин минтақаи сурия таъйин шуд. Ин шаҳрванди Тоҷикистон ба ин мақом бо дастури Абубакр Бағдодӣ – раҳбари ДИИШ, ки ахиран худро халифаи мусулмонони ҷаҳон эълон карда буд, таъин шудааст. Расонаҳои арабзабон далели баргузида шудани як тоҷик ба ҳайси амири шаҳри ар-Раққаҳро дар фаъол будани ӯ ҳангоми ғасб шудани ин минтақаи Сурия аз сӯи ҷангҷӯёни ДИИШ арзёбӣ кардаанд. Аммо дар бораи ному насаби ин шаҳрванди Тоҷикистон расонаҳо чизе нагуфтаанд.
Мӯҳр
333
Оббохе! Амири Бухоро...

ин самозванец агар имони кави медошт ба сектаи салафихои эгоист дохил намешуд. хеле хандаовар.

Ин миллат фарзанде ба олам наовард, ки мисли Алишер Усманов дар давлате бегона сохиби моликият ва миллиардхо бошад, танхо бо номи террорисит ва одамкуш моро мешиносанду халос То чи андоза аламовар аст

хушбин , рост ин боиси таассуф аст ки моро хамчун террористу чурка мешиносанд. сад афсус.

Номвар
Ба вазифаи рохбарии як шахр тайин намудани як точики чангчуй, бозии бузурги сиёсиест, ки он метавонад, миллатхои дигари мусалмонро ба чанг кашад. Набояд аз ин хабар хушхол шуд, чун ки хеч як давлати бегона ба манфиати каси дигар кор намекунад...

сино
Хушбин,
Хушбин,
Агар миллат сардори хуб медошт точик аз ватанаш ба чое барои чанг намерафт барои истирохат мерафту барои чанг на.Аз куза оне мерезад ки дар уст.

AB
IN DOISH NA SALAFI HASTU NA HANAFI NA YAK CHIZI DIGAR BALKI GULOMI AVRUPO VABAROI NOMI MUSALMONHORO BADKARDAN AST AGAR BOVAR NAKUNED NASABI ABUBAKRI BAGDODIRO XONED VA BOKI SARUKOR DOSHTANASHRO FAHMED

333,

Раҷабӣ
Номи Раққа дар охираш "ТО"-и марбута дорад.
Ва дар бисёре аз номи шаҳру мамлакатҳо ҳаст.
Мисли Қоҳира ва Сурия ва ғайраҳо.
Барои ҳамин ҳам "Ҳ"-ро ҳазф кунед.
Саломат бошед!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Феврал 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)