Бахшҳо
04 сен 2014 09:13Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Шарҳи ихроҷи “Ҳоҷӣ Карим” аз Тоҷикистон, дасти амният ва баҳси курсӣ

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ сабаби ихроҷи Абдукелим Шадике, раиси бозори “Сомон”-и Чкаловро аз Тоҷикистон, ки миёни сокинони маҳаллӣ ҳамчун “Ҳоҷӣ Карим” маъруф аст, шарҳ дод.

Тавре аз ин ниҳод иттилоъ доданд, Шадике, шаҳрванди Чин дар шаҳри Чкалов дар қайд буда, аммо беасос ва огоҳ кардани мақомоти дахлдор аз санаи 29-уми июни соли равон дар кӯчаи Пушкини шаҳри Душанбе истиқомат мекардааст.

Тавре аз иттилоияи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бармеояд, баъди чор рӯзи омадани Шадике ба Душанбе кормандони Кумитаи амнияти миллӣ, рӯзи 3-юми июл нисбаташ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро тартиб додаанд.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ мегӯяд, ин шаҳрванди Чин дар мурофиаи додгоҳӣ худашро гунаҳгор нашуморида нишон дод, ки ў раводиди Тоҷикистонро дошта, ҷои зисташ дар шаҳри Чкалов будааст: “Ӯ изҳор дошт, ки ба Душанбе барои кори шахсияш ва ба Сафорат омада будааст. Аз суд хоҳиш намуд, ки нисбати ў ҷазо таъин карда нашавад.”

Аммо додгоҳ гарчанде дар қарораш зикр кардааст, ки ин ҳолат бори аввал содир шудааст, Абдукелиму Шадикеро дар нақзи моддаи 499-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, қарор кардааст, ӯ дар ҳаҷми панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ва аз Тоҷикистон берун карда шавад.

Ин дар ҳолест, ки Шадике роҳбарии бозори Сомон, аз калонтарин бозорҳои шимоли Тоҷикистонро ба уҳда дошт ва баъди ихроҷаш аз Тоҷикистон барои ин бозор кашмакаш оғоз шуд. Абдуҷамол Тоҷибоев худро раиси бозори «Сомон” муаррифӣ карда, мегӯяд, баъди ихроҷи Шадике афроди номаълум омада, бозорро соҳиб шудаанд ва ӯ дар ин бора ба мақомот шикоят кардааст. Аммо афроде, ки феълан идораи бозори Сомонро дар ихтиёр доранд, иддаои Тоҷибоевро беасос мехонанд.

Қаблан Абдулажан Абдулайтӣ, шаҳрванди дигари Чин, аз аз муссисони бозор арзёбӣ мешаваду Шадике намояндаи ӯ буд, дар таҷовуз ба номуси духтари 12-сола дар Душанбе муттаҳам шуда, боздошт гардида буд. Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ҳодисаи таҷавуз ба номуси ин духтари ноболиғ дар пайи мувофиқаи модари духтар ва Абдулайтӣ сурат гирифтааст, ки аз ин тоҷири чинӣ қардор будааст.

Мӯҳр
Судя
Мақсадашон кашида гирифтани бозор аст ин қадар чиниҳо бе қайд дар точикистон зиндаги доранду чаро маҳз раиси бозори мазкур ба чавобгари кашида шуд?

ба судя.Мебахшед,бояд ин хел одамора ранги худашон хукми катл додан даркор то ба дигаро дарс шавад.Чи хеле,ки моро гузашт намекунанд дар ватани онхо.Вай садкаи номи хочи шавад.Дар чои ун духтар маъсум агар хохари ман ё ту мебуд чи мекарди?Номуси точикита аз даст надех чурачон.

Судя
Муҳтарам ачам шумо аз асли воқеъа бехабаред ин мутлақ туҳмат аст, барои гирифтани бозораш ба тачовуз муттаҳам карда истодаанд!

Судя,cудя дуруг нагу барои бозор нест ин бозор аз милати точик аст кадом порахуре ба у ичозати бозор кушодана доду у сохиби молу давлат шуд хол он ки ин уйгуро дар ватани худшон на ин ки бозор хато туалет наметонан кушода мамлакати моро ефтан осонак хама кора кардан рафта дар бозори корвон бинед хама налоговико кришаи уноанд то хато овир ягон кас пашашона киш гуфта наметона озодагон метонед чоп кунетон ин кадар мехнат карда навиштам хакикатро

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)